Қонуни тиб

Таркиби он: аз тухми банг ва мурчи сафед чиҳил мисқолӣ, аз афюн бист мисқол, аз заъфарон даҳ мисқол ва аз сунбули хушбӯй, уфурбиюн ва оқирқарҳо ду мисқолӣ гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо ангубини ҷӯшонида маъҷун созанд.
Сифати як доруи қулинҷ аз рӯи тавсифи
Ҷолинус андар китоби «Суқротис»347
Ин дору «асумовис»348 ном дошта, беморони меъдавӣ ва худовандони омоси чашмро ба ҳангоми шиддат ёфтани дард суд дорад ва агар онро бо оби ангубине, ки андар он судоб ҷӯшонидаанд, биошоманд, аз барои дарди заҳдон [низ суд бахшад].
Таркиби он: аз заъфарон якуним мисқол, аз сунбул ду мисқол, аз мурр ду мисқол, аз қуст, мурчи сафед, дорфилфил ва борзад ду мисқолӣ, аз равғани баласон чаҳор мисқол, аз дорчинӣ, пӯстҳои бехи ябруҳ (вале ба ҳасби як нусхаи дигар афшураи ябруҳ омадааст) ва аз гунди бедастар ду мисқолӣ, аз тухми газари даштӣ чаҳоруним мисқол, аз сакбина се мисқол ва аз салиха чаҳор мисқол гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо ангубин маъҷун созанд.
Суст шудани мақъад ва баромадани он
Доруи Ҷолинус аз берун омадани мақъад суд дорад.
Таркиби он: самари растание, ки онро «арриқӣ»349 гӯянд, мозу, сафедаи арзизӣ, ақоқиё,350 афшураи «риши буз», пӯстҳои санавбар, [ки онро «қитус» номанд],351 кундур ва мурр чаҳор мисқолӣ гирифта, ба шакли хушк баъд аз шустани мақъад бо шароби тунд бар он бипошанд.
Санги гурда
Ман мегӯям, ки ҳар чи санги обгаҳро аз ҳам бирезонад, бешубҳа санги гурдаро низ аз ҳам бирезонад, вале баръакси ин ҷой надорад.
Як маъҷун
Ин касеро, ки санг дошта бошад, суд бахшад, зеро он доруест, ки сангро аз ҳам бирезонад ва минбаъд онро падид омадан нагузорад.
Таркиби он: аз салиха ду мисқол, аз тухми карафс се мисқол, аз мурр чаҳор мисқол, аз мурчи сафед ду мисқол, аз кундур се мисқол, аз санги шомии нар як мисқол, аз тухми газар ва анисун ду мисқолӣ, аз майъа се мисқол, аз бехи савсани илуриқӣ352 се мисқол, аз тухми хашхоши сафед ду мисқол, аз сунбул якчанди он, аз бодоми муқашшар ва асорун се мисқолӣ, аз тухми савсан ва мушки замин ду мисқолӣ ва аз ангубини навъи олӣ ба қадри кофӣ [гирифта], аз ин ҳар рӯз [ба бемор] бидиҳанд, биошомад.
Як доруи дигари таъсирбахш
Ҷолинус гуфтааст: «Ман мардумони бисёреро медонам, ки гурдаҳояшон бемор буданд ва чун [бо ин] муолаҷа карданд, бемориҳояшон беҳ шуд». Ин доруро бояд ба таври доимӣ рӯзгори зиёде ба кор бибаранд. Ин доруест, ки ҳар киро санг бошад ва ҳар киро қулинҷ бошад, аз он шифо ёбанд ва иллатҳои обгаҳро низ беҳ кунад. Сифати сохтани он чунин аст:
Таркиби он: аз фундуқи муқашшар, бодоми муқашшар, тухми муқашшари хиёрзаи бӯстонӣ ва тухми поккардаи каравиё се мисқолӣ, аз тухми шавкарон, заъфарон, тухми хиёр ва афюн шаш мисқолӣ ва аз тухми банги сафед ва тухми карафс дувоздаҳ мисқолӣ [гирифта], бо ангубин маъҷун кунанд ва аз он қурсҳо созанд. Аз он ба қадри ним мисқол бо се қавосус оби ангубини софи нимгарм [ба бемор] бидиҳанд, биошомад. Андар нусхаи дигаре чунин дарёфтаанд, ки андар ин [дору] шаш мисқол испанд [низ] бидарояд.
(438) Санги обгаҳ
Аз он чи ки андар ин бобат ёд кардаанд ва бад-он шаҳодат додаанд, ин аст: агар харгӯшро, чунонки медонӣ, ба нармӣ бисӯзонанд, хокистари онро гирифта нигоҳ доранд ва аз он якчанд рӯз ду дирамӣ бо оби нимгарм [ба бемор] бидиҳанд, сангро аз ҳам бирезонад.
Сифати доруе, ки аз каждум бисозанд
Ин санги андар гурда падидомадаро аз ҳам бирезонад ва ҳар кӣ онро ба кор барад, аз падид омадани санг андар гурда эмин бимонад. Ин дору ба хосият амал кунад, на ба мизоҷ.
[Таркиби он]: аз каждумҳои зинда даҳ адад гирифта, андар деги оҳании покиза афкананд ва онро бо хамири орди гандум гилкорӣ кунанд. Сипас оҳанги танӯр намуда, онро бо ҳезуми ток то сурх шудан, битафсонанд ва дегро андар он як шаб бигузоранд, биистад. Сипас онро берун оранд ва баъд аз сард шудан, ҳар чи андар дег хокистари каждум бошад, бигиранд ва андар ҷогаҳе бардоранд. Баъд, ба ҳангоми муолаҷаи дардҳои гурда ду қирот аз онро бо шаробе ба кор баранд,. ки онро «хандиқун»
номанд. Ин сангро аз ҳам резонда, пора-пора аз тариқи пешоб фуруд орад. Чунки каждум андар табъи хеш зидди сангест, ки андар гурда ва обгаҳ падид ояд, чунонки гӯштҳои афъиҳо зидди заҳрҳои морҳо ва дигар ҷунбандагони зиёнкори заҳрдор буванд.
[Як дору аз тартибдодаи мо
Ин аз барои реши масона ва реши маҷрои нара [аз тариқи бо обдуздак] андар пешоброҳа фиристодан созгор аст.
Таркиби он: аз сурби сӯхта ва мағзи тухми харбуза панҷ дирамӣ, аз табошир ду дирам, аз самғи арабӣ, тухми хашхош ва шохи сӯхтаи гавазн се дирамӣ, аз афюн ним дирам, аз банг ду донг ва аз мурр як дирам гирифта, ҳамаро нек бисованд ва аз он бо оби коснӣ мисли шиёфҳои чашм шиёф созанд. Инро бо шир ва ё равғани донаи харбуза омехта, аз тариқи қосотир ба кор баранд, сахт судманд бувад].353 Қурсҳое, ки сангҳои андар обгаҳу гурдаҳо падидомадаро аз ҳам бирезонанд
[Таркиби он]: аз тухми газари даштӣ, тухми хиёрзаи риқӣ,354 анисун, мурр, тухми карафси кӯҳӣ, тухми карафси бӯстонӣ, салиха, дорчинӣ ва сунбул як бахшӣ гирифта, ин доруҳоро бикӯбанд, бибезанд ва бо об сиришта, қурсҳои якдирамӣ ва ё як мисқолӣ, ё ин ки ҳаббҳое ба қадри нахӯд бисозанд. Аз ин даҳ ҳабба бар ношито бо оби гарм ба бемор бидиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор