Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Сипас онро аз оташ берун кашида, бо қатрон, ё ягон хушбӯӣ ва ё майсавсан хомӯш кунанд ва бигузоранд, то сард бигардад. Баъд онро кӯфта, [51] як бахш аз он ва як бахш аз кафки дарё бигиранд, бо онҳо аз дорчинӣ як бахш, аз мурр як бахш, аз хокистари дермана ва хокистари мушки замин як бахшӣ, аз шукуфаи гӯргиё шашяк бахш, аз резаҳои уд ним бахш, аз шакар се бахш ва аз кофур даҳяк бахш ҳамроҳ кунанд, ҳамаро кӯфта, биомезанд ва ҳар пагоҳӣ ҳамчун хокаи дандон ба кор баранд.
(427) Як доруи дигар

Агар дандонҳо ва курсиҳо нотавон шуда бошанд, ин [дору] онҳоро қавӣ созад.
Таркиби он: аз мум ва ангубин ду бахшӣ гирифта, ан

дар офтоб бо оби гарм бигудозанд ва бо онҳо як бахш зифт ҳамроҳ карда, ба ҳадди марҳам бирасонанд ва ба худованди беморӣ бидиҳанд, то бихояд. Агар бибинӣ, ки дору хушк аст, бо он андаке равғани зайтун ҳамроҳ кун.
Агар мастакоро бихоянд, низ аз барои ин [иллат] ба ғоят амалкунанда бувад.
Як доруи дигар

Ин дандонҳо ва вораҳоро қавӣ созад.
Таркиби он: аз шохи сӯхтаи гавазн даҳ дирам, аз барги сӯхтаи сарв панҷ дирам, аз гавзи сарв панҷ дирам, аз бехи фантофилун даҳ дирам, аз пари сиёвушони сӯхта панҷ дирам ва аз гули кулоҳакҳо барчида ва сунбули хушбӯй се дирамӣ гирифта, бикӯбанд, бо ҳарир бибезанд ва ба кор баранд.

Мақолаи панҷум
АНДАР БАЁНИ ДАҲОН, ГУЛӮ ВА ТИҲИГОҲИ
БАРСӮВИНИ [ТАН]

Андар баёни зубҳа ва хуноқҳо
Ҷолинус гуфтааст: «Гурӯҳе аз мардумон чунин тас

диқ кунанд, ки чӯҷаҳои парасту чи ба шакли тоза ва чи ба шакли хушконидаю намакзада хуноқҳоро худи ҳамон замон фурӯ нишонанд. Аз барои кӯдакон ва пирон онҳоро бо бехи савсан биомезанд».
Андар баёни забонча ва бодомакҳо

Як доруи хушкест, ки аз барои забончаи ба истирхо гирифтори омосида созгор аст.
Таркиби он: аз мурчи сафед як мисқол, аз мурр як мисқол, аз замчи яманӣ ду мисқол ва аз мозуи сабз ду мисқол гирифта, бисованд ва ба кор баранд.
Рутубати сина313

Як доруест, ки аз барои рутубати андар сина ҷойдошта судманд бувад.
Таркиби он: аз борзад ва майъаи равон ду уқиягӣ, аз бехи хушки савсан ду уқия ва аз афюн чаҳоряк уқия гирифта, совиданиҳоро бисованд ва бо майъа, борзад ва миқдоре аз ангубини кафк баргирифта биомезанд ва аз он билесанд.
Доруи гулӯӣ

Ҷолинус гуфтааст, ки ӯ бо ин дору муолаҷа мекардааст.
Таркиби он: аз кундур як мисқол ва ба ҳасби нусхаи дигар чаҳор мисқол, аз мурр як мисқол ва ба ҳасби нусхаи дигар чаҳор мисқол, аз заъфарон як мисқол ва ба ҳасби нусхаи дигар чаҳор мисқол, аз унсул ду мисқол ва аз шароби ширин се қист [гирифта], унсулро бо шароб то ситабр шудани шароб биҷӯшонанд, сипас унсулро барандохта, дигар доруҳоро бар шароб биафкананд.
Як доруи гулӯӣ, ки ба Балодбитус314 мансуб аст

Ҷолинус чунин ёд кунад, ки ӯ бо ин дору касони андар шуш реш доштаро муолаҷа мекардааст. Ин доруи

сахт судманд бувад.
Таркиби он: аз сунбули иқлитӣ чаҳор мисқол, аз ҳамомо ҳашт мисқол, аз содаи ҳиндӣ чаҳор мисқол, аз сунбули ҳиндӣ се мисқол, аз гӯргиё ду мисқол, аз салиха ҳашт мисқол, аз дорчинӣ даҳ мисқол, аз кундур се мисқол, аз мурр чаҳор мисқол, аз қуст чаҳор мисқол, аз омехтаи сода чаҳор мисқол, аз рубби ширинбаён се мисқол, аз афшураи ябруҳ панҷ мисқол, аз мастако се мисқол ва аз заъфарон шаш мисқол гирифта, ҳамаи ин доруҳоро бо ҳам ҷамъ созанд. Сипас хурморо гирифта, бо оби ангубин ва ё шароби ширин биҷӯшонанд. Як сукарраҷа315 аз онро гирифта, андар он бист дона чилғӯзаи совида афкананд, ба андозаи як бундуқа аз доруро бо он биомезанд ва якчанд рӯз аз он [ба бемор] бидиҳанд. Сипас ду-се рӯзи дигар аз ин дору ба ғайри он ки бо вай чизе омехта бошанд, [ба бемор] бидиҳанд ва баъд аз он як рӯз ба бемор аз ёрае, ки аз сабр созанд, ба миқдори як кафча бо об бидиҳанд. Ҳар киро андар нои шуш иллате бошад, инро бо шири хар [ба ӯ бидиҳанд] ва беморро бифармоянд, то бо он ғарғара кунад. Сипас, бигузор, якчанд рӯз бигузарад ва баъд ӯро бо ин дору ва якҷоя бо яке аз доруҳои дардро таскиндиҳанда муолаҷа кун. Агар сайлони моддаҳо қавӣ бошад, бо ин доруи маъҷун афюн ва гунди бедастар биомез.
(428) Як доруи дигар аз доруҳои Ҷолинус

Ин аз иллатҳои нои шуш, решҳои шуш, хуну рим афкандан аз даҳон, аз моддаи ба сӯи сина кашидашуда ва аз барои чизи аз гулӯ ба душворӣ афшондашаванда суд дорад ва доруи сахт қавӣ бувад.
Таркиби он: аз сақизи хинҷак чаҳор мисқол, аз заъфарон чаҳор мисқол, аз кундур якчанди он, аз мурр ҳамин қадар, аз дорчинӣ якчанди он, аз ҳамомо се мисқол, аз чилғӯза чаҳор мисқол, аз бехи пӯсткардаи ширинбаён якчанди он, аз сунбули шомӣ ду ним мисқол, аз салихаи сиёҳ ду мисқол, аз касиро се мисқол, аз дилаи хурмои шомӣ се мисқол, аз гили Шомусе, ки онро «ситора» хонанд, чаҳор мисқол, аз борзади холиси покиза ду сеяки як мисқол, аз қуст чаҳор мисқол (вале мо андар як нусхаи дигар онро як мисқол дарёфтаем) ва аз ангубини беҳтарин чаҳор қутулӣ гирифта, ангубин ва сақизи хинҷакро андар ҷогаҳи дучандӣ биҷӯшонанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ