Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳар гоҳ то ба як андоза сахтӣ бирасанд, бо онҳо борзадро ҳамроҳ карда, ба ҳадде биҷӯшон, ки агар як қатра аз он бичакад, паҳн нагардад. Сипас онро сард кун, боқимондаи доруҳоро баъд аз совидан андар он биафкан ва ба кор бар.
[Агар каранби тозаро хоида, обашро макида, фурӯ баранд ва туфолаашро берун андозанд, сахт судманд бувад].316 Як ҳаббе, ки онро ба зери забон гузоранд

Ин аз дуруштии нои шуш, қатъ шудани овоз ва дигар иллатҳои ной суд дорад.
Таркиби он: аз касиро ва самғ се мисқолӣ, аз мурр ва кундур якуним мисқолӣ, аз заъфарон як мисқол, аз афшураи ширинбаён ним мисқол, дилаи се хурмо ва аз шароби ширин ба миқдори кофӣ [гирифта], маъҷун созанд. Аз ин дору ба миқдори як боқило андар зери забон бигиранд ва беморро бифармоянд, ки ҳар чи аз он об мешавад, фурӯ барад.
Як шакарина317 аз барои касе, ки сурфа дошта бошад

[Таркиби он]: аз тухми катони бирёнкарда ва кӯфта ва мавизи сергӯшти аз дона поккарда як қистӣ, аз чилғӯзаи бирён ва фундуқ, ки ҳар дуро пӯст канда бошанд, як қистӣ, аз мурчи сафед ду уқия, аз заъфарон як уқия ва аз ангубини беҳтарин чаҳор ратл гирифта, [доруҳои хушкро] бикӯбанд ва бисованд. Тухми катон ва ангубинро то ситабр шудан биҷӯшонанд ва сипас бар онҳо дигар доруҳоро афканда, биомезанд, маъҷун созанд ва ба қадри кифоят аз он [ба бемор] бидиҳанд.
Доруи коҳин

Ин аз сурфа суд дорад ва доруи гаронбаҳоест. Ҷолинус чунин ёд кунад, ки ӯ бо ин дору муолаҷа мекардааст.
Таркиби он: аз афюн даҳ мисқол, аз тухми коҳу бист мисқол, аз гунди бедастар ҳаждаҳ мисқол, аз судоби бӯстонии хушк чаҳордаҳ мисқол, аз тухми катон шонздаҳ мисқол, аз бехи говшир сиву шаш мисқол, аз мурр чаҳордаҳ мисқол ва аз заъфарон ҳафт мисқол [гирифта], бо ангубин маъҷун созанд ва аз он ба қадри як боқило ба бемор бидиҳанд. Бояд инро ба каси таб дошта бо об ва ба каси таб надошта бо шароб ва бегоҳиҳо бидиҳанд.
Ҳабби сурфа

[Таркиби он]: аз мурр, майъа ва афюн чаҳор мисқолӣ ва аз равғани баласон ва заъфарон ду мисқолӣ гирифта, ҳамаро якҷоя бисованд, маъҷун созанд ва ба кор баранд.
Як доруи [дигар]

Ин аз ҳар гуна сурфа, аз ҳар гуна моддаи сайлонкунанда ва аз решҳои ғарбелаки дарунӣ суд дорад. Онро Абулуқиюс318 тавсиф кардааст.
Таркиби он: аз сакбина, ҷентиёно, мурр, говшир ва мурчи сафед ду мисқолӣ ва аз донаи даҳмасти поккарда чаҳор мисқол гирифта, бисованд ва маъҷун созанд.

Як дору аз барои хунпартоӣ, ки онро
Андрумохус тавсиф кардааст

[Таркиби он]: аз ақоқиё чаҳор мисқол, аз гули хушк ҳашт мисқол, аз самари анори даштӣ ҳашт мисқол, аз мурр ду мисқол ва аз касиро як мисқол [гирифта], бо об маъҷун кунанд, аз он қурсҳои якмисқолӣ бисозанд ва бо оби борон [ба бемор] бидиҳанд.
(429) Як доруи дигар аз барои сурфа

Ин аз ҳамаи намудҳои сурфа ва канда шудани овоз суд дорад.
Таркиби он: аз кӯсаки хашхош, ки он хашхош бо пӯстҳояш бошад, яксаду панҷоҳ дона, аз карафси куҳии совида се ратл, аз алисфақуни319 поккарда, рованди чинӣ, гули хушк, бехи савсан ва гулнор се уқиягӣ, аз дорчинӣ ду дирам ва аз сунбул якуним дирам гирифта, ин доруҳоро реза кунанд, андар панҷ қист оби борон тар карда, се рӯз бигузоранд. Сипас онро бар [52] оташи нарм то сеяки об боқӣ мондан биҷӯшонанд, сипас бифишоранд, биполанд ва туфолаашро берун андозанд. Баъд, аз самғи арабӣ ва касиро як ратлӣ, аз мурр ним ратл, аз рубби ширинбаён як ратл ва аз заъфарон ва мастако як дирамӣ гирифта, ҳамаи инҳоро ба ғоят бисованд ва андак-андак то тамом шудан аз он об инҳоро об диҳанд.
Сипас бар онҳо бисту чаҳор ратл майпухта афканда, бо оташи нарм то баста гардидан биҷӯшонанд, андар ҷогаҳи обгинагӣ бардоранд ва ҳама гуна сурфаро бо он муолаҷа кунанд.
Як доруи лесиданӣ аз санавбар

Ин аз барои касоне суд дорад, ки сурфаашон бисёр сахт буда, чун авҷ бигирад, риму фазлаҳо бигардонанд.
Таркиби он: аз тухми бирёни катон, бодоми ширини поккарда, чилғӯза, самғи арабӣ ва касиро чаҳор уқиягӣ ва аз хурмои Ҳирун даҳ дона [гирифта], доруҳоро якҷоя бо хурмо бикӯбанд, бар онҳо аз ангубину равғани зард ба қадри кифоят бирезанд ва то мисли ангубини ситабр гардидан бисованд. Як ошомиданӣ аз он ба қадри як мозу буда, пагоҳу бегоҳ [ба кор баранд].
Як доруи лесидание, ки аз сақизи набатӣ созанд

Ин аз дуруштии гулӯ, канда шудани овоз ва аз гулӯ омадани хуну риму балғам суд дорад ва суддаҳоро бикушояд.
Таркиби он: аз тухми катони бирён ва мавизи аз дона поккарда як ратлӣ, аз чилғӯза, бодоми ширин ва бодоми талхи муқашшар шаш уқиягӣ, аз бехи савсани осмонгунии бирён, сақизи набатӣ, решаҳои ширинбаён ва самғи арабӣ чаҳор уқиягӣ, аз шанбалити пухта ва касиро чаҳор уқиягӣ, аз мурчи сафед, таратезаки ордкарда, нахӯди ордкарда, зарованд, мағзи гандум, нонхоҳ, тухми сипандон ва лабанӣ як уқиягӣ ва аз мурр, заъфарон ва лубон ним уқиягӣ гирифта, ҳамаро бикӯбанд, хуб бисованд ва бо ангубин ва ё тилои ҷӯшонида маъҷун созанд. Аз ин ба қадри як мозу саҳару бегоҳ [ба бемор] бидиҳанд, то билесад ва ба ҳангоми хоб бигузор онро андар зери забон бигиранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ