Қонуни тиб

Фасли дахум
андар он чизе, ки
бояд сипастар аз ин ҷой оварда шавад
Он чизе, ки бояд андар ин ҷой ёдоварӣ шавад, кори ҷимоъ, муътадил гардонидани он ва пешгирӣ кардани зиёнҳои вай бувад. Мо гуфторро андар баёни он то овардани китобҳои [бемориҳои] ҷузъӣ пас гузорем. Он чи ки низ андар ин ҷой бояд гуфта шавад, масъалаи доруҳои шикаморанда ва пешгирӣ кардан аз зиёнҳои онҳост. Мо низ як бахши гуфтори андар ин хусус бударо то овардани мақолаҳои худ андар илоҷ ва бахши дигари онро то овардани гуфторҳои худ оид ба доруҳои шикаморанда мавқуф гузорем. Вале бояд бигӯем, ки шахсони ба нигоҳ доштани тандурустӣ муҳтоҷ бояд шикам рондан, пешоб овардан, арақ резондан ва назла берун оварданро ва занон бояд ҳайз [тозонданро] бо он чизе ба худ вазифа кунанд, ки андар ҷои худ онро шарҳ дода, маълум хоҳем кард.
Фасли ёздаҳум андар қавӣ гардонидани андомҳои нотавон, фарбеҳ намудани онҳо ва бузург сохтани ҳаҷми онҳо
Мо гӯем: андомҳои нотавон ва хурдро [бад-ин гуна] нерӯманд ва бузург бигардонанд: андар касоне, ки ҳанӯз андар синни болишанд, [бо ғизо] ва андар касони солхӯрда бо молиши муътадил ва варзиши пайвастаи хоси [андомҳо].
Сипас зифт бимоланд.
Нафасро ба дарун кашида, нигоҳ доштан, хусусан агар андом андар ҳамсоягии синаву шуш бошад, андар ин боб бидарояд. Мисоли он чунин аст, ки ҳар киро соқҳо камқувват бошад, мо онро андаке нафасро дарун кашидан ва молиши муътадил фармоем ва тилои зифтияш бимолем, сипас рӯзи дуввум молиш ба ҳоли худ бидорад ва варзишро биафзояд ва ба рӯзи севвум низ молишро ба ҳоли худ нигоҳ дорад ва варзишро биафзояд, вале агар далели фарох шудани рагҳо ва фурӯ рехтани моддаҳо падид ояд, бими андар ҳар як андом ба амал омадани омос ва офати пуриеро дорад, ки хоси он бошад, чунонки андар ин ҳангом бими падид омадани даволӣ ва поғура бошад. Агар аз ин ҷинс чизе падид ояд, варзиш ва молиши мекардаамонро коҳиш хоҳем дод, балки аз он боз истода, он [шахсро] бар паҳлу бихобонем ва он андомро, масалан, агар андар шахси [111] соқаш пажмурда бошад, пои вайро бардошта, баръакси аввала, яъне аз сари панҷаи по молида, ба сӯи буни он биравем. Агар бихоҳем, ин корро андар андоме анҷом диҳем, ки ба андомҳои нафасгирӣ наздик бошад, масалан, андар сина, бояд бахши поёнии он бо тасмаи шиддаташ миёна ва паҳноияш муътадил баста шавад. Сипас дастонро варзиш дода, нафасро сахт андарун кашида, ҳабс кардан, бо овози баланд фарёд кардан ва молиши тунук фармоем. Баъд андар китобҳои [бемориҳои] ҷузъӣ тафсили пурраи ин мухтасар бароят оварда хоҳад шуд ва онро андар Китоби оростагӣ интизор бош.
Фасли дувоздаҳум андар хастагиҳое, ки аз паси варзишҳо падид оянд
Синфҳои мондагӣ сетоанд ва бар онҳо чаҳорумро афзудаанд, ки пайдоиши он бар ду ваҷҳ аст. Синфҳои сегона решӣ, тамаддудӣ ва омосӣ буванд ва оне, ки изофа шудааст, мондагиест, ки онро норасоӣ, хушкӣ ва бетӯшӣ хонанд.
Решӣ мондагиест, ки аз он андар рӯи пӯст ва ё андар фурӯтари он дарде дарёбанд, ки аз совидани реш дарёфта шавад. Қавитари он амиқтари он бувад. Ин гоҳе бо совидан (173) ҳис карда шавад ва гоҳе худованди он ҳангоми ҳаракат кардан ҳис кунад. Бисёр бошад, ки чун халидани хор ҳис кунанд ва аз он ҳаракатҳо ва ҳатто худро кашидан бад намоянд ва худро ба сустӣ бикашанд.
Агар ин [мондагӣ] шиддат ёбад, фарошо дарёбанд ва агар аз ин ҳам бештар гардад, эшонро ларза ва таб падид оянд. Сабаби он бисёрии фазлаҳои тунуки гарм ва ё бар асари ҳаракати сахт гудохтани гӯшту равған бувад. Умуман хилтҳои бад агар андар рагҳо паҳн шаванд, хуни хуб офати онҳоро бишканад ва чун ба ноҳияҳои пӯст бирасанд, ҳамчун озори холис бирасанд. Камтарин озоре, ки оваранд, падид омадани ҳамин ҷинс аз мондагист. Бинобар ин, агар каме ҳаракат кунанд, фарошо падид оварад ва агар бештар ҳаракат кунанд, табларза падид оварад. Гоҳе аз миёни онҳо хилтҳои тез [ба сӯи пӯст] бигзаранд ва андар рагҳо [хилтҳои] хом боқӣ бимонанд. Гоҳе андар гӯшт ҳам [хилти] хом бишавад.
Аз [мондагии] тамаддудӣ худованди он чунин эҳсос кунад, ки гӯӣ танашро кӯфта бошанд ва гармию азҳамкашидагӣ [низ] ҳис кунад. Худованди чунин [мондагиро] ҳаракат ва худро кашидан бад ояд, хусусан агар [мондагӣ] аз ранҷ бошад. Ин [мондагӣ] ё аз сабаби фазлаҳоест, ки андар мушакҳо боздошт шудаанд, вале гавҳари онҳо хуб буда, ҳеҷ газанде андар хеш надоранд ва ё аз сабаби бод бувад.
Фарқи миёни ин ду андар ҳолати сабукию гаронист. Бисёр вақт [ин мондагӣ] аз сабаби хоби нотамом падид ояд, вале агар баъд аз хоби пурра падид ояд, пас, андар ин ҷо ихтилофи дигаре бувад ва ин [мондагӣ] бадтарини синфҳои он ва сахттарин мондагие бошад, ки пораҳои мушакҳо рост кашида шаванд.
Мондагии омосӣ чунин аст, ки тан аз ҳарвақта бештар гарм шавад ва андар ҳаҷм, ранг ва озор ёфтан ва совидану ҳаракат ба чизи дамкарда монанд бигардад ва ба изофаи он азҳамкашидагӣ ҳис карда шавад.
Мондагии аз бетӯшӣ бошад, ҳолатест, ки ҳангоми он одам чунин пиндорад, ки гӯё андар тани вай беобию хушкӣ ба ҳадди ифрот расидаанд. Ин аз он сабаб бошад, ки ё ба иловаи хубии кимус варзиш ба ифрот кунанд ва баъди он молиши бозоварандаи дурушт ба кор баранд ва ё мумкин аст он аз сабаби хушкии ҳаво, кам хӯрдани ғизо ва рӯзадорӣ бошад.
Аммо баёни ваҷҳи падидоии мондагӣ чунин аст: Он аз он сабаб бошад, ки ё аз варзиш ба амал ояд ва ин беосебтар буда, тариқи муолаҷаи он ба ваҷҳи хоси он бувад ва ё аз пеши худ ба амал ояд, ки ин муқаддимаи беморист.
Илоҷи он ба тариқест, ки хоси вай бошад.
Мумкин аст, ки баъзеи онҳо бо баъзеи дигараш ба ҳасби таркиб ёфтани моддаҳои хеш ё худ ба худ ва ё ба сабаби варзиш таркибро ташкил кунанд. Чун тадбири [мондагиҳои] муфрадро донистӣ, онро аз рӯи қонуне, ки бароят мегӯям, метавонӣ бар тадбири [мондагиҳои] мураккаб татбиқ намоӣ. Он [қонун] чунин аст: воҷиб аст, нахуст бештари ғам хориро ба чизе равона кунӣ, ки аз ҳама муҳим аст ва дар баробари ин бояд чизи аз он пасттарро низ тадбир биандешӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё