Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Афсурда шудани хун андар сина. Як
доруе, ки аз ин суд дорад

Таркиби он: аз шанбалити ҷӯшонида ду дирам, аз рованд як дирам, аз мурр ҳашт324 дирам, аз анисун ва гул ду дирамӣ ва аз решаҳои ширинбаён, мурч ва намак як дирамӣ гирифта, бикӯбанд, бисованд ва бо оби сард сиришта, қурсҳои [53] якдирамӣ созанд ва андар соя бихушконанд. Аз ин як қурсро бо як сукарраҷа оби бехи розиёна ва бехи карафсе, ки ҳар дуро ҷӯшонида бошанд, [ба бемор] бидиҳанд. Қурсро нахуст совида, андар он [об] ҳал кунанд ва сипас биошоманд. Ин доруи хуб аст ва он хуни афсурдаро гудохта, берун оварад ва маҳалли онро пок созад.
Бемории сил ва решҳои шуш

Як доруест, ки аз решҳои сина ва шуш суд бахшида, онҳоро бисабзонад ва беҳ кунад.
Таркиби он: аз гулнор ва гули хушк чаҳор дирамӣ, аз хуни сиёвушон, мағзи гандум ва лубон ду дирамӣ, аз самғи арабӣ, касиро ва мастако се дирамӣ, аз ақоқиё ва заъфарон ним дирамӣ, аз каҳрабо ва мурр як дирамӣ ва аз норкию (кӯкнор) панҷ дирам гирифта, бикӯбанд ва бо рубби биҳӣ, ё рубби мӯрд сиришта, қурсҳои якмисқолӣ

созанд, андар соя бихушконанд ва бидиҳанд, [то бемор] биошомад.
[Андар баёни] дил. Доруҳои дил

Як маъҷунест, ки андар таркиби он испанд бидарояд.
Таркиби он: аз испанд, сиёҳдона, кофур, гунди бедастар, тухми банг, зарованд, мушки замин, ҳазоргашон, шашбандон, оқирқарҳо, мурч, саътар, ҳанзал, сунбул, тухми карафс, тухми судоб, каравиё, афюн, заъфарон, гавзи бӯё, салиха ва қуст ним дирамӣ, аз сакбина ва говшир чаҳор дирамӣ, аз шакар як дирам ва аз ангубин ба қадри ҳоҷат бигиранд. Як ошомиданӣ аз он аз барои касони қавӣ як дирам ва касони нотавон ним дирам бувад.
Як доруи дигар

Ин аз хафақон, тарсидан ва саръ суд дорад.
Таркиби он: аз сунбул, дорчинӣ, зурунбод ва даруна ду дирамӣ ва аз тухми шибит ним дирам гирифта, доруҳоро бикӯбанд, биомезанд ва аз он як дирам [гирифта], бо як уқия шаробе, ки андар он «забони гов» тар карда бошанд, [ба бемор] бидиҳанд. Аз ин ҳар моҳе се рӯз пайдарҳам биошоманд.

(432) Мақолаи шашум
АНДАР БАЁНИ ТИҲИГОҲИ ФУРӮСӮВИНИ [ТАН]

Нотавонии меъда

Як равғанест, ки аз истирхои меъда ва нотавонии он суд дорад.
Таркиби он: аз мастако, сабр, афшураи афсинтин, афюн, равғани нордин ва ё равғани биҳӣ ба қадри кифоят [гирифта], ба ҳам биомезанд ва онро бо пашминаи нарме бар меъда чарб кунанд. Агар бихоҳӣ, ки гармии ин доруро афзоиш бидиҳӣ, андар он як бахш лозан ва ду бахш майъа биафзой ва агар бихоҳӣ, ки онро қабзкунанда ва қависозанда бигардонӣ, андар он афшураи ғӯраи ангур ва ё афшураи «риши буз» биафзой.
Доруи нотавонии меъда ва бадгуворӣ

[Таркиби он]: аз ҳалилаи кобулие, ки бо оби биҳӣ ҷӯшонида, сипас бирён карда бошанд, чаҳор дирам, аз балила, омула, зирае, ки андар сирко тар карда, сипас бирён карда бошанд, мушки замин ва мастако ду дирамӣ, аз анисун ва тухми карафс, ки ҳар дуро андар сирко тар карда бошанд, як дирамӣ, аз уд ва мушк якуним дирамӣ, аз наъно се дирам, аз мақдунис (карафси румӣ) якуним дирам, аз гул чаҳор дирам, аз донаи анор ҳашт дирам, аз тутум чаҳор дирам ва аз қирфа, пӯстҳои кундур ва сунбул як дирамӣ [бигиранд].
Як лахлахае,325 ки меъдаро қавӣ созад

[Таркиби он]: аз оби сабр, оби гул, оби себ, оби биҳӣ
ва оби бед як бахшӣ ва аз сандали сафед, сандали сурх,

гул, заъфарон, кофур, лозан, гулнор, ромак, уд ва мушк ним бахшӣ [бигиранд].
Як зимод аз барои омоси сахти меъда

[Таркиби он]: аз афсинтин, сунбул ва салиха ҳашт дирамӣ, аз сабр ва майъа чаҳор дирамӣ, аз заъфарон ду дирам, аз шохаву донаи баласон ва мурр як дирамӣ, аз мастако ду дирам ва аз равғани нордин ба қадри ҳоҷат [бигиранд].
Ёрае, ки ба Антиёфатрус мансуб аст

Ин аз барои касони бемори меъда суд дорад.
Таркиби он: аз сабр чаҳор мисқол, аз мастако ду мисқол, аз асорун ним уқия ва аз гули хушк, шукуфаи гӯргиё, фу ва салиха ним уқиягӣ [гирифта], ба таври хушк мисли ёра ба кор бибар.
Қурсҳое, ки онҳоро «қурсҳои аморунус»326 номанд

Ин аз нимгардон шудани меъда, ки ба иловус наздик аст, аз ҳар гуна дамиш ва аз афрӯхтагӣ суд дорад ва низ аз барои касе, ки таомро бигардонад ва аз барои иллатҳои дарунӣ созгор бувад.
Таркиби он: аз тухми карафс шаш мисқол, аз анисун шаш мисқол, аз афсинтин чаҳор мисқол (вале андар нусхае дигар мо чаҳор мисқол мастако низ дарёфтем), аз мурч ду мисқол, аз мурр ду мисқол, аз дорчинӣ шаш мисқол, аз афюн ду мисқол ва аз гунди бедастар якчанди он [гирифта], бо об маъҷун кунанд, аз он қурсҳо созанд ва [ба бемор] бидиҳанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ