Қонуни тиб

Рафтани шикам
Як хокаест, ки аз дарунрави ногуворидаи деррав суд дорад.
Таркиби он: аз гулнор, булуте, ки андар сирко тар карда, бирён карда бошанд, тутум, мӯрддона, қараз (мағелон) ва таросис (саморуғи малтӣ) ду дирамӣ, аз зира ва мозуе, ки ҳар дуро баъд аз тар кардан андар сирко бирён карда бошанд, кулоҳакҳои анори ширин, газмозу, ромак, уд, сукк, мастако ва сунбул як дирамӣ ва аз тухми туруша, самғ, гил, афшураи «риши буз», донаҳои бирёни мавиз, харнуб ва ҷафти [булут] якуним дирамӣ [бигиранд].
Як гувориш
Ин дарунрави ногуворидаи аз сардӣ ва бодҳо ба амал омадаро қатъ кунад.
[Таркиби он]: аз тухми карафс, наи бӯё, мушки замин, нонхоҳ, шохаҳои баласон, лозан ва басбоса панҷ дирамӣ, аз қоқула ва сукк чаҳор дирамӣ, аз гул даҳ дирам, аз ушна ва анисун се дирамӣ,343 аз мурчи сафед ду дирам, аз қирфа севуним дирам, аз заъфарон ҳафт дирам, аз кофур се дирам, аз нохуни дев севуним дирам, аз бехи гӯргиё чаҳор дирам, аз қардамоно ду дирам, аз сандали (436) сафед чаҳор дирам, аз тухми газари даштӣ се дирам, аз дорчинӣ якчанди он, аз занҷабил ҳамин қадар ва аз мӯрддона ҳафт дирам [гирифта], бо рубби себ маъҷун созанд.
Ҳуқнае, ки Ҷолинус ба кор мебурдааст
Ин ҳуқнаи Антиновус345 буда, бо бисёре аз нусхаҳои пешиниён созгорӣ дорад.
Таркиби он: аз афшураи хушконидаи ғӯраи ангур шаш мисқол, аз замчи яманӣ ҳамин қадар, аз оҳаки обнорасида ва пӯстҳои мис шаш мисқолӣ, аз зирнихи сурх се мисқол, аз зирнихи зард ҳашт мисқол ва аз қиртоси сӯхта понздаҳ мисқол [гирифта], бикӯбанд ва бо шароби мӯрддона сиришта, қурсҳои се ё чаҳормисқолӣ созанд. Инҳоро бо ду қавосус шароби омехта бо об ҳуқнарезӣ кунанд ва андар бархе ҳолатҳо онро бо оби борон бирезанд.
Қурсҳои дегафзорҳо
Инҳо аз дарунрави ногуворида ва решҳои рӯдагон суд дошта, онҳоро «қурсҳои Судартисус»346 хонанд. Инҳо аз ҷумлаи доруҳои таъсирбахшанд ва исҳолро зуд бибанданд.
Таркиби он: аз заъфарон, сунбули ҳиндӣ ва анисун чаҳор мисқолӣ, аз мурр ду мисқол, аз сабри ҳиндӣ, афшураи «риши буз», ҳузази ҳиндӣ, афшураи ақоқиё, афюн, мозуи сероб, касиро ва мурчи сафед ду мисқолӣ [гирифта], бо шароб маъҷун кунанд ва қурсҳои ним мисқолӣ бисозанд.
Як хока
Шароби меваҳо
Ин исҳолро бибандад ва сафроро пахш кунад.
Таркиби он: аз дилаи турунҷ, зиришк ва чукурӣ як ратлӣ, аз дӯлона, донаи анор ва тутум се ратлӣ, аз биҳии нордон, себ, анор ва амруд чаҳор ратлӣ ва ҳамин қадар об [гирифта], ду рӯз онҳоро тар кунанд, сипас то пухтан биҷӯшонанд ва биполанд. Ин [обро] бори дигар биҷӯшонанд ва бар вай шакар биафкананд.
Саҳҷ ва решҳои рӯдагон
Як доруест, ки онро «банд»344 бихонанд ва аз решҳои рӯдагон суд дорад.
Таркиби он: аз ақоқиё бисту панҷ мисқол, аз пӯстҳои анор ҳафтоду панҷ мисқол, аз мозу бисту панҷ мисқол, аз афюн бисту панҷ мисқол, аз тухми банг панҷоҳу шаш мисқол, аз говарси кӯфта яксаду шаст мисқол, аз тутуми шомӣ ҳафтод мисқол, аз афшураи тутуми шомӣ дуним мисқол ва аз кундур бисту панҷ мисқол [гирифта], бисованд, якҷоя кунанд ва бо шароби сиёҳ бисириштанд. Як ошомидании тамом аз ин як мисқол бувад.
Як доруи мансуб ба Луқиюси Тарсусӣ
Ин дору аз ҳама гуна моддаи ҷамъшаванда ва аз ҳар гуна дамиш суд дорад.
Таркиби он: аз анисун ва тухми карафс ду мисқолӣ, аз тухми розиёна, тухми газари даштӣ ва тухми тардилун, ки ин як навъи сисолиюс аст, чаҳор мисқолӣ ва аз афюн ва тухми банг якуним мисқолӣ [гирифта], бикӯбанд, бибезанд ва бо об сиришта, ба кор баранд.
Ин аз барои саҳҷе, ки аз балғами шӯр ба амал омада бошад, [судманд аст].
[Таркиби он]: аз сипандони бирён даҳ дирам, аз тухми шоҳисфарам ҳафт дирам, аз мастако панҷ дирам, аз тухми марв ва гили арманӣ даҳ дирамӣ, аз самғи арабии бирёнкарда ҳафт дирам ва аз тухми гандано ва нашостаи бирён панҷ дирамӣ бигиранд. Як ошомиданӣ аз ин се дирам бувад.
Як ҳуқна аз барои саҳҷ
Пеш аз доруи ошомиданӣ бо равғани гов ва хуни сиёвушон ҳуқна бирезанд.
Як ҳуқна
Ин аз барои марҳалаи оғози хуроҷ, сафро ва рондани модда [судманд аст].
Таркиби он: аз наск даҳ дирам, аз мӯрддона, пӯстҳои анор ва дӯлона ҳафт дирамӣ, аз биҳии аз дона поккарда ва амруд понздаҳ дирамӣ ва аз мозу панҷ дирам [гирифта], бо се ратл об ва чаҳор уқия оби (437) анори нордон ва оби ғӯраи ангур то як ратл мондан биҷӯшонанд ва биполанд. [56] Сеяки онро гирифта, бо як мисқол гили арманӣ, ҳамин қадар самғ ва як дирамӣ аз қиртоси сӯхта, ақоқиё ва сафеда биомезанд.
Сифати як доруе, ки аз барои қулинҷ шигифтовар аст
Инро Ҷолинус аз барои касони гирифтори иллате, ки онро «иловус» номанд, яъне аз барои касоне, ки бирозашон аз даҳон ояд, ба кор мебурдааст. Агар дард сахт бошад, аз он ба қадри як боқило бо се, ё чаҳор қавосус оби сард ба бемор бидеҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор