Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, ин равиш на фақат ба сабки тарҷима симои синоӣ мебахшад, балки дар айни ҳол зиндаву роиҷ будани забони модарии ӯро ба хубӣ ифода мекунад.
Хусусияти дигари сабки тарҷима ин аст, ки мо тамоми он муарработи форсиеро, ки ҳатто истилоҳ бошад ҳам, агар шакли аслии форсии онро дар сарчашмаҳои ёдшуда пайдо карда бошем, ҳамон асли форсии онҳоро овардем.
Масалан: ҷавҳар – гавҳар; сиканҷубин – сикангубин; фониз – пониз; осмонҷунӣ – осмонгунӣ; исфедбоҷ – сафедбо; исфидоҷ – сафеда; гарданоҷ – гардон ва ғайра.
Ин буд мухтасар дар бораи сабки тарҷима ва ҷиҳатҳои дигари онро хонанда метавонад ба иҷтиҳоди худ ҳангоми мутолааи матн дарёбад.
Баъзе ҷиҳатҳои фаннии тарҷима «Ал-Қонун» энсиклопедияи тиббист. Аз фалсафаи тиб ва қонунҳои умумии он сар карда то усулҳои дорусозӣ ва қарободинро дар бар мегирад. Ҳаҷми он хеле бузург буда, фақат матни холиси тарҷима зиёда аз 200 ҷузъи чопиро ташкил медиҳад. Бинобар ин, аз чунин китоб ба таври саҳлу ҳаматарафа истифода бурдан танҳо ба сифати тарҷима вобаста нест ва ба изофаи он баъзе чорабиниҳои техникии муҳимро низ тақозо дорад.
Ин ҷиҳатро мо ба назар гирифта, дар қисмати тавзеҳоти ҳар як ҷилд танҳо он шарҳу эзоҳотеро овардем, ки бевосита ба матни он ҷилд алоқаманд буда, аз ҳазфу изофаҳои матни асосӣ, фарқияту тафовути нусхаҳо ва вариантҳои тарҷимаҳои дигарон иборат аст. Аммо оид ба шарҳу тафсири забони «ал-Қонун» ва калимаву ибораҳои истилоҳии он бошад, мо қарор додем, ки ҳамаи онҳоро дар зимни як ҷилди ҷудогона ба тартиби алифбо ва ба сурати як фарҳанги истилоҳӣ гирд оварем. Чунин кор ба мо имконият медиҳад, ки якнавохтӣ ва ҳамрангии (унификация)-и калимаву таъбирҳои истилоҳиро ба ҳадди ақсо дар саросари китоб риоя кунем.
Ин фарҳанг тақрибан 12 ҳазор калимаву ибораҳои истилоҳӣ ва ғайриистилоҳии шарҳталаби «ал-Қонун»-ро дар бар гирифта, ба панҷ забон – арабӣ, тоҷикӣ, лотинӣ, русӣ ва юнонӣ бояд танзим карда шавад. Агар ин кор ба сурате, ки мо дар назар дорем, анҷом ёбад, бешубҳа аҳаммияти «ал-Қонун» дучанд хоҳад афзуд, зеро тавассути он имконият пайдо мешавад, ки «ал-Қонун» ба замони ҳозира комилан пайваст бошад ва алоқамандон матолиби онро ба осонӣ омӯхта, дар амал татбиқ намоянд. Ин фарҳанг ба ғайр аз он имконият медиҳад, ки аз нусхаи асл ва тарҷимаҳои дигари «ал-Қонун» ба хубӣ истифода бурда шавад.
Илова бар ин, барои таҳқиқу дастрас намудани тамоми адабиёти тиббии асримиёнагии мо, ки миқдори он чандон кам нест, бисёр зарур ва роҳнамои хубе хоҳад буд. Ҷузъиёти бештаре аз ин фарҳанг, агар танзими он ба мо муяссар шавад дар муқаддимаи хосси он оварда хоҳад шуд.
Оид ба нусхае, ки асли тарҷима қарор гирифтааст Бино ба маълумоти сарчашмаҳо, зиёда аз 176 нусхаи хаттии китоби «ал-Қонун» дар китобхонаҳои ҷаҳон мавҷуд аст ва матни арабии комили он нуҳ маротиба ба усулҳои сангию сурбӣ дар Рум (соли 1593), Қоҳира (соли 1290 ҳ. 1879 м.), Булоқ (соли 1294 ҳ. 1877 м.), Теҳрон (соли 1296 ҳ. 1879 м.), Лакҳнав (соли 1307 ҳ. 1889 м.), Лоҳур (соли 1905 м.), Бағдод (соли нашраш номаълум) ва Деҳлӣ (соли 1402 ҳ. 1981 м.) ба табъ расидааст.
Дар Иттиҳоди Шӯравӣ тибқи маълумотҳои ба мо дастрас то ҳол ёздаҳ нусха аз дастнависи «ал-Қонун» ёфт шудааст ва адади нусхаҳои хаттии гунаҳои ихтисоршудаи «ал-Қонун» ба беш аз 50 мерасад. Аз ҷумла, як нусхаи бисёр хубу комили он дар Захираи дастнависҳои АИ ҶШС Тоҷикистон ба номи акад. А. М. Мирзоев зери рақами 1034 маҳфуз аст. Баъзе мушаххасоти ин ёздаҳ нусха аз дастнависи «ал-Қонун» ба қарори зайл аст:

  1. Дастнависи Ленинград, ки зери рақами В 865 (658) дар Шӯъбаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ ИҶШС маҳфуз аст. Дастнависи мазкур иборат аз 231 варақ буда, китобҳои якум ва дуввуми «ал-Қонун»-ро дарбар мегирад ва тақрибан дар асри XII китобат шудааст; 2. Дастнависи Ленинград, ки зери рақами Д 179 А дар фонди мазкур маҳфуз аст, аз 430 варақ иборат буда, соли 1078 ҳ. 1667м. китобат шудааст ва нусхаи комили «ал-Қонун» мебошад.
  2. Дастнависи Ленинград, ки зери рақами Д 705 дар китобхонаи мазкур маҳфуз аст, соли 1017 ҳ. 1607 м. китобат шуда, аз 374 варақ иборат аст ва китобҳои II, III ва IV «ал-Қонун»-ро дарбар мегирад; 4. Дастнависи Ленинград, ки зери рақами Евр. – араб,
    11 311 дар Китобхонаи оммавии давлатии ба номи Салтыков-Шедрин маҳфуз аст, соли 1380 м. китобат шудааст ва шомили китобҳои I ва V «ал-Қонун» мебошад.
  3. Дастнависи Боку, ки зери рақами 170 27 дар Фонди республикавии дастнависҳои АИ ҶШС Озарбойҷон маҳфуз аст, соли 1259 м. китобат шудааст ва нимаи дуввуми «ал-Қонун», яъне як қисм аз китоби III ва китобҳои IV ва V-ро пурра фаро мегирад; 6. Дастнависи Тошканд, ки зери рақами 11195 дар Фонди дастнависҳои Институти дастнависҳои АИ ҶШС Ӯзбекистон маҳфуз аст. Ин дастнавис яке аз нусхаҳои комили аз ҳама қадимаи «ал-Қонун» дар ИҶШС буда, соли 708 ҳ. 1309 м. китобат шудааст; 7. Дастнависи Тошканд, ки зери рақами 9 785 дар фонди мазкур маҳфуз аст. Ин нусха низ комил ва дар се муҷаллад буда, тақрибан дар асри XVII китобат шудааст; 8. Дастнависи Тошканд, ки зери рақами 3 316 дар фонди мазкур маҳфуз аст. Ин нусха дар ду муҷаллад буда, китобҳои III, IV ва V «ал-Қонун»-ро дар бар мегирад ва соли 1010 ҳ. 1601 м. китобат шудааст; 9. Дастнависи Душанбе, ки зери рақами 1034 дар Фонди дастнависҳои шарқии АИ ҶШС Тоҷикистон ба номи акад. А. М. Мирзоев маҳфуз аст. Ин нусха тақрибан дар асри XIX китобат шуда, баъд аз ду нусхаи комили Тошканд (рақамҳои 11 195 ва 9 785) ва як нусхаи комили Ленинград (Д 179 А) чаҳорумин нусхаи комили «ал-Қонун» дар ИҶШС ба ҳисоб меравад; 10.
пешина
аз 1215
навбатӣ