Қонуни тиб

Як ошомидании муътадил аз ин барои беморони меъда як мисқол ва бо шароби омехта бувад.
Ёрае, ки ба Момисун327 мансуб аст
Ин аз нимгардон шудани меъда ва аз барои касе, ки афрӯхтагӣ ҳис кунад, суд дорад, ҳар гуна дамишро бибарад, аз барои дер аз худ шудани ғизо ва аз иллатҳои заҳдон суд дорад ва низ пешобро битозонад. Ин аз барои беморони ҷигар ва аз барои касоне, ки меъдаашон328 дард мекунад, доруи аҷибест ва хуни ҳайзро ҳам битозонад.
Таркиби он: аз сабр сад мисқол, аз мастако як уқия, аз заъфарон як уқия ва аз сунбул, дорчинӣ, донаи баласон ва асорун як уқиягӣ [гирифта], бикӯбанд, бибезанд ва ба шакли хушк нигоҳ доранд. Онро бад-ин гуна ба кор баранд: ҳар киро таом дер аз худ шавад, як мисқол аз онро бо оби сард ба ӯ бидиҳанд; ҳар киро қаи зарда ояд ва ё агар ба меъдааш ягон моддае метаровида бошад, ба ӯ аз ин [дору] ним мисқол бидиҳанд; ҳар киро андар бархе аз андомҳои (433) дарунияш омосе бошад ва агар аз ин дору як мисқол бо оби ангубин ба ӯ бидиҳанд, суд бахшад; ҳар кӣ ба тозондани пешоб ва ё ҳайз эҳтиёҷ дошта бошад, инро бо оби розиёнае бидиҳанд, ки кӯфта, ҷӯшонида ва полида бошанд.
Зимоди Булуворҳис329
Ин аз ҳамаи иллатҳои дарунӣ суд дорад.
Таркиби он: аз мушки замин, қардамоно, кӯфтаи кундур [ва мум]330 як манӣ, аз сақизи хинҷак якуним ман ва аз равғани ҳино ба қадри кифоят [бигиранд]. Гоҳе андар ин як ман муқли яҳудӣ низ изофа кунанд.
Як доруе, ки онро «данид ирсо»331 номанд
Ин аз табоҳии мизоҷи меъда, ҷамъ шудани об ва аз нармии меъда суд дорад.332 Таркиби он: аз бехи савсани осмонгунӣ бисту чаҳор дирам, аз мурч бист дирам, аз занҷабил ва ангудон дувоздаҳ дирамӣ, аз анисун, мастако ва донаи розиёна чаҳор дирамӣ ва аз нонхоҳ ва тухми карафс ҳашт дирамӣ [гирифта], бикӯбанд ва бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он ба андозаи як нахӯд ва бо об бувад.
Гувориши каравиё
Ин аз дарди меъда, суддае, ки андар он ва андар ҷигар ба амал ояд ва аз камгуворишӣ суд дорад.
Таркиби он: аз каравиё, нонхоҳ, тухми карафс, занҷабил, мавизи аз дона поккарда, сисолиюс ва тухми газар се дирамӣ ва аз бодоми талхи аз пӯст поккарда шаш333 дирам [гирифта], бикӯбанд ва бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз он ба қадри як фундуқ334 ва бо оби нимгарм бувад.
Гувориши хуланҷон
Ин аз шиддати сардии [меъда ва]335 ҷигар суд дошта, таомро бигуворад, бодҳоро биронад ва меъдаро хушҳол кунад.
Таркиби он: аз хуланҷон, қирфа ва мурчи сафед ду дирамӣ, аз ҳил, дорчинӣ ва нормушк се дирамӣ, аз дорфилфил шаш дирам, аз занҷабил ҳашт дирам, аз тухми карафс,
анисун, зира, каравиё ва толисфар як дирамӣ, аз пониз ва шакар се чанди ҳамаи доруҳо [гирифта], бикӯбанд, би
безанд ва ба ҳам биомезанд. Як ошомиданӣ аз ин ду дирам бувад.
Иштиҳои [гил]
Як маъҷунест, ки иштиҳои гилхориро қатъ кунад.
Таркиби он: аз ёра шаш дирам, аз ҳалилаи сиёҳ, балила ва омула се дирамӣ ва аз гавзгандум панҷ дирам гирифта, бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд. Се дирам аз онро бо обе [ба бемор] бидиҳанд, ки андар он мастако, анисун, наъно ва рими [оҳани] пухтаро ҷӯшонида бошанд.
Қай ва маниши гаштан
Як шаробест, [54] ки қаи балғамиро биканад [ва маниши гаштан бинишонад].336 Таркиби он: аз зираи кирмонӣ чаҳор дирам, аз мастако се дирам, аз донаи анор бист дирам ва аз наъно ва наммом панҷ дастагӣ [гирифта], бо чаҳор ратл об то як ратл мондан биҷӯшонанд, биполанд ва бар вай як дирам сукк афканда, пагоҳу бегоҳ аз он [ба бемор] бидиҳанд, биошомад.
Ҳукак
Як доруест аз барои ҳукак, ки аҷиб ва қавист.
Таркиби он: аз набизи хушбӯи райҳонӣ ҳашт ратл ва аз ангубини кафк баргирифта ду ратл [гирифта], онҳоро чандоне биҷӯшонанд, ки шашяк аз онҳо биравад. Сипас аз оташ фуруд оварда, бар вай аз қуст ва мастако чаҳор дирамӣ, аз афсинтин ҳафт дирам, аз гӯргиё, сунбул, сода, гул, сабр, ғориқун ва заъфарон ду дирамӣ ва аз асорун, уди ҳиндӣ ва салиха чаҳор дирамӣ гирифта, бисованд. Як ошомиданӣ аз ин як кафча бувад.
Ҷигар. Омоси ҷигар
Марҳами мурдисфарам аз омосе суд дорад, ки аз сабаби кӯфтагӣ ва ғайра падид ояд.
Таркиби он: аз мурдисфарам чаҳор дирам, аз уд, заъфарон, донаи даҳмаст, наи бӯё, мурр ва киё се дирамӣ ва аз мум чаҳор дирам гирифта, доруҳоро бикӯб, бисов ва ба ҳам ҷамъ соз. (434) Мумро бо миқдори кофие аз равғани савсан ва бо се дирам равғани савсани сафед бигудоз.
Сахтии ҷигар
Як маъҷунест, ки онро аз ҷигари гург созанд ва он аз барои дардҳои ҷигар, испурч ва меъда, аз барои бодҳо, зусанториё, сурфаи деррав ва касоне суд дорад, ки хун қай кунанд.
Таркиби он: аз заъфарон, мурр, афюн, гунди бедастар, тухми банг, қуст, қардамоно, хашхош, сунбул, алафи гулӯдард, ҷигари гург ва шохи сӯхтаи тарафи рости буз ба миқдори баробар гирифта, ҳар чи аз инҳо кӯфтанист, бикӯбанд, ҳар чи гудохтанист, бо шароб бигудозанд ва бо ангубини кафк баргирифта сиришта, баъди шаш моҳ ба кор баранд. Як ошомиданӣ аз он ба қадри як нахӯд ва бо яке аз шаробҳои созгор бувад.
Бадмизоҷии [ҷигар]
Равғани мозариюн [онро суд бахшад].337
[Таркиби он]: аз мозариюн даҳ дирам гирифта, бо як ратл об як шабу як рӯз тар кунанд, андар деге андохта, бо оташи нарм то ним ратл аз об боқӣ мондан биҷӯшонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор