Қонуни тиб

Як маъҷуне, ки сангро аз ҳам бирезонад
[Таркиби он]: аз сунбули ҳиндӣ се драхмӣ, аз занҷабил чаҳор драхмӣ, аз дорфилфил ҳамин қадар, аз салиха дувоздаҳ қирот, аз дорчинӣ чаҳор драхмӣ, аз гесугуна ҳамчанди он, аз асорун як дирам, аз тухми газари даштӣ ҳамчанди он, аз заъфарон ду драхмӣ, аз гунди бедастар чаҳор драхмӣ, аз шукуфаи гӯргиё ҳамин қадар, аз усқурдиюн низ ҳамчунин, аз қуст ду драхмӣ, аз мурчи сафед ҳамчанди он, аз карафси кӯҳӣ ҳамин қадар, аз донаи баласон чаҳор драхмӣ ва аз ваҷ ду драхмӣ [гирифта], бо ангубин маъҷун созанд.
Қатра-қатра омадани пешоб
Як қурсест, ки аз қатра-қатра омадани пешоб ва зараб (табоҳии шикам) суд дорад.
Таркиби он: аз гунди бедастар ду дирам, аз марзангӯш, судоб, тухми банг ва анисун як дирамӣ ва аз донаи анор понздаҳ дона гирифта, бикӯб ва қурс бисоз. Як ошомиданӣ аз он як дирам бувад. Ё ин ки [ба бемор] як дирам донаи покизакардаи хиёрзаро [57] бо сафедии тунуки хояи мурғ бидеҳ.
Суст бархостани олати мард ва сустии шаҳват
Аз барои ин доруи зерин суд дорад:
[Таркиби он]: аз тухми пиёз ду дирам, аз донаи таратезак чаҳор дирам, аз тухми шаҳдона, бузайдон, алфатҳ-асдорун355 ва унсули бирён шаш дирамӣ, аз шашқоқул се дирам, аз кунҷиди поккарда356 панҷ дирам, аз «ҳаббу-л-анҷурак»357 ва норкивои сафед (хашхоши сафед) чаҳор дирамӣ ва аз пониз шаш дирам гирифта, бикӯбанд ва биомезанд. Як ошомиданӣ аз ин ду дирам ва бо тилои омехта бувад.
Аз барои он низ (439) доруи зерин суд бахшад:
Сифати он: аз решаҳои форсавих,358 яъне морчӯба, шири гов ва равғани зард се ратлӣ ва аз тухми таратезак, тухми газар ва тухми шалғам се уқиягӣ гирифта, доруҳои хушкро бикӯбанд ва бо ширу равғани зард биомезанд. Як ошомиданӣ аз он панҷ ва ё даҳ истор буда, пеш аз ин онро то хушкидани шир ва боқӣ мондани равған, биҷӯшонанд, сипас онро полида, [ба бемор] бидиҳанд.
Як гувориши ҳиндӣ
Ин боҳро биафзояд ва шаҳвати ҷимоъро ба ғоят бедор кунад.
Таркиби он: аз занҷабил, мурч, дорфилфил, дорчинӣ,
қирфа, сода, сунбул, шитараҷи ҳиндӣ, гавзи бӯё, сандали сурх, қоқула,359 басбоса, ноғбушт,360 толисфар361, мехак, мушки замин, табошир ва гавзи ҳиндӣ се уқиягӣ, аз мушк ва кофур даҳ мисқолӣ ва аз шакари табарзад ба андозаи ҳамаи доруҳо гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд. Як ошомиданӣ [аз он] ду дирам бувад.
Сифати як доруи дигар
Ин боҳро биафзояд ва аз барои шоҳон созгор бошад.
[Таркиби он]: аз думи регмоҳӣ якуним уқия, аз тухми шалғам, тухми газар, тухми лифт (шалғам), тухми пиёзи сафеди ширин, тухми газна ва тухми таратезак як уқиягӣ, аз мурчи сиёҳ, мурчи сафед ва дорфилфил панҷ дирамӣ, аз мушпиёзи бирёнкарда чаҳор дирам, аз санавбари муқашшар дуним уқия, аз оқирқарҳо чаҳор дирам, аз «забони гунҷишк» шаш дирам, аз мағзҳои гунҷишкони наре, ки андар деворҳо ошён доранд, чаҳор дирам ва аз хояи хурӯс як уқия гирифта, ин доруҳоро бикӯбанд, бо равғани гов ва ангубин сиришта, равғани говро ба қадри сеяк ва ангубинро ба қадри ду сеяк бигиранд ва сипас онро андар ҷогаҳе бардоранд. Як ошомиданӣ аз ин ним дирам бо шароби ширин ва баъд аз ғизост.
Сифати як равған
Инро чун бар зиҳор ва маҳаллҳои баробари гурдаҳо буда чарб кунанд, шаҳватро бедор кунад ва онро афзоиш бидиҳад.
Таркиби он: аз уфурбиюн ва борзад ду дирамӣ, аз басбоса як дирам, аз дорфилфил якуним дирам, аз оқирқарҳо дуним дирам, аз тухми таратезак ва гунди бедастар ним дирамӣ, аз равғани наргис якуним уқия ва аз мум ним дирам гирифта, доруҳои хушкро бикӯбанд, мумро бо равған бигудозанд ва доруҳоро бар вай афканда, нек биомезанд ва сипас ҳамчун чарб ба кор баранд.
Сардии заҳдон
Як фарзаҷаест, ки аз барои заҳдони сард [суд дорад].
Таркиби он: аз марҳами диёхилун як уқия, аз марҳами босалиқун, пиҳи барзагов, самғи бодом, пиҳи мокиён, пиҳи мурғобӣ, мағзи соқи гавазн, маскаи гӯспандӣ, лабании анор362 ва равғани нордин як уқиягӣ, аз мурри холис ним уқия ва аз заъфарон ду дирам гирифта, пиҳҳоро бо равған бигудозанд, ҳамаро ҷамъ созанд ва миқдоре аз онро бар фарзаҷаи пашмӣ ниҳода, ба кор баранд.
Сахтии заҳдон
Фарзаҷаи аз барои сардии заҳдон ёдшуда аз барои омоси сахти заҳдон низ суд бахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор