Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Мақолаи севвум
АНДАР БАЁНИ ГӮШ

Дард, омос, [50] рим ва гаронии гӯш

Доруи Ирасистаротуси307 андар боби чашм ёдшуда аз барои гӯше суд дорад, ки аз он чирк ояд.
Як доруи [дигар]

Ин аз ҳамаи дардҳои гӯш ва ҳамаи решҳои андар он падидоянда судбахш аст.
Таркиби он: аз мурр як мисқол, аз кундур се мисқол, аз натрун се мисқол, аз заъфарон чаҳор мисқол, аз афшураи хашхош ду мисқол, аз борзад ду мисқол ва аз бодоми муқашшар бист дона гирифта, ҳамаи инҳоро бисованд ва бо сирко сиришта, қурсҳо созанд. Ҳар гоҳ бад-он эҳтиёҷ афтида, агар андар гӯш дарди сахт бошад, онро бо равғани гул гудохта, андар гӯш бичаконанд, вале агар андар гӯш гаронӣ бошад, бо сирко гудохта, бичаконанд.
Сифати як доруе, ки онро Ғолинус308 тавсиф кардааст

[Таркиби он]: аз мурр чаҳор мисқол, аз сабр чаҳор мисқол, аз кундур се мисқол (ба ҳасби нусхае дигар як мисқол), аз заъфарон се мисқол, аз натрун се мисқол, аз афшураи хашхош се мисқол, аз бодоми талх сиҳ дона, аз борзад ду мисқол ва аз сирко ба қадре [бигиранд], ки бо он доруҳоро то ба дараҷаи ситабрии ангубин сириштан битавон.
Як доруи гӯш, ки аз доруҳои Ғолинус309 аст

Ин аз омосҳо ва аз дардҳои сахти безоркунанда суд дорад.
Таркиби он: аз қинна, яъне борзад, ду мисқол, аз дорчинӣ ду мисқол, аз мурр ҳашт мисқол, аз заъфарон ҳашт мисқол, аз натрун се мисқол, аз кундур чаҳор мисқол ва аз сирко ба қадре [бигиранд], ки барои то ба дараҷаи ситабрии ангубин [сириштани доруҳо] кифоят кунад.
Доруи дигар

Ин аз барои омосҳои гӯш, хуноба ва риме, ки аз он ояд ва аз барои дардҳои куҳани гӯш судманд аст.
Таркиби он: аз дилаи боқилии мисрӣ, ки таъми он талх аст, замчи яманӣ, мурчи сафед, натрун, заъфарон, афюн, пӯстҳои анор, мурр, кундур ва сунбул ду мисқолӣ, аз гунди бедастар як мисқол ва аз сиркову ангубин ба андозае бигиранд, ки бо он доруҳоро сириштан битавон. Бархеҳо андар он аз ангубин шаш мисқол биафкананд.
Як доруи дигар аз доруҳои Барутолис310

[Таркиби он]: аз заъфарон, мурр ва сунбул ним мисқолӣ, аз миси сӯхта ним ва сеяк мисқол, аз афюн ним
мисқол, аз гунди бедастар сеяк мисқол, (425) аз замчи

яманӣ як мисқол ва аз замчи гирд як мисқол [бигиранд].
Агар андар гӯш зардоб бошад, онро бо ин дору ва якҷоя бо ҷӯшонидаи мусаллас ва агар андар гӯш дарди сахт бошад, якҷоя бо равғани гул муолаҷа бикун. Агар андар он кирм падид омада бошад, бо ин дору ду мисқол харбақи сиёҳ биомез.
Доруи гӯше, ки аз он чирк ояд

[Таркиби он]: аз кулоҳакҳои анор, пӯстҳои анор, зарованд, қалқатор, зоги қубрусӣ, мозу ва туполи мис як мисқолӣ ва аз мурр, кундур, қалқанди бирён ва замчи яманӣ ним мисқолӣ [гирифта], бо сирко бисованд, қурсҳо созанд ва ба кор баранд.
Доруи Антифотурус311

Ин аз барои дарди мушкили шадид судманд аст.
Таркиби он: аз заъфарон ду уқия (бархеҳо як уқия афкананд), аз мурр ва навшодир як уқиягӣ, аз замчи яманӣ ва уша ним уқиягӣ ва аз туфолаи равғани савсан ва ё туфолаи равғани зайтуни бӯстонӣ ду уқия [гирифта], бо он миқдор аз шароби ангубинзада ва ё аз шароби ширине бисованд, ки бо ин миқдор [доруро] ба дараҷаи ситабрии ангубин расонидан битавон. Баъд, онро ба кор бибаранд.
Як доруи дигар

Ин аз барои гаронии гӯш ва садо додану бонг задани он судманд аст.
Таркиби он: аз харбақи сафед як мисқол, аз гунди бедастар ним мисқол ва аз натрун чаҳоряк мисқол гирифта, бо сирко биомезанд ва ба кор баранд. Бигзор каси онро ба кор баранда аз он дилпур бошад, зеро ин дору фирӯзманд бувад.
Як доруи дигар, ки онро «ҷалаҳрунӣ»
хонанд

Ин аз иллатҳои куҳани гӯш судбахш аст.
Таркиби он: аз харбақи сафед, мурр, кундур, заъфарон, гунди бедастар ва афюн чаҳор мисқолӣ, аз қалқанд шаш мисқол ва аз мурч ду мисқол [гирифта], мурр, афюн, гунди бедастар ва кундурро бо сиркое тар кунанд, ки андар он пӯсти анорро то нек пухтани он ҷӯшонида бошанд. Сипас, бар вай харбақ, заъфарон, мурч ва қалқандро совида, биафкананд ва ҳамаро нарм бисованд.
Чун ҳамаи онҳо якҷоя шуданд, аз шароби ангубинзада бар вай чандоне бирезанд, ки ситабрияш ба дараҷаи ангубини тунук бирасад. Ҳар гоҳ бад-он эҳтиёҷ биафтад, бояд онро нимгарм карда, андар гӯш бичаконанд. Ин доруи шигифтовар аст.
Сифати як доруи дигар

Ин аз ҳамаи дардҳои гӯш ва аз ҳамаи решҳое, ки ан дар он падид ҳамеоянд, суд дорад.

пешина
аз 1215
навбатӣ