Қонуни тиб

Табъ: Гурӯҳе гуфтаанд, ки он сард ва хушк аст. Дигарон гуфтаанд, ки он ба қувват гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Сахт зудоянда аст ва ба наздики Дисқуридус сӯзонандаи уфунатоваранда бувад.
Оростагӣ: Алмос дандонҳоро ниҳоят бизудояд.
Андомҳои сар: Гурӯҳе гуфтаанд, ки агар онро андар даҳон бигиранд, дандонҳоро бишканад. Эшон гуфтаанд, ки ин ё ба иллати хосияти он аст ва ё ба иллати заҳри афъиҳоест, ки андар ҷойгоҳи алмосбуда бисёр бошанд.
Ин гуфтаи касоне бошад, ки газофи бисёр гӯянд ва намедонанд, ки заҳри афъӣ чун ба берун андохта шавад ва хусусан агар бар вай рӯзгоре гузашта бошад, чунин таъсир кардан натавонад.
Андомҳои ронанда: Гурӯҳе гуфтаанд, ки агар донае аз онро ба як сари обдуздак бо сақизи румӣ часпонида, ба обгаҳ андароваранд, сангро хурд хоҳад кард. Инро ман аз қабили чизҳои дур аз ҳақиқат шуморам.
Заҳрҳо: Алмос заҳри қаттол аст.
47. АРМОК1 – АРМОК
Symplocos racemosa Roxb.
Моҳият: Армок чӯби ямании хушбӯест, ки андар ранг қирфаро монад.
Оростагӣ: Армок бӯи даҳон хуш кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Аз он зимод ниҳодан омосҳои гармро суд дорад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Армок аз паҳн шудани решҳо судманд буда, онҳоро боз дорад, фароҳам орад ва ба миёнҷии хушкифизоии бегазанди хеш онҳоро бихушконад. Он андомҳоро аз гандидан нигоҳ дорад.
Андомҳои сар: Мағзро қавӣ кунад, вораҳоро мустаҳкам созад ва бемориҳои даҳонро созгор бувад.
Андомҳои чашм: Хӯрдани он рамадро судманд бошад.
Андомҳои нафасгирӣ ва сина: Дил ва ҳамаи андомҳои андаруниро қавӣ созад.
Андомҳои ронанда: Армок табиатро батамомӣ бибандад.
48. (261) АЛЛАБАХ – ЛАБАХ
Mimusops Schimperi Hochst.
Моҳият: Гӯянд, ки он сидр аст, вале ман гӯям, ки агар сидр аллабах бошад, пас, шоистаи он аст, ки андар боби «лом» ёд карда шавад Ин аз ҷинси дарахтони бузург буда, чун ба Мисраш бурдаанд, андар он ҷой таъмаш бигаштааст. Дисқуридус гӯяд: «Ин дарахт андар Миср бирӯяд ва дорои самарест хӯрданӣ. Гоҳе андар ин дарахт як намуд ғунда ва хусусан он ғундае ёфт шавад, ки андар ноҳияи Саъид зиндагӣ кунад. Гурӯҳе аз мардум гуфтаанд, ки ин дарахт андар кишвари Форс марговар будааст ва чун ба Мисраш оварданд, таъми [самари] он бигаштааст ва чунон шудааст, ки онро бихӯранд ва ҳеҷ зиёне нарасонад».
Феълҳо ва хосиятҳо: Агар [хокаи] барги ин дарахтро бар ҷойҳое, ки аз онҳо хун ҳамеояд, бипошанд ва ё бар андом биниҳанд, хунравиро боз дорад.
- ИНСОН – МАРДУМ
Homo [Оростагӣ]: Гуфтаанд, ки мании одам баҳакро бибарад. Ҳамчунин намаки пешоби бачагон, ки андар ҷогаҳи мисин гирифта бошанд, чунин бувад ва доғи кунҷидаро бизудояд. Бирози ӯ баҳаки сафедро суд кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Дурди пешоби мардум, чунонки гуфтаанд, оташакро фурӯ нишонад. Бирози ӯ низ андар ҳоли гармӣ чунин кор кунад. Хокистари мӯи мардум табишҳо беҳ кунад ва агар бо равғани гов биомезанд, омосҳои хазандаро боз дорад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Пешоби мардум гари решшуда ва хоришро бизудояд ва пеши хазидани решҳои палид ва парюнро бигирад. Хусусан мании мардум аз парюн судманд бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Гӯянд, ки хуни ҳайз дарди ниқрисро бинишонад ва мании мардум бо мум ва равғани зайтун низ чунин бувад.
Андомҳои сар: Чунонки [баъзеҳо] даъвӣ кардаанд, агар сӯхтаи мӯи мардумро бо равғани гул андар гӯш ва дандони дарднок бичаконанд, дардро фурӯ бинишонад.
Оби даҳони шахси рӯзадор кирмро аз гӯш берун орад ва устухони сӯхтаи мардумро аз барои саръ биошоманд.
Чирки гӯши мардум аз дарди нимсара судманд аст.
Андомҳои чашм: Пешоби мардум агар бо ангубин андар ҷогаҳи мисин ҷӯшонида шавад, сафедии чашмро бизудояд ва аз хунпечидагӣ нофеъ бошад. Сӯхтаи мӯи мардум бо мурдосанг гар ва хориши чашмро суд бахшад.
Андомҳои нафаскашӣ ва сина: Гуфтаанд, ки пешоби бачагонро агар биошоманд, аз душвории нафас ва нафаси росто нофеъ бошад. Бало занад чунин илоҷро. Шири зан ҳангоми сил сахт муфид аст ва ин [низ] доруи харгӯши дарёист.
Андомҳои ғизокашӣ: Гуфтаанд, ки шири мардум газанди меъдаро фурӯ нишонад. Як сукарраҷа пешоби ӯро агар бо сикангубин номаълум [ба бемор бидиҳанд], ин хусусан агар бо оби ангубин ва оби нахӯд бошад, ярақонро суд бахшад. Бирози ӯ низ чунин бошад.
Андомҳои ронанда: Шири мардум пешобро битозонад. Гӯянд, ки ба зер баргирифтани хуни ҳайзи холис аз обистан боз дорад. Шири занон ҳам ба тариқи пухтаковрезӣ ва ҳам ба тариқи ба зер баргирифтан решҳои заҳдон ва хуроҷҳои онро нофеъ аст. Гӯянд, ки агар се ратл аз пешоби мардум бо гандано ҷӯшонида шавад, исҳолро бибурад ва раҳмро пок кунад.
Табҳо: Бирози хушк бо ангубин ва ё хамр агар ҳангоми табҳои даврӣ ошомида шавад, давраҳои онҳоро боз дорад.
Заҳрҳо: Шири зан тарёки харгӯши дарёист. Дандонҳои мардумро чун бисованд ва бар газидагии афъӣ бипошанд, онро суд бахшад. Бирози мардумро бар ҷои газидагии инсон бипошанд. Оби даҳони мардум, ки ношито гирифта бошанд, каждум ва морҳоро бикушад. Агар як одам одами дигарро ношито бигазад, андоми газидагӣ реш хоҳад шуд. - АБРИСИМ – АБРЕШИМ
Sericum
Моҳият: Ин ҳарир ва аз ҷумлаи хуррамдоруҳои хосси дил аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё