Қонуни тиб

Таркиби он: аз мурр як мисқол, аз кундур се мисқол (бархеҳо аз ин ҳафт мисқол биафкананд), аз натрун се мисқол, аз заъфарон чаҳор мисқол (бархеҳо як мисқол бигиранд), аз афшураи хашхош ду мисқол, аз борзад ду мисқол ва аз бодоми муқашшар бист дона гирифта, ҳамаи инҳоро бисованд ва бо сирко сиришта, қурсҳо созанд. Ҳар гоҳ бад-он эҳтиёҷ афтида, агар гӯш сахт дард кунад, онро бо равғани гул гудохта, андар гӯш бичаконанд, вале агар гӯшро гаронӣ бошад, онро бо сирко гудохта, андар гӯш бичаконанд. Ин ба таври намоён суд бахшад.
Андар сифати доруи рими оҳан
Ин дору қавист.
Таркиби он: рими оҳанро гирифта, реза кунанд, бо сирко бишӯянд ва бар табақ паҳн карда, бихушконанд.
Сипас онро бори дуввум ва севвум афканда, то ҳафт бор
чунин кунанд. Баъд, онро бо сиркои тез чандоне сахт биҷӯшонанд, ки мисли ангубин бигардад, он гоҳ ҳангоми ҳоҷат андар гӯш бичаконанд.
Як дору аз барои решҳои бинӣ, ки онро «сақрамусус» номанд
Ин доруест, ки ҳар гуна фузунии андар тан рӯяндаро биканад.
Таркиби он: аз зоги сӯхта, қалқатори сӯхта, қалқанди сӯхта, зоги сурх ва туполи мис бахшҳои баробар гирифта, бисованд ва ба шакли хушк ба кор баранд. Пеш аз муолаҷа кардан бо ин дору фузуниро бо сир молиш диҳанд ва сипас рӯзи дигар баъд аз таом хӯрдани худованди иллат, ба муолаҷа пардозанд. Ҳар гоҳ бо он носури биниро муолаҷа кардан бихоҳӣ, пеш аз муолаҷа биниро аз дарун мумиё, ё зифти тар ва ё чарби мурр биолой.
Мақолаи чаҳорум
АНДАР БАЁНИ ҲОЛАТҲОИ ДАНДОНҲО ВА ОН ЧИ КИ БАДОНҲО АЛОҚАМАНД АСТ
Дардҳои дандонҳо. Андар сифати доруе ,
ки дардро таскин бидиҳад
Ин дору аз барои дардҳои сахти шадид ва аз барои хӯрда шудани дандонҳо созгор аст ва аз сурфа низ суд бахшад.
Таркиби он: аз афюн ду мисқол, як чанди он мурр, ҳамин қадар ангубин, як мисқол мурчи сафед ва ҳамин қадар борзад гирифта, бо миқдори кофие аз бастаи оби ангур маъҷун созанд, ҳамаро якҷоя бикӯбанд, аз онҳо шиёфҳо сохта, бар дандонҳо тило кунанд ва миқдоре аз онро бар маҳалли кирмхӯрда биниҳанд.
Андар сифати доруе, ки Андрумохус тавсиф кардааст
Ин аз ҳамаи дарди дандонҳо, аз ҳамаи иллатҳои андар онҳо падидоянда ва аз кундии онҳо судманд аст.
Таркиби он: аз мурч, оқирқарҳо, шири исфидакшир ва борзад як бахшӣ гирифта, бисованд, бо майъа сиришта, бар маҳалли кирмхӯрда биниҳанд.
шода, курсиеро бинигар, ки онро доғ ниҳодан бихоҳӣ ва агар андар он ягон чизе бошад, покаш кун. Баъд, найчаи оҳанӣ, ё биринҷӣ ва ё симинро бар курсӣ бинеҳ, яке аз ҷуволдӯзҳоро гирифта, андар он равғани зайтун бизан ва сипас андар найча дароварда, бар курсӣ бинеҳ.
Ҳар гоҳ он ҷуволдӯз сард шавад, дигарашро бигир ва ҳамин тариқ шаш бор чунин кор кун. Ин дардро таскин дода, оби курсиро бикашад.
Ранги дандонҳо
Як доруи дандонест, ки бо он дандонҳоро молиш бидиҳанд ва Димуқротис онро андар китоби худ тавсиф кардааст.
Таркиби он: аз шохи гавазне, ки онро чаҳор бор сӯхта бошанд, шонздаҳ уқия, аз намак ду уқия, аз ушаи хушке, ки талхмаза набошад ва ба шакли пораҳои бузург бувад, як ратл, аз мастако сеяк ратл, аз қуст сеяк ратл ва ё андаке бештар, аз гӯргиёи сафед як чанди он, аз мурчи сафед як уқия ва аз сода ду уқия гирифта, ҳамаро бикӯбанд, бибезанд ва ҳамчун хокаи дандон ба кор баранд.
Як доруи дигар
Ин аз дил задани дандонҳо судманд аст.
Таркиби он: аз дилаи ҳанзал як бахш ва аз сабр як бахш гирифта, андар деги сангӣ ва ё кафлези оҳанин бо равғани зайтун ва сиркои хамрӣ сахт биҷӯшонанд. Сипас онро фуруд оварда, андар гӯше чакра-чакра бичаконанд, ки аз бари дандони курсии дардманд бувад.
Андар баёни доғ ниҳодани дандони курсӣ
Ин корро аз барои дандони курсие кунанд, ки доруи
дарди дилзанандаи сахт суде набахшад. Бинобар ин аз
равғани зайтун як уқия, аз оби марзангӯш, ё марзангӯши хушк ва испанд якуним дирамӣ гирифта, кӯфта, нарм
кунанд. Сипас онро андар равғани зайтун афканда, биҷӯшонанд. Баъд, ду ҷуволдӯзро барои андар маҳалли сӯрохи дандон ниҳодан бигир. Сипас даҳони беморро ку
Доруе, ки онро «сурнитаҷон»312 номанд
Ин аз омоси вораҳо ва истирхои онҳо суд дошта, дандонҳоро пок созад.
Таркиби он: аз пӯстҳои анор ду уқия, аз зардчӯба, гулнор ва тутум як уқиягӣ ва аз замч ва мозу як уқиягӣ гирифта бикӯб, бисов ва сипас аз он бо ангуштат гирифта, бар маҳалли дард бимол ва баъд миқдоре аз онро бар пораи катон гирифта, бар он ҷой бинеҳ.
Як хокаи дандон
Ин дандонҳоро пок, вораҳоро мустаҳкам ва бӯи даҳонро хуш кунад.
Таркиби он: миқдоре аз намаки дарониро гирифта,
бикӯбанд ва бо ангубин сиришта, андар қиртос бипечанд ва бар оташи лахча чандоне биниҳанд, ки мисли лахча бигардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор