Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гузашта аз ин, ҳатто забони мо намегардад, ки дар нисбати китоби «ал-Қонун» калимаи «тарҷима»-ро ба кор барем.
Бинобар ин, далелҳо ва ба тақозои ақлу виҷдон мо дар мавриди ихтиёри сабк ба таври қатъӣ қарор додем, ки «ал-Қонун» бояд то ҳадди имкон ба забони худи Ибни Сино ва ё лоақал наздик ба он баргардонда шавад ва хонанда вақте ки тарҷимаро ба даст мегирад, боварии комил дошта бошад, ки нафақат мазмуни ин китоб, балки забони он ҳам аз Ибни Синост. Ҳамин тариқ, мо кӯшиш кардем, ки сабки тарҷима ҳар қадар, ки мумкин аст, ба сабки асри Ибни Сино наздик буда бошад.
Риояи сабки ин аср ба изофаи нигоҳ доштани симои муаллиф аз аҳаммиятҳои дигар холӣ нест. Аз ҷумла бисёр калимаву ибораҳо ва таъбирҳои қадимии забони мо тавассути ин сабк имконият меёбанд, ки ҷои ҳақиқии худро дар забони имрӯза бигиранд ва ба эҳтиёҷоти мо расидагӣ кунанд.
Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки ҳар забоне мумкин аст каму беш ҳуқуқи кӯҳна шудан дошта бошад, вале забони моро таърих аз ин ҳуқуқгӯӣ қатъиян маҳрум кардааст ва ба ҳеч ваҷҳ ҳаққи кӯҳна шудан надорад. Зеро ин забон танҳо барои мубодалаи афкор ва ғайбати ҳаррӯза нест, балки он калиди як ганҷинаи бузурге аз фарҳанг аст, ки таърих бовар карда онро ба дасти мо супоридааст. Ин ганҷина ҳарчанд ба тавассути ин калид ва аз ҳайси офариниш ба халқи тоҷик мансуб аст, вале аз ҷиҳати баҳрабардорӣ ба ҷумлаи башарият тааллуқ дорад ва аз ин рӯ, посдорони ин калид дар назди таърих ва оламиён масъуланд, то ки ин калидро бисёр хуб ва тавре нигоҳ доранд, ки ҳайати аслии он дигаргун нашавад ва мардуми ҷаҳон аз як бахши умдаи тамаддуни худ маҳрум намонанд.
Чунин одат шудааст, ки ҳар чӣ ба андешаи танги мо ба осонӣ нагунҷад, ба пешонии воситаи ифодаи он муҳри кӯҳнагӣ ва архаизм зада, онро аз забон берун меандозем.
Шубҳае нест, ки ҳусни забон дар содагии забон аст, вале набояд содагии забон муҷиби содагии тафаккури мо бошад ва ба хотири он бикӯшем, ки ҳар чӣ бештар кӯдакона фикр кунем. Содагии ҳақиқии забон натиҷаи садоқати тафаккури мост. Ҳар андоза андешаи мо содиқ ва самимӣ бошад, забони мо ҳамон андоза равон, бурро ва сода буда, калимаву ибораҳоро ба маврид, дақиқ, дуруст ва дар ҷои худ ба кор хоҳем бурд ва ҳеч чиз дар доираи забони мо бесамар нахоҳад монд.
Бинобар ин, забон на танҳо воситаи ифодаи андеша, балки меъёри он ҳам мебошад. Яъне ҳар гуна қолабвайронии забон ин нишонаи қолабвайронии тафаккури гӯяндаи он аст. Агар мо имрӯз захираҳои забонии худро ба кор бурда натавонем ва ё агар онҳоро нодуруст ба кор барем, ин маънои онро дорад, ки тафаккури мо ба қадри кофӣ инкишоф наёфтааст.
Аз ин рӯ, «ал-Қонун», ки чандин аср ба башарият шифову тандурустӣ мебахшид, акнун ба воситаи сабки тарҷимаи худ бояд ба ҳазорон калимаву ибораҳои забони мо, ки

бар асари фаромӯшхотирӣ ва эҳмол беҳолу бемадор ва дар дами марг қарор гирифтаанд, умри дубора бахшад.
Аҳаммияти дигари ин сабк аз он иборат аст, ки унсурҳои умумитарини забони моро дар бар мегирад ва ба тавассути он забон аз қайди як маҳалли муайян берун омада, бештар табиати умумимиллӣ пайдо хоҳад кард. Бинобар ин, ба ин сабк тарҷима кардани китоби «ал-Қонун» имконият медиҳад, ки ҷумлаи форсигӯёни ҷаҳон аз он ба хубӣ истифода бурда тавонанд.
Албатта, чунин коре кардан, яъне «ал-Қонун»-ро ба забони Ибни Сино гардондан, аз ҳудуди қудрат ва маҷҳудоти фардӣ берун аст ва ин хоссатан барои касе сахт душвор аст, ки аз балоғату баёни забони модарии худ бисёр кам баҳравар аст. Вале дар ҳама кор иқдом бартар аз тавоноист, чунон ки ҳикмати арабии зерин дар ин маънӣ омадааст: «Иннамо-л-аъмолу би-н-ниёти», яъне «бинои корҳо бар ирода аст, на бар тавоноӣ». Бинобар ин, бо вуҷуди адами тавоноӣ, мо кӯшиш кардем, ки ҳангоми тарҷима ҳар қадар, ки тавонем усули ёдшударо риоя кунем ва тарҷимаро ҳар чӣ наздиктар ба сабки асри Ибни Сино анҷом диҳем.
Марҷаъҳои асосии мо барои сабки тарҷима пеш аз ҳама осори форсии Ибни Сино «Донишнома» ва «Рисолаи рагшиносӣ» буданд. Масалан, дар тарҷимаи бахши ба набз дахлдори «ал-Қонун» мо кӯшиш кардем, ки истилоҳҳову таъбирҳои он мутобиқи «Рисолаи рагшиносӣ»
бошанд ва ҳатто мумкин аст баъзе ибораҳоро айнан аз он рисола оварда бошем. Марҷаъи дигари мо китобҳои хусусан форсии ба асри Сино наздик буд, аз қабили «Ҳидояту-л-мутааллимин»-и Абубакри Бухорӣ, «ал-абнияту ан ҳақоиқи-л-адвият»-и Абумансури Ҳиравӣ, «Сайдана»-и Абурайҳони Берунӣ ва ғайра. Дар дараҷаи севвум он фарҳангҳову китобҳои тиббие меистанд, ки дар замонҳои гуногун ба забони тоҷикӣ таълиф шудаанд, аз қабили «Захираи хоразмшоҳӣ»-и Исмоили Ҷурҷонӣ, «Муқаддимату-л-адаб»-и Замахшарӣ, «Бурҳони қотеъ»-и Муҳаммадҳусайни Табрезӣ ва ғайра. Аз ин миён мо ба «Захираи хоразмшоҳӣ» беш аз ҳама такя доштем ва бисёр калимаву таъбирҳои асили тоҷикиро аз он ҷо гирифта, дар забони тарҷима татбиқ намудем.
Як хусусияти сабки тарҷима аз он иборат аст, ки дар интихоби калимаву ибораҳо ба ду асл эътибор додем: як асл ҷанбаи таърихии калима ва як асл – ҷанбаи гуфтугӯии он. Яъне мо дар навбати аввал ба он калимаву ибораҳое диққат дода ба кор бурдем, ки ҳам дар сарчашмаҳои ёдшуда омадаанд ва ҳам дар забони гуфтугӯии имрӯза зиндаву роиҷанд, на ба он калимаву ибораҳое, ки фақат дар забони ҳозира мустаъмаланду халос. Сипас, дар сурати набудани чунин имконият роҳҳои дигари интихоби калимаҳоро низ пеш гирифтем. Масалан, мо ба ҷои калимаи «талқон» «пист»-ро ба кор бурдем, ки ҳам ба тариқи истилоҳ дар сарчашмаҳои муътабари тиббӣ аз қабили «Захираи хоразмшоҳӣ» омадааст ва ҳам имрӯз дар миёни мардуми Ванҷу Дарвоз ба таври васеъ роиҷ аст; ё ба ҷои калимаи «акка» «ғулба»-ро ба кор бурдем, ки ҳам дар «Луғати фурс» ба ин маънӣ омадааст ва ҳам имрӯз дар миёни мардуми Кӯлоб ва дигар ноҳияҳо зиндаву мустаъмал аст; ё ба ҷои «ҷоғ» «манаҳ»-ро овардем, ки ҳам дар «Захираи хоразмшоҳӣ» зикр ёфтааст ва ҳам имрӯз дар миёни мардуми водии Ҳисор бо муштаққоти зиёде аз қабили «зерманаҳ», «манаҳ задан» ва «манаҳ бастан» ба кор бурда мешавад; ва ё ба ҷои калимаи «биринҷ»-и хӯрокӣ «гуринҷ»-ро ба кор бурдем, ки ҳам дар замони Ибни Сино барои фарқ кардан аз «биринҷ»-и маъдан ба кор мебурданд ва ҳам имрӯз дар Тоҷикистони шимолӣ ва ҷануби Ӯзбекистон бисёр серистеъмол аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ