Қонуни тиб

Ашкрезӣ
Шиёфи фирӯзманд, ки онро Суриёс тартиб дода аст, инчунин шиёфи антусомун, ки баъд ёд хоҳем кард ва шиёфе, ки Масеҳ аз барои сафедӣ ёд карда, онро аз тӯтиё сохтааст, [ҳама] аз барои ашкрезӣ судманданд.
Ситабрӣ ва дуруштии пилкҳо
Аз барои ин сурмае суд дорад, ки бо номи «юсондарус»293 маъруф аст ва онро андар боби гар ёд хоҳем кард. Низ доруи ёдшудаи Арастротус ва шиёфи тӯтиёие, ки Масеҳ аз барои сафедӣ ёд кардааст, суд доранд.
Шиёфи қибтии мисрӣ
Ин аз барои сахтиҳо ва сафедии [чашм] суд дорад ва худи ҳамон замон қишри сахтро бихезонад.
Таркиби он: аз зангор ва уша шаш мисқолӣ, аз намаксанг се мисқол, аз дилаи ҳанзал се ва ду сеяк мисқол, аз заҳараи гов ду мисқол, аз бураи сиёҳ якуним мисқол, аз мурчи сафед чиҳил дона ва аз ангубини беҳтарин як қавосус бигиранд, ки маҷмӯи инҳо ҳафт294 уқия бошад.
Онҳоро ба ҳам биомезанд ва андар ҷогаҳе бардоранд.
Як шиёфе, ки онро «арастусомун»295 номанд
Ин аз барои ҷамъшавии деррави моддаҳо, аз гаронии пилкҳо ва дуруштии онҳо, аз об шудан, коста шудан ва хӯра шудани он чи ки андар чашм аст, аз рутубати бисёре, ки андар чашм падид ояд ва аз дамида баромадани пардаҳо суд дорад ва осори [решҳо] ва сахтиҳоро бибарад.
Таркиби он: аз санги сурма чаҳор мисқол, аз миси сӯхта ва сафедаи арзизӣ ду мисқолӣ, аз заъфарон, мурр, пӯсти кундур, зангор ва наски сабз як мисқолӣ, аз мурчи сафед ним мисқол ва аз самғи арабӣ ду мисқол гирифта бикӯбанд, бибезанд, бо шароб сиришта кунанд ва сипас бо об гудохта, ба кор баранд.
Шиёфи зард, ки онро «фонхаритус»296 номанд
Ин шиёфи фирӯзманд буда, аз гар, хӯра шудани ҳар ду гӯшаи чашм, (422) хориши сахт ва гаронии пилкҳо суд дорад.
Таркиби он: аз иқлимиё ҳашт мисқол ва аз қалқатори сафед чиҳил мисқол гирифта, бо оби борон маъҷун кунанд, ҳаббҳо созанд ва андар соя бихушконанд.
Гар ва хориши чашм
Шиёфи ҳиндӣ аз хориши [чашм] суд дорад.
Сурмаи бехато
Инро пизишки чашм Қаритун тартиб додааст ва аз хориш ва ситабрии пилкҳо суд дорад.
Таркиби он: аз иқлимиёи [49] қубрусӣ бисту чаҳор мисқол ва аз шодана шаш мисқол, вале ба ҳасби як нусхаи дигар шонздаҳ мисқол [гирифта], то мисли пист гардидан онҳоро бикӯбанд, бо ангубин маъҷун созанд,
бисӯзанд, бар вай шароб рехта, хомӯш кунанд ва бихушконанд. Сипас онро совида, андар чашм бикашанд.
Сурмаи Афоқитун297
Ин аз барои хориш, рутубати чашм, хӯраи ҳар ду гӯшаи он ва аз барои гари бисёр қавие, ки андар пилкҳо падид ояд, суд дорад.
Таркиби он: иқлимиёро ба қитъаҳои хурд-хурд шикаста, бо ангубин маъҷун созанд, андар кӯзаи сафолин гирифта, даҳони онро бибанданд, гилкорӣ кунанд, андар миёни сарпӯши он сӯрохе бикунанд, то аз барои дуди аз сабаби сӯзиш падидоянда роҳи баромаде бошад. Сипас ин кӯзаро андар миёнҷои ангишти фурӯзон рост бимонанд. Ҳар гоҳ иқлимиё ба сӯхтан дарояд, ба дуди аз он бароянда нигоҳ кун. Чун онро бибинӣ, ки ба сиёҳӣ ҳамегарояд, бигузор дору сӯхтан бигирад. Ҳар гоҳ дидӣ, ки дуд сафед шуда истодааст, бидон, ки сӯзиши дору ба ғоят расидааст. Он гоҳ кӯзаро аз оташ фурӯд овар, иқлимиёро берун бигир ва ба қадре ба он шароб бирез, ки сард бигардад. Сипас онро андар ҳован афканда бисов, бихушкон ва то ҳангоме нигоҳ дор, ки онро бо сурмае, ки омехтанаш бо ин лозим аст, омехтан бихоҳӣ.
Нусхаи он сурма чунин аст: аз ин иқлимиё ҳашт мисқол, аз миси сӯхта ҳашт мисқол ва аз санги сурма ҳашт мисқол гирифта, ҳамаро бисованд ва гирифта нигоҳ доранд. Аз ин [омехта] саҳару бегоҳ бар пилкҳо бимоланд.
Шиёфи Абулуниюс298
Ин [шиёф] аз гар, рехтани мижгон ва иллатҳои куҳан суд дорад.
Таркиби он: аз шоданаи сӯхтаи шуста сиву ду мисқол, аз миси сӯхтаи шуста шонздаҳ мисқол, аз санги сиҷистуси сӯхтаю шуста сиву ду мисқол, аз зангори совида шонздаҳ мисқол, аз афюн се мисқол (ба ҳасби нусхаи дигар шаш мисқол), аз иқлимиё чаҳор мисқол, аз қалқатори сӯхта чаҳор мисқол ва аз самғ шонздаҳ мисқол гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо оби борон маъҷун созанд.
Об ва мӯи андар чашм [падидомада]
Доруе, ки Фосиюс299 тартиб додааст, аз барои оби андар чашм фурудоянда бувад.
Таркиби он: заҳраи говро гирифта, андар ҷогаҳи мисин тиҳӣ кунанд ва даҳ рӯз бигузоранд. Сипас, аз мурр дувоздаҳ мисқол, аз заъфарон, равғани баласон ва говшир ду мисқолӣ, аз мурч дувоздаҳ дона ва аз ангубини навъи олӣ ду чанди заҳра гирифта, ҳамаро биомезанд ва андар ҷогаҳи мисин биҷӯшонанд. Баъд, онро андар қуттичаи мисин рехта, нигоҳ доранд.
Доруе, ки онро Булусиюс тартиб додааст
[Таркиби он]: кафки дарёро гирифта, бар сафолпорае бисӯзонанд, хокистари онро совида, бо хуни канаҳои бузург бисириштанд ва андар ҷогаҳи аз шох сохта бигиранд. Ҳар гоҳ мӯйро бирезонӣ, аз ин дору бар маҳалли он тило кун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор