Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Сипас фуруд оварда, биполанд ва бори дигар андар дег андохта, аз болояш чаҳоряк ратл равғани бодоми ширин бирезанд ва то рафтани обу боқӣ мондани равған биҷӯшонанд. Баъд, доруҳои кӯфтаву бехтаи зеринро бо ин равған биолоянд: ҳалилаи зард, балила ва омула даҳ дирамӣ; хурмои ҳиндӣ сиҳ дирам; олу сиҳ дона; унноб ҳамин қадар; хиёршанбар як ратл; ва мавиз338 ним ратл. Ҳамаи ин доруҳоро ба истиснои хиёршанбар якҷоя созанд, андар деги сангӣ биандозанд, аз болояш даҳ ратл об рехта, то сеяки он боқӣ мондан биҷӯшонанд.
Сипас онро бар хиёршанбар полида, бифишоранд ва бори дигар онро полида, ба дег бирезанд, аз болояш як ман пониз афканда, то ба қивоми ангубин расидан биҷӯшонанд. Баъд, бар вай ним ратл равғани бодом бирезанд ва доруҳои бехтаву бо равған олоидаро аз болои он бипошанд ва то баста гардидан биҷӯшонанд. Сипас аз оташ фуруд оварда, андар ҷогаҳи обгинагӣ бардоранд.
Як ошомиданӣ аз ин шаш дирам бувад.
Як хока аз барои оғози об (истисқо)

Инро бо шири шутур, ё бо оби панир ва ё бо оби тараҳо истеъмол кунанд.
Таркиби он: аз афшураи алафи гулӯдард якуним дирам, аз лок ду дирам, аз рованд якуним дирам, аз шукуфаи гӯргиё як дирам, аз заъфарон якуним дирам, аз тухми зарпечак як дирам,339 аз тухми хиёрза ва хурфа як дирамӣ ва аз маҳмуда як дирам [бигиранд]. Як ошомиданӣ аз он як мисқол бувад.
Испурч. Тарёкҳо ва доруҳои испурч

Як доруи фирӯзмандест, ки бо номи «дибқӣ» маъруф аст.
Таркиби он: аз мавизаки асалии булут ду ратл ва аз оҳак як ратл гирифта, мавизакро андар ҷогаҳи сафолин кунанд ва бар оташи лахча бигузоранд, то гудохта гардад. Чун гудохта шуд, бар вай оҳакро бипошанд, ҳар дуро биомезанд ва гармогарм бар пӯсти гург тило карда, таҳ кунанд. Ҳар гоҳ ин доруро ба кор бурдан бихоҳанд, бояд бемори ин дору истеъмолкунандаро ба гармоба бидароранд ва ин зимодро бар вай биниҳанд ва то худ ба худ наафтад, онро нагиранд. Бояд ба он нек диққат дод ва ҳар чи аз он аз тан ҷудо бигардад, пешопеш бибурид.
[Доруи] дигар

Нишонаи судбахшии он аз барои беморони испурч андар як рӯз зоҳир бигардад. Се рӯз пеш аз зимод намудани ин [дору] бояд барои бемор тадбири ғизоии лозимие таъйин кунанд.
Таркиби он: аз мурр се уқия, аз кӯфтаи кундур се уқия, аз хардали искандаронӣ ва қардамоно ду уқиягӣ ва аз сиркои унсул ба миқдори кофӣ [гирифта], хардалу қардамоноро кӯфта, бибезанд. Сипас кӯфтаи кундур ва мурро совида, бар онҳо доруҳои хушкро бипошанд ва ҳамаро сиришта, мисли марҳам бигардонанд. Инро бар [маҳалли беморӣ] аз ду то нуҳ соат бигузоранд ва сипас беморро ба ҳоли зимодниҳодагӣ ба гармоба бидароранд.
Ҳар гоҳ танаш нарм шавад, андар обзанаш бидароранд ва бифармоянд, ки андар он ба муддати бисёр бинишинад,

то ҳар чи обе, ки андар вай аст, берун ояд. Барои он ки ҳушаш наравад, ба зери бинияш сирко ва пудинаи баррӣ бидор, бибӯяд. Пораеро, ки бо он зимод ниҳода, бастаӣ, андак-андак бикушой. Ҳар гоҳ ӯро аз гармоба берун оварӣ, ба ӯ моҳии шӯр ва бе нон бидеҳ, бихӯрад. Рӯзи (435) якум ва севвум [обаш] бидеҳ ва пеш аз он бифармой ягон варзише бикунад, ки аз он нафасаш думодуми тез бигардад.
Як доруи сӯзонандаи қавии дигар

Ин дору таъсирбахш буда, девонагон, беморони испурч ва худовандони иллатҳои деринаро суд дорад.
Таркиби он: аз ротиёнаҷи ҷӯшонида чаҳор ратл, аз мум ду ратл, аз гӯгирди оташнорасида як ратл, аз кӯфтаи кундур [як ратл, аз зифт ду ратл],340 аз замч як ратл, аз бураи сурх як ратл, аз рованд341 се уқия, аз бехи хиёри даштӣ се уқия, аз сабр шаш уқия, аз оқирқарҳо якчанди он, аз шири тут се уқия, аз сирко яку ним қист ва аз шароби антокӣ ним қист [бигиранд], вале мо ба ҷои сирко се қутулӣ равғани зайтун биафканем. Сипас инро ба тарзи [доруи пешомада] омода созанд.
Як [доруи] дигар

Ин [сӯзандаи қавӣ буда],342 ба ғоят таъсир кунад.
Таркиби он: харчанги рӯдиро гирифта, пойҳову нешҳои онро канда барандозанд, [худи онро] бихушконанд, бисованд ва аз он як мисқол бигиранд. Сипас бо он шашяк мисқол афюн омехта, бо оби он рӯде онҳоро тар кунанд, ки ин харчангро аз он об гирифта бошанд ва ба худованди беморӣ биошомонанд. Андар баъзе ҳолатҳо ба ҳасби иллат ба ҷои афюн ба қадри он равғани баласон бигиранд.
Сахтии испурч

Як марҳамест, ки аз барои сахтии андар испурч падидоянда ва куҳангардида суд дорад.
Таркиби он: аз қардамоно, хардал, оқирқарҳо ва шанбалити ҷӯшонида як бахшӣ гирифта, нек бикӯбанд, бо сирко бисованд, бар онҳо равғани зайтун бирезанд ва сипас бар испурч бад-ин гуна тило кунанд, ки худованди онро нахуст андар гармоба бишӯянд ва сипас бар вай ин марҳамро биниҳанд.
Як ҳуқна

Ин аз решҳои андар шикам будае суд дорад, ки ба сабаби онҳо аз даруни бемор хун биравад ва румиҳо онро «зусанториё» номанд.
Таркиби он: [55] пиҳи гурдаи нарбузи солимро гирифта, бо кашк биҷӯшонанд. Сипас аз оби кашк ва равғани пиҳ ду сукарраҷагӣ, аз оби гуринҷи ҷӯшонида ва равғани гул як сукарраҷагӣ, аз ақоқиёи совида ним дирам, аз самғи арабии совида ва сафедаи совида як дирамӣ ва зардии як хояи бирёни мурғро гирифта, ҳамаро то ба шакли марҳам даромадан биомезанд ва ба тариқи ҳуқна бирезанд. Ё як сукарраҷа оби садпайванди тар ва ним сукарраҷа равғани гулро гирифта, бо инҳо ҳуқнарезӣ кунанд.
[Ба бемор] аз шӯрбое ғизо бидеҳ, ки онро бо туруша ва равғани бодом ва ё бо донаи анор бисозанд ва бикӯш, ки он хушмаза бошад. Аз меваҳо ба ӯ биҳӣ бидеҳ.

пешина
аз 1215
навбатӣ