Қонуни тиб

Он чи ки ба нотавонии сар вобаста аст, илоҷаш ҳамон доруҳои андуданиест, ки андар бобати назлаи фурудоянда ёд шуданд ва [низ] бояд шароб андак хӯрда шавад.
Ошомидание, ки мастиро ба таъхир биандозад: як бахш аз оби каранби сафед, як бахш аз анори туруш ва ним бахш аз сиркоро гирифта, чанд сар биҷӯшонанд. Як ошомиданӣ аз он як уқия ва пеш аз шароб бувад. Инчунин [миқдоре] аз намак, судоб ва зираи (171) сиёҳро хушк намуда, ҳабб созанд ва пайдарпай як ҳаббӣ истеъмол кунанд; инчунин тухми каранби набатӣ, зира, бодоми талхи муқашшар, пудина, афсинтин, намаки нафтӣ, нонхоҳ ва судоби хушкро бигиранд ва ҳар кӣ аз зиёни гармии он бим надошта бошад, ба вазни ду дирҳам аз он бо оби сард ношито биошомад.
Баъзе [тадбирҳое], ки мастӣ бибарад, [чунин аст]: се бор думодум об бо сирко бидиҳанд; ё тарфоб ва дӯғи туруш бидиҳанд; кофур ва сандал бидиҳанд, бибӯяд; бар сараш доруҳои сардиоварандаи пасгардонандаи модда, аз қабили равғани гул бо сиркои хамрӣ биниҳанд.
Илоҷи хуморро [110] андар [Китоби бемориҳои] ҷузъӣ ёд хоҳем кард.
Ҳар кӣ хоҳад, ки бе ягон зиёне зуд маст шавад, бояд андар шароб ушна ва уди ҳиндӣ биафканад. Агар барои андоми касеро муолаҷаи дардноке кардан ба сахт маст шудани ӯ эҳтиёҷ бошад, бояд андар шароби ӯ оби шайлам биафкананд; ё аз шоҳтара, афюн, банг ба андозаи ним дирамии баробар ва аз гавзи бӯво, сукк ва уди хом як қиротӣ гирифта, андар шароб афкананд ва ӯро ба қадри ҳоҷат бидиҳанд; ё банги сиёҳ ва пӯстҳои ябруҳро андар об то сурхоба шудани он биҷӯшонанд ва шаробро бо он биомезанд.
Фасли нӯҳум андар хоб ва бедорӣ
Андаке аз гуфтор оид ба сабаби хоби табиию беёдшавӣ (субот) ва бедорию бехобие, ки зидди ҳар дуст, [дар хусуси] он ки чи бояд кард, то ҳар кадом аз он дуро ҷалб кард ва ё агар безоркунанда бошад, чӣ гуна аз он раҳо ёфт, [дар хусуси] он ки ҳар кадом ба чӣ чиз далолат кунад ва [низ дар хусуси] дигар чизҳо ба ҷои худ гуфта омад ва андар тибби ҷузъӣ низ гуфта хоҳад шуд.
Он чи андар ин ҷой бояд гуфт, ин аст, ки хоби муътадил қувваи табииро имконияти корҳояшро иҷро кардан диҳад, қувваи нафсониро осудагӣ бахшида, гавҳари онро биафзояд ва ҳатто гоҳе бо сустӣ овардани худ рӯҳро нагузорад, ки таҳлил пазирад ва ин кадом рӯҳе набошад, [фарқ надорад]. Бад-ин сабаб [хоб] ба ҳама гуна навъҳои ёдшудаи гувориш таомро бигуворад. Бо ёрии [хоб] пеши он нотавоние гирифта шавад, ки аз сабаби таҳлилҳои гуногун, аз қабили таҳлилҳои аз мондагӣ, аз ҷимоъ, аз хашм ва ғайра ҳосилшуда, падид омадааст.
Хоби муътадил агар бо муътадил будани хилтҳо андар камияту кайфият тасодуф афтад, тарӣ ва гармӣ физояд ва ин гуна [хоб] нофеътарин чизест барои пирон, зеро вай тарии эшонро нигоҳ дошта, барқарор хоҳад кард. Бинобар ин, Ҷолинус хотирнишон кардааст, ки ӯ ҳар шаб коҳубирёни хушбӯӣ пошида мехӯрдааст ва коҳуро барои он [мехӯрдааст], ки хоб оварад ва хушбӯӣ барои он мепошидааст, ки хунукиоварии онро чора кунад. Ӯ гӯяд: «Ман ҳоло ба хоб сахт эҳтиёҷ дорам, яъне ман имрӯз пирам ва тариоварии хоб маро суд дорад». Ин тадбир касеро бисёр хуб аст, ки хоб наояд. Агар пеш аз он ҳангоме, ки ғизои хӯрда пурра гуворида бошад, гармоба кунад ва бар сараш оби гарм бисёр резад, ин беҳтарин василаи [хоб овардан] бошад. Тадбиреро, ки аз ин қавитар бошад, андар [боби] муолаҷаҳо ёд хоҳем кард.
Тандурустон бояд кори хоб рафтанро риоя кунанд. Бояд он ба эътидол ва андар вақти хеш бошад ва ба ифрот хоб нараванд. Эшон бояд аз зиёни бехобӣ, ки ба мағз ва ҳамаи қувваҳояшон хоҳад расид, эҳтиёт кунанд. Бисёр бошад, ки аз бими беҳуш шудан ва афтидани қувва одамӣ худро ба такаллуф бедор нигоҳ дорад ва хобро аз худ биронад.
Беҳтарин хоб хоби сахтест, ки баъд аз фурӯ хамидани таом аз бахши барсӯвини шикам ва фурӯ нишастани он чи аз дамишу қароқуре бошад, ки мумкин аст, баъди [таом] ба амал ояд, зеро бад-ин ҳол хобидан аз бисёр рӯй зиён дорад. Балки [чунин хоб] на хуш бошад, на пайваста ва кас аз нороҳатию паҳлугардӣ ҷудо нахоҳад шуд. Ин [хоб] ба изофаи зиёнаш худованди хешро азоб диҳад. Бад-ин сабаб агар фурӯ хамидани [таом] ба дарозо бикашад, боистӣ каме пиёда гашт ва сипас хобид.
Бо шиками тиҳӣ хобидан бад ва афтонандаи қувват аст ва бо шиками пур пеш аз фурӯ хамидани [таом] аз бахши барсӯвини шикам бад бувад, зеро он хоби сахт нахоҳад буд, балки азбаски табиат андар ин ҳангом бо ҳамон қисм аз гуворидане машғул бигардад, ки бояд дар ҳоли хоб бо он машғул бишавад, бинобар ин, бедоршавии нороҳату сарсонкунанда бо вай дар ситез буда, онро кунд ва гуворишро табаҳ хоҳад кард.
Хоби рӯзона бад буда, бемориҳои аз тарӣ падидоянда ва назлаҳоро аз худ ба мерос гузорад, рангро табаҳ кунад, испурчро беморӣ оварад, асабро суст ва ланҷ кунад, иштиҳоро заиф созад ва боиси омосҳову табҳои бисёр гардад.
(172) Яке аз сабабҳои бадӣ оварданаш он аст, ки вай зуд бурида гардад ва табиатро аз кораш боз дошта, кунд кунад.
Аз фазилатҳои хоби шаб он бошад, ки вай пурра, пайваста ва сахт бувад. Вале касе, ки хоби рӯзонаро хӯ карда бошад, набояд якбора бе тадриҷ тарки он намояд.
Беҳтарин ҳайатҳои хобравӣ он бошад, ки нахуст бар паҳлуи рост бихобанд ва сипас бар паҳлуи чап бигарданд. Агар аз оғоз бар шикам бихобанд, гувориданро нек ёрӣ диҳад, чунки [ин ҳол] гармии модарзодиро боз дошта, ҷамъ созад ва онро биафзояд. Аммо бар пушт хобидан хоби бад бувад, зеро [танро] барои пазируфтани бемориҳои бад, мисли сакта, фалаҷ ва кобус омода бисозад. Ин аз баҳри он чунин бошад, ки фазлаҳоро ба сӯи пушт бигардонад ва онҳоро аз роҳҳое, ки ба сӯи пешанд, аз қабили ду сӯрохии бинӣ ва ком, боз дорад. Хоби бар пушт одати мардумонест, ки аз беморӣ нотавон гардидаанд, зеро мушакҳо ва андомҳои эшон суст шудаанд ва як паҳлу паҳлуи дигарро бардоштан натавонад, балки эшон зуд бар пушт бигарданд, чунки пушт аз паҳлу қавитар аст. Ин гуна одамон бо даҳони боз бихобанд, зеро мушакҳое, ки ҳар ду манаҳро ҷамъ доранд, нотавон шуда бошанд. Оид ба ин андар Китоби [бемориҳои] ҷузъӣ як боби муфассале оварда шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё