Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Шароби сафеди тунук барои гарммизоҷон созгортар аст ва дарди сар наорад, балки гоҳе тарӣ афзуда, дарди сари [109] аз афрӯхтагии меъда ба амал омадаро сабуктар созад.
Шароби бо [нони] кок ва нон равшан карда, хусусан агар ду соат пеш аз ошомидан омезиш дода бошанд, қоиммақоми [шароби сафед] аст. Шароби ситабри ширин барои касоне созгор аст, ки фарбеҳу қавӣ шудан бихоҳанд, вале аз судда овардани он бояд эҳтиёт шуд. Шароби кӯҳани сурх худованди мизоҷи сарди балғамиро созгор аст.
Истеъмоли шароб аз болои ҳар гуна таом, ба тавре ки мо иллати онро баён намудем, бад аст ва бояд танҳо баъд аз гуворидан ва фурӯ рафтани он ошомида шавад.
Аммо бар болои таоми бадкимус, хоҳ ҳангоми хӯрдани он ва хоҳ баъди гуворидани он, ошомидани шароб бад аст, зеро он кимуси бадро то ба гӯшаҳои дури тан бурда бирасонад. Аз болои меваҳо, хусусан аз болои харбуза, ҳамчунин бувад.
Шаробро нахуст бо [паймонаҳои] хурд хӯрдан беҳтар аз он аст, ки бо паймонаҳои бузург хӯрда шавад, лекин аз болои таом ду-се паймона ошомидан касони хӯкардаро зиён надорад. Низ одами тандурустро баъд аз раг задан чунин бошад. Шароб касони сафровимизоҷро ба сабаби берун овардани зарда ва тармизоҷонро ба сабаби пазонидани тарӣ судманд бувад. Ҳар андоза муаттар, хушбӯ ва хушмаза бошад, ҳамон андоза созгортар хоҳад буд.
Шароб беҳтарин василаи расонандаи ғизо андар ҳамаи тан бувад. Вай балғамро бибуронад, онро ҳал кунад, сафроро аз тариқи пешоб берун андозад ва дигар [корҳо низ бикунад]. [Шароб] савдоро фурӯ хамонад, онро ба осонӣ берун кунад, бо зиддияти [худ] зиёнкории онро бартараф созад ва ҳар чизи баста мондаро аз ғайри гармии бисёри бегона овардан ҳал бикунад. Мо намудҳои онро андар ҷои худ баён хоҳем намуд.
Касони мағзашон қавӣ зуд маст нагарданд ва мағзи эшон бухорҳои ба барсӯ равандаи бадро напазирад ва аз шароб ҷуз гармии форами он ба мағз нарасад. Бинобар ин, зеҳни эшон чандоне зудоиш ёбад, ки андар дигар ҳолатҳо бад-ин андоза зудоиш нахоҳад ёфт. Касоне, ки баръаксанд, [натиҷа ҳам] баръакс бувад.
Касе, ки синааш нотавон аст ва андар зимистон нафасаш танг бигардад, шароб бисёр ошомидан натавонад. Ҳар кӣ хоҳад шароб бисёр ошомад, бояд таом ба серӣ нахӯрад ва боистӣ андар таоми хеш чизе биафканад, ки пешобро биронад. Агар аз таому шароб пурии [меъда] падид ояд, қай кунад ва оби ангубин биошомад ва боз қай кунад. Сипас даҳонашро бо сиркову ангубин ва рӯяшро бо оби сард бишӯяд.
Касе, ки ба сабаби гармии тан ва тафсидани ҷигар аз шароб нороҳат бошад, бояд ғӯрабо ва монанди онро ғизои худ бисозад ва нуқл аз мисли анор ва дилаи турунҷ бигирад. Ҳар киро аз шароб андар сар ниҳоят гаронӣ ояд, шароб ошомиданро бикоҳад, шароби [бо об] омехта ва равшанкарда биошомад ва нуқли онро аз мисли биҳӣ бигирад. (170) Ҳар кӣ ба сабаби [аз шароб] гарм шудани меъда нороҳат бошад, бояд мурддонаи бирён бихӯрад, андаке аз қурси кофур бимакад ва чизе истеъмол бикунад, ки гиранда ва туруш бошад. Агар аз сардии [меъда] азоб кашад, бояд ки мушки замин, мехак ва пӯсти турунҷ нуқл кунад.

Бидон, ки шароби куҳан андар ҳукми доругист, на ғизогӣ. Шароби нав ҷигарро зиён дорад ва ба иллати дамиш ва шикам овардан боиси шикамрави ҷигарӣ бигардад.
Бидон, ки беҳтарин шароб шаробест, ки ба куҳнагию навӣ миёна, равшан, сафеди моил ба сурхӣ, хушбӯй ва таъмаш муътадил, [яъне] на туруш ва на ширин бошад.
Шароби хуби ба «шуста» маъруф он бошад, ки се бахш шираи ангур ва як бахш обро гирифта, то замоне биҷӯшонанд, ки сеяки он бухор шавад.
Ҳар киро аз ошомидани шароб сӯзиш падид ояд, бояд баъди он анор ва оби сард бимакад, фардои он [рӯз] шароби афсинтин биошомад ва ба ҳоле гармоба кунад, ки чизи андаке хӯрда бошад.
Бидон, ки шароби омехта меъдаро суст кунад ва тарӣ физояд. Ин шароб ба сабаби гузарондани бахши обӣ зуд маст созад, [вале он ранги рӯйро хушрӯй кунад ва қувваҳои нафсониро сафо бибахшад].
Хирадманд аз шароб хӯрдан ношито, ё агар гарммизоҷ бошад, пеш аз обро кашида тамом кардани андомҳо ва ё баъд аз ҳаракати сахт бояд парҳез кунад, зеро ин ду [ҳолати охир] мағзу асабро зиён доранд ва ба турунҷидагӣ, парешонии ақл ва ё ба бемории дигаре ва фузунии гармӣ гирифтор хоҳад кард.
Мастии думодум бад аст, мизоҷи ҷигару мағзро табаҳ намуда, асабро нотавон бикунад ва боиси бемориҳои асаб, сакта ва марги ногаҳон бигардад.
Шароби бисёр андар баъзе меъдаҳо сафрои бад ва андар баъзеи дигар сиркои тез бигардад. Зиёни ин ду азим аст.
Бархе ақида доранд, ки мастӣ андар моҳе як ё ду бор судманд аст, зеро қувваҳои нафсониро сабукӣ оварда, осуда кунад, пешобу арақ оварад ва фазлаҳоро ба таҳлил берун созад.
Бояд донист, ки бештари зиёни шароб ба мағз ҳамерасад ва бояд каси мағзаш нотавон зинҳор шароб наошомад, магар андаке ва омехта бо об. Касеро, ки шароб пур хӯрда бошад, роҳи савоб ин аст, ки агар битавонад, зуд қай оварад ва агар не, аз болои он ё ба танҳоӣ ва ё бо ангубин оби зиёде биошомад. Сипас бояд баъди қай андар обзан бинишинад, равғани бисёр [бар хеш] бимолад ва хоб равад.
Бачагонро ошомидани шароб мисли оташи бар оташ андар ҳезуми андак бувад. Ба пирон ҳар қадар ки тавонанд, шароб бояд дод ва барноён бояд андар он ба эътидол бошанд. Шаҳрҳои сард ба шароб бардошт доранд ва шаҳрҳои гарм бардошт надоранд.
Ҳар кӣ шароб серӣ хӯрдан хоҳад, бояд таом ба серӣ нахӯрад ва ширинӣ истеъмол накунад, балки сафедбои равғанӣ дам кашад, тариди равғанӣ ва гӯшти равғании пора-пора бирён бихӯрад, андар ҷои муътадил бошад, кори вазнин накунад, бодому наски шӯр ва комаи кабар нуқл кунад.
Агар каранбво, зайтуни андар намакоб парварда ва монанди он бихӯрад, фоида дорад ва барои ошомидан ёрӣ диҳад. Ҳамчунин тамоми он чизе нофеъ аст, ки аз қабили тухми каранби набатӣ, зира, судоби хушк, пудина, намаки нафтӣ ва нонхоҳ бухорро бихушконанд. Ғизоҳои часпаке, ки бисёр вақт бухорро ситабр хоҳанд кард, аз қабили ғизоҳои равғании ширини часпанда, маст шудан нагузоранд ва ба сабаби дер гузаштанашон шароби зиёд хоста нашавад.
Зуд маст шудан ба нотавонии мағз, ё бисёрии хилтҳои он, қавӣ будани шароб, ба камии ғизо, бетартиб хӯрдани он ва он чи ки ба он алоқаманд аст, вобаста бошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ