Қонуни тиб

Як доруи [дигар]
Ин аз сурфа ва хушкии беандозаи сина суд дорад.
[Таркиби он]: аз бодоми ширин, бодоми талх, тухми катони бирён ва чилғӯза ду дирамӣ, аз анисун, касиро ва самғи арабӣ ду дирамӣ, аз афшураи ширинбаён ва ё решаҳои он як дирам ва аз шакар ва пониз ду дирамӣ гирифта, бикӯб, бисов ва бо оби розиёнаи тар сиришта, ҳаббҳо соз. Бигузор [бемор] ҳангоми хоб рафтан як-ду дона [аз онро] ба зери забон бигирад.
афюн, мурчи сиёҳ, дорфилфил ва майъа як уқиягӣ ва аз ангубин як қист [гирифта], доруҳоро кӯфта, бибезанд.
Сипас борзадро бо ангубин то гудохта шудан ҷӯшонида, биполанд ва дигар доруҳоро бар вай афканда, андар ҷогаҳи обгинагӣ ва ё симӣ бардоранд. Аз ин ба миқдори як боқило бо оби анубин гирифта, бар вай се қатра аз равғани кунҷид бичаконанд ва [ба бемор] бидиҳанд.
Як шароби мансуб ба Хориқлонус321
Як доруи лесиданӣ аз барои сурфае, ки аз
кимуси сарди часпак хезад
Ин аз барои душвории нафас суд дошта, доруи фирӯзманд аст.
Таркиби он: аз мавизи донааш ҷудокарда як уксубофун, ки ин як бахш бошад, аз шанбалити шуста якчанди он ва аз оби борон як қист [гирифта], то нек пухтан биҷӯшонанд ва оби онро полида, нигоҳ доранд. Аз ин [ба бемор] баъд аз гарм кардан якчанд бор паёпай бидиҳанд.
Хунпартоӣ
Ин аз партофтани хуну зардоб ва фазлаҳои ба сӯи сина тарованда суд дорад.
[Таркиби он]: аз донаи банги сафед, пӯстҳои бехи ябруҳ, тилои хуб, лубони сафед, лабанӣ, афюн, чилғӯза ва [донаи] сарв даҳ дирамӣ ва аз мастако, каҳрабо ва исфарза сиҳ дирамӣ гирифта, исфарзаро бо оби гарм як шаб тар кунанд, сипас фишурда, обашро бигиранд ва дигар доруҳоро нек бисованд. Баъд, ҳамаро бо якдигар омехта, қурсҳои нимдирамӣ созанд. Пеш аз хоб як қурс аз онро бо оби сард [ба бемор] бидиҳанд.
[Таркиби он]: аз дорчинӣ ва тухми розиёна панҷ дирамӣ, аз майъаи равон даҳ дирам, аз писта ва бодоми талх даҳ дирамӣ, аз кундур, самғи бодом ва сақиз панҷ дирамӣ, аз кишмиш бист дирам ва аз ағориқун панҷ дирам гирифта, майъаро бо ангубин биқӯбанд, кундур, самғ ва кишмишро бо майпухта тар кунанд ва (430) боқиро кӯфта, сипас [ҳамаро] бо ангубини майъа маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он як дирам бувад.
Як қурсест, ки онро пизишке аз аҳли Нобулус тартиб додааст ва он худовандони хунпартоӣ, худовандони реши шуш, худовандони хунобаи андар сина ҷамъшуда ва худовандони иллатҳоеро суд дорад, ки аз банд шудани моддаҳои таровида падид омада бошанд.
Таркиби он: аз тухми банги сафед ва пӯстҳои ябруҳ панҷ мисқолӣ, аз кундури нар, майъа, афюн ва панирмояи гавазн даҳ мисқолӣ, аз мастако бист мисқол, аз каҳрабо, бехи савсан ва заъфарон сиҳ мисқолӣ, аз аспғул чиҳилу панҷ мисқол ва аз оби хуш се қист [гирифта], биомезанд, қурсҳо созанд ва ба кор баранд.
Қурсҳои дигаре, ки онҳоро «филфилӣ»
(«мурчӣ») хонанд
Ин аз барои худовандони хунпартоӣ, худовандони шикамравии ногуворида ва решҳои рӯдагон ва касонеро суд дорад, ки ба сӯи меъдаашон модда битаровад.
Таркиби он: аз оби бастаи анор,320 хори мисрӣ, анори даштӣ, афшураи «риши буз» ва афшураи ақоқиё шаш мисқолӣ, аз ҳузаз, рованд ва афюн чаҳор мисқолӣ ва аз мурр ду мисқол [гирифта], нарм бикӯбанд ва бо обе, ки андар он мурддона ҷӯшонида бошанд ва ё бо оби сард сиришта, ба кор баранд.
Як маъҷуни мансуб ба Аристумохус
Ин доруи аҷиб буда, худовандони хунпартоӣ, худовандони сурфа, касони андар шуш реш дошта, касони андар синаашон хуноба ҷамъшуда ва низ даридагии андар мушакҳо падидомада, таом гардонидани меъда, ҳайза, дарунравии ногуворида, решҳои рӯдагон, иллатҳои обгаҳ ва ихтиноқи заҳдонро суд дорад.Агар аз ин [дору] як соат пеш аз фаро расидани навбати таб ба бемор бидиҳанд, табҳои навбаро [суд бахшад]. Инчунин аз бадмизоҷӣ, лоғарӣ, [ошомидани] доруҳои қаттол ва аз газидагии ҷондорҳои заҳрдор судманд аст.
Таркиби он: аз дорчинӣ, қуст, борзад, гунди бедастар,
Як доруи [дигар]
Як доруе, ки аз хунпартоӣ судманд аст
Таркиби он: аз афюн як дирам, аз дорчинӣ як дирам, аз гунди бедастар як дирам, аз мурч, дорфилфил ва мурр як дирамӣ, аз заъфарон дуним дирам, аз каҳрабо ним дирам ва аз гулнор, самғ ва анисун як дирамӣ гирифта, бисованд ва бо афшураи «гӯши бузғола» (барги зуф) сиришта, қурсҳои нимдирамӣ созанд (431) ва андар соя бихушконанд. Аз ин як қурс бо оби нимгарм биошоманд.
Қурси дигар
[Таркиби он]: аз каҳрабо ва бехи марҷон се дирамӣ, аз ақоқиё, афшураи «риши буз» ва гулнор ду дирамӣ, аз тухми хурфа ҳафт дирам, аз хашхоши сафед, хашхоши сиёҳ, гул ва табошир ду дирамӣ, аз шохи сӯхтаи гавазн дуним дирам, аз рованд322 якуним дирам, аз каҷаки сӯхта ду дирам ва аз гил чаҳор дирам [гирифта], қурсҳои якмисқолӣ созанд ва ба кор баранд.
Як қурси дигар аз барои хунпартоӣ
[Ин аз хунпартоие суд бахшад, ки агар ба иллати рутубат ва истирхои рагҳо падид омада бошад].323 [Таркиби он]: аз пӯстҳои кундур ва худи кундур панҷ дирамӣ, аз бехи гӯргиё ҳафт дирам, аз рованд ва мастако чаҳор дирамӣ, аз доршишиғон, зираи бирён ва пудинаи кӯҳӣ панҷ дирамӣ, аз мурр ва заъфарон ҳафт дирамӣ ва аз қалқадис, сунбул, гунди бедастар, афшураи «риши буз», ақоқиё ва гул чаҳор дирамӣ [гирифта], бикӯбанд ва бо матбухи тунд сиришта, қурсҳои якмисқолӣ созанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор