Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андудание, ки Филуксонис тартиб додааст

Ин аз моддаи бисёр ва дарди сахт суд дорад.
Таркиби он: аз гули тар ду мисқол, аз тухми банг ҳашт мисқол, аз кундур шаш мисқол, аз мурр чаҳор мисқол, аз писти ҷав ҳаждаҳ мисқол, зардии як хояи бирёни мурғ, аз афшураи ябруҳ чаҳор мисқол, аз заъфарон ду мисқол ва аз афюн чаҳор мисқол гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо миқдори кофие аз шароби қабзкунанда сиришта, қурсҳо созанд ва ба кор баранд.
Як шиёфе, ки «ҳиндӣ» ва «шоҳӣ»лақаб дорад

Ин аз барои марҳалаи оғози фуруд омадани об ва аз ҳар гуна пардаи тари (423) андар чашм падидоянда суд дорад ва осори решҳои андар чашм бударо биравонад.
Таркиби он: аз иқлимиёи сӯхтаи шуста шонздаҳ уқия, аз мидоди ҳиндӣ шаш уқия, аз сафедаи арзиз чаҳор уқия, аз мурчи сафед шаш уқия, як заҳраи кафтор, ҳафт заҳраи сафор,300 ки ин ба тасдиқи мардумон шаббут бувад, чаҳор заҳраи кабк, аз шири хашхош як уқия, аз равғани баласон ду уқия, аз говшир ва сакбина ду уқиягӣ ва аз самғ дувоздаҳ уқия гирифта, бо афшураи розиёна ва ё бо афшураи растание, ки онро «ироқлиюс»301 (ҳиндабо) номанд, маъҷун бисозанд.
Як сурмаи [дигар]

Ин аз барои торикии чашм ва оғози падид омадани об андар он суд дорад.
[Таркиби он]: аз заҳраи хирс чаҳор дирам, аз говшир ва мурч се дирамӣ, аз равғани зайтуни куҳан, равғани баласон ва афшураи розиёнаи тар ду дирамӣ, аз иқлимиё як дирам ва аз ангубин як уқия гирифта, бикӯб, биомез ва андар қорураи покиза гирифта, ҳафт рӯз андар офтоб бинеҳ. Сипас, бо сари мил саҳару бегоҳ аз он бар чашм бикаш.
Як доруи [дигар]

Ин аз барои [торикии чашм],302 парда, касе, ки аз дур бибинад, вале аз наздик не ва аз барои ҷамъ шудани об андар чашм суд дорад.
Таркиби он: аз заҳраи зоғи сиёҳ, заҳраи кабк, заҳраи куланг, заҳраи кафтор ва заҳраи буз ду дирамӣ, аз ангубини равшанкарда се дирам ва аз равғани баласон якуним дирам [гирифта], ҳамаро бисов, биомез ва сипас саҳару бегоҳ аз он бар чашм бикаш.
Бекор шудани биноӣ

Шиёфи зард ва шиёфи тӯтиёие, ки Масеҳ андар боби сафедии [чашм] ёд кардааст, аз барои заъфи беандозаи биноӣ суд доранд.
Шиёфе, ки Фулус ба кор мебурдааст

[Таркиби он]: аз ақоқиё, гули хушк ва шоҳафсар чиҳилу ҳашт мисқолӣ, аз хокистари қолибҳои мисрезӣ би

сту чаҳор мисқол, аз луффоҳ дувоздаҳ мисқол, аз тухми банг ҳаждаҳ мисқол, аз афюн шаш мисқол, аз самғ чиҳил мисқол, аз шароб нуҳ уқия ва аз оби борон нуҳ уқия гирифта, обро бо шароб биомезанд, гул, шоҳафсар, банг, луффоҳ ва[ё] пӯсти ябруҳро бар вай афканда, се ва ё панҷ рӯз бигузоранд, то тар шаванд. Сипас онро фишурда, обашро бигиранд, доруҳоро бо он сиришта, аз он шиёфҳо созанд ва ба кор баранд.
Доруи босалиқун,303 яъне шоҳӣ

Ин зудояндаи чашм аст ва ба ҳоли дурустии чашм ҳар рӯз ва ё ду рӯз як бор аз он ба чашм бикашанд, биноиро зудоиш диҳад ва биниши дурустро ба ҳоли дурустӣ нигоҳ дорад.
Таркиби он: аз иқлимиё ва кафки дарё даҳ дирамӣ, аз рӯсӯхта панҷ дирам, аз сафеда ва намаки андаронӣ се дирамӣ, аз навшодир ва дорфилфил ду дирамӣ, аз мехак ва ушна як дирамӣ, аз мурч чаҳор дирам ва аз кофур ним дирам гирифта, бикӯбанд, бисованд ва ба чашм бикашанд.
Босалиқуни дигар

Ин аз ҳамаи он чи, ки ёд шуд, суд дорад.304 [Таркиби он]: аз иқлимиё ҳафт дирам, аз шодана ва дорфилфил ду дирамӣ, аз навшодир ду дирам, аз рӯсӯхта, мурч, сафеда ва намаки даронӣ чаҳор305 дирамӣ, аз кафки дарё чаҳор дирам ва аз намаки ҳиндӣ, мехак, ҳил, ушна ва сунбул як дирамӣ гирифта, бикӯбанд, бисованд ва аз он ба чашм бикашанд.
Як доруи [дигар]

Ин биноиро қавӣ кунад, онро ба ҳоли дурустӣ нигоҳ дорад ва бисёр ашк рехтан аз чашмро нест кунад.
Таркиби он: миқдоре аз санги сурмаро гирифта, андар оби борон ва ё андар обе, ки (424) аз танаи хум битаровад, бисту як рӯз тар кунанд. Сипас аз он дувоздаҳ дирам, аз санги рӯшноӣ ҳашт дирам, аз тӯтиё ва иқлимиё дувоздаҳ дирамӣ, аз марвориди хурди ношикофта ду дирам, аз мушк ду донг, аз кофур як донг ва аз заъфарону сода як дирамӣ гирифта, ҳар кадомро ҷудо-ҷудо бо об бикӯбанд. Сипас санги сурма, санги рӯшноӣ, [иқлимиё],306 тӯтиё ва марворидро якҷоя карда, ҳар рӯз якчанд бор бо об то хушкидани он бисованд. Баъд, сода ва заъфаронро гирифта, якҷоя андар ҳован андозанд, нек бисованд, сипас мушк ва кофурро ҳамроҳи онҳо бисованд ва баъд онҳоро андар обгинае бибардоранд. Аз ин ба ҳоли дурустии чашм саҳару бегоҳ бикашанд ва он биноии камқувватро қавӣ сохта, онро нигоҳ дорад.
як доруи сардкунандаи чашм

Ин сӯзишнок, зудоянда ва қависозанда аст.
[Таркиби он]: аз шоданаи шуста ва миси сӯхта панҷ дирамӣ, аз сабри сақутарӣ ва бураи арманӣ як дирамӣ ва аз зангор, мурчи сафед, дорфилфил, дилаи ҳанзал, заъфарон ва нонхоҳ ним дирамӣ гирифта, бикӯбанд, бисованд ва ба кор баранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ