Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Чизи аз ҳама бештар муҳим ба сабаби се чиз муҳим аст: ё аз барои қувват, ё аз барои шараф, ё аз барои гавҳар.
Агар андар як чиз аз ин шартҳо ду ё сеи он гирд омада бошанд, пас, он аз ҳама муҳимтар хоҳад буд, ба шарте ки якеи баохиромада аз дуи ба авваломада қавитар набошад, дар ин сурат ин ду дигари ба аввал омадаро муқовимат хоҳад кард. Мисоли ин чунин аст, ки мумкин аст мондагии омосӣ қавитар ва шарифтар бошад, лекин гавҳари [мондагии] решӣ агар аз ҳадди эътидол ва равиши табиӣ ниҳоят дур рафта бошад, бо мондагии омосии ба муҷиби шарафу қувва буда муқовимат намуда, бар он муқаддам бошад ва агар [аз эътидол] ниҳоят дур нарафта бошад, [мондагии] омосӣ бар он муқаддам бошад.
Фасли сездаҳум андар баёни хештан кашидан ва даҳонфожа намудан

Хештан кашидан ба сабаби фазлаҳо бошад, ки андар мушакҳо гирд оянд ва бинобар он, бисёр вақт баъди хоб ба амал ояд. Агар он хилтҳо бештар шаванд, фарошо ва ларза падид ояд ва аз ин ҳам бештар гарданд, табро ба амал оваранд. Даҳонфожа кардан навъе аз хештан кашидан аст, ки аз кашидашавии мушакҳои манаҳ ва сари сина ба амал ояд. Падид омадани он каси солимро андар оғоз бесабаб аст ва агар бемаҳал бисёр такрор ёбад, бад бошад. Навъи хуби он даҳонфожаест, ки ҳангоми гувориши охирин ба амал ояд ва барои берун рондани фазла бошад. Гоҳе боиси даҳонфожа кардану хештан кашидан сармо, фишурдашавӣ, камҳалшавӣ ва аз хоб пеш аз вақт хестан бошад. Ин гуна даҳонфожа барои рондан ва фишор додане бувад, [ки хилтҳоро биронад].
Шароби ба андозаи баробар [бо об] омехта, агар андар миён сабаби дигаре монеъ нагардад, даҳонфожаву хештанкаширо хуб аст.
Фасли чаҳордаҳум андар илоҷи мондагии варзишӣ

Мо гӯем: ғамхорӣ кардан аз барои муолаҷаи мондагӣ аз бисёр бемориҳо, аз ҷумла аз табҳо, эмин хоҳад дошт.
[Илоҷи] мондагии (174) решӣ чунин аст, ки агар сабабаш варзиш бошад, баробари падид омадан бояд варзиш коҳиш дода шавад ва агар бо варзиш фузун шудани хилтҳои [ба сӯи пӯст] кашидашуда ва ё хом мондани ба қарибӣ рӯйдода ёр бошад, зиёни онҳоро ба воситаи гуруснагӣ ва истифроғ пешгирӣ кунанд ва он чиро, ки андар ноҳияи пӯст ҷамъ шудааст, аз тариқи молидани бисёр, нарм ва бо равғани холӣ аз гирандагӣ ба таҳлил бибаранд. Андар рӯзи севвум варзиши бозоранда (истирдодӣ) ба кор баранд. Андар рӯзи аввал аз ҷиҳати кайфият ба андозаи ҳамешагӣ ғизо дода шавад, вале аз ҷиҳати миқдор онро кам кунанд. Андар рӯзи дуввум ғизоҳои тар ба вай бидиҳанд.
Агар рагҳо пок бошанд ва андар гӯшти мондашуда [хилти] хом ҷой дошта бошад, пас, молиш онро хусусан ҳангоме пазонад, ки агар қувваи доруҳои гармифизоянда андар он нуфуз карда бошад. Равғани сафедор (ғарб) барои он сахт нофеъ аст. Равғанҳои шибиту бобуна ва монанди

он, пухтакови бехи чугундари андар равған ва андар ҷогаҳи дучандӣ [пӯхта], равғани бехи хитмӣ, равғани бехи хиёри даштӣ, фошро, равғани ушна ва низ ҳар равғане, ки андар он ушна биафкананд, ҳама хубанд.
Ғараз аз муолаҷаи мондагии тамаддудӣ бо молиши нарм ва равғани гармифизоянда [молидан] андар офтоб ва [бо] гармоба кардан бо оби нимгарм ва дер истодан андар он нарм намудани он чизест, ки сахт бошад. [Бемор] ҳатто агар андар рӯзе ду-се бор ба обзан дарояд, равост. Аз паси ҳар гармоба кардан равған бимолад. Агар ба сабаби ночор хушк шудани арақ ва ҳамроҳи он кашида шудани равған ба дубора равған молидан эҳтиёҷ афтад, бояд ки чунин кунад. Бояд ғизои тари миқдораш кам бихӯрад, зеро ӯ ба кам кардани ғизо бештар аз [бемори мондагии] решӣ ниёзманд аст. Ин мондагиро варзиш ба таҳлил бибарад. Худи мондагӣ [112] агар худ ба худ ба сабаби фазлаҳои ситабр падид омада бошад, аз истифроғ намудан чора нест. Агар ба сабаби боди азҳамкашандае падид омада бошад, пас онро мисли зира, каравиё ва анисун ҳал кунанд.
Аммо ғараз аз тадбири мондагии омосӣ се чиз аст:
нарм намудани он чизе, ки аз ҳам кашида шудааст; сард сохтани он чизе, ки гарм шудааст; ва берун рондани фазла. Ҳамаи ин аз роҳи равғани бисёр ва нимгарм молидан, молиши бисёр нарм [ба кор бурдан], дер истодан андар оби каме моил ба тафсонӣ ва осудагӣ гузидан анҷом ёбад.
Аммо ба ҳангоми [мондагии] аз норасоӣ буда, аз тадбири тандурустон чизеро тағйир нахоҳанд дод, вале обе, ки андар он оббозӣ карда шавад, бояд тафсонии он бештар бошад. Зеро оби ниҳоят тафсон илова ба он, ки андар вай зиёне чун зиёни оби сард ёфт намешавад, пӯстро зич созад.
Андар [оби сард] ҳарчанд пӯст зич шавад, вале сардии он мумкин аст ба тане нуфуз кунад, ки лоғар аст ва шояд сабаби лоғарияш ковок будани пӯсти ӯ бошад, балки он бештар [аз ин сабаб] аст. Рӯзи дуввум варзиши бозоранда ба оҳистагӣ ва нармӣ ба кор бурда шавад ва гармоба ба ҳоли рӯзи якум бимонад. Сипас [беморро] якбора ба оби сард ғӯта задан бифармоянд, то пӯсташ зич ва ҳалшавӣ кам ва андар вай тарӣ нигоҳ дошта гардад. [Оби сард] бо бадане дучор ояд, ки барои муқовамат бо [сардӣ] дорои як миқдор гармист ва кайфияти онро бигирад. Ин ду сабаб барои рондани зиёни сармои [об], хусусан агар андар он ғӯта зада, филҳол берун оянд, кумак расонанд, бояд андар он наистанд ва агар андар он биистанд, [аз зиён] роҳи халосӣ нест. [Беморро] пагоҳӣ андаке ғизои тариоваранда бидиҳанд, то ки ба ҳангоми шом як бори дигар молиш додан мумкин шавад ва бояд хӯроки шом дер хӯрда шавад ва бикӯшанд, ки фазлаҳоро аз [тани] ӯ бо равғани хуш молидан биронанд ва бояд равған ба шикамаш нарасад. Вале агар андар мушакҳои шикам мондагӣ ҳис кунад, лозим аст, ки он ҷойро ба оҳистагию нармӣ равған бимоланд. Бояд ғизояшро бо фаровонӣ биафзоянд, вале бояд эҳтиёт кард, ки ғизоҳо [андар мизоҷ] сахт гарм набошанд.
Ҳар мондагие, ки сабабаш ҳаракат бошад, баробари зоҳир шудани асари мондагӣ агар тарки [ҳаракат] карда шавад, падид омадани онро боз хоҳад дошт. Сипас варзиши бозорандаро ба кор баранд, то ки ҳаракати муътадил моддаҳоро ба сӯи пӯст ронад ва молише, ки андар миёни ҳаракат ҳангоми боз истодан воқеъ гардад, он [моддаҳоро] ба таҳлил харҷ намояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ