Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан
  1. ИТОА1 – МАҶНУНБЕД
    Salix babylonica L.
    Моҳият: Ин дарахти ғарб буда, андар боби «ғайн» ёд шавад2.
  2. УРАЗ – ГУРИНҶ
    Oryzа sativa L.
    Моҳият: Ин ғаллаи маъруф аст.
    Табъ: Гуринҷ гарми хушк аст ва хушкияш зоҳиртар бувад, лекин гурӯҳе гуфтаанд, ки он гармтар аз гандум аст.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Гуринҷ ғизои хуб диҳад, вале ҳарчи бештар ба хушкӣ бикашад. Агар онро бо шир ва равғани бодом бипазанд, бештар ва хубтар ғизо бахшад ва хушкифизоию бастанаш бишканад, хусусан агар як шаб андар оби сабӯс тар кунанд, [чунин хоҳад шуд]. Гуринҷ аз қабили чизҳоест, ки ба оҳистагӣ сардӣ оварад ва он дорои зудоиш бувад.
    Андомҳои ронанда: Андар об пухтаи он то андозае шикамро бибандад ва бо шир пухтаи он маниро биафзояд ва шикамро набандад, ба шарте ки бо қишраш сахт пухта ва андар бекор сохтани бахши обии шири он кӯшиш карда нашавад. (264) Хусусан андар оби сабӯс тар кардани гуринҷ, ки бекоркунандаи хушкии он аст, [боиси нобастани он бигардад].
  3. ИТРИЯ1 – РИШТА
    Моҳият: Ин як навъ таомест, ки андар кишвари мо онро «ришта» гӯянд. Ин чизҳоест мисли танобҳо, ки аз хамир омода созанд ва андар об бо гӯшт ва бо ғайри гӯшт бипазанд.
    Табъ: Оши ришта гарм аст ва рутубати беандоза дорад.
    Феълҳо ва хосиятҳо: Бе ягон шубҳа ин дергуворидашаванда ва аз меъда дергузаранда аст, аз баҳри он ки фатири ғайри хамир бувад2. Бе гӯшт пухтани он ба наздики бархе пизишкон сабуктар бошад. Вале шояд он на ба тавре бувад, ки эшон пиндоштаанд. Агар бо вай мурч ва равғани бодом биомезанд, ҳолаш андаке беҳтар шавад ва чун гуворида гардад, ғизои ниҳоят зиёде бидиҳад.

Андомҳои нафаскашӣ: Оши ришта шушро судманд аст ва хусусан агар бо хурфа пухта бошанд, сурфа ва хун партофтанро суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Оши ришта шикамро нарм кунад.
75. АНДАР1 – АНДАР
Моҳият: Ин доруи кирмонист, ки хосияти тез кардани ҳушу заковатро дорад.
76. АХИЛУС1 – АХИЛУС, БӮМОДАРОН,
БӮИМОДАРОН, ОҲАНГИЁҲ
Achillea millefolium L.

Моҳият: Инро гоҳе «сидиристис»2 хонанд. Ҷолинус гуфтааст: «Ахилус гирандатар аз сидиристис аст».
Андомҳои ронанда: Рафтани хунро [аз] решҳои рӯда ва хунравиеро қатъ кунад, ки занонро ориз бигардад.
77. УФОРИҚУН1 – МАРВИ ДАШТӢ,
ЧОЙКАҲАК
Hypericum perforatum L.
Моҳият: Маънои ин «додии румӣ» бувад.
Андомҳои ронанда: Марви даштӣ ба тариқи ба зер баргирифтан пешоб ва ҳайзро битозонад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Агар онро чиҳил рӯз пайдарпай биошоманд, қавинро беҳ кунад.
Табҳо: Агар тухми онро биошоманд, таби чаҳоррӯзиро бибарад.
78. АСИМИДИЮН1 – АФИМИДИЮН
Epimedium alpinum L.
Феълҳо ва хосиятҳо: Ин ба изофаи рутубати обии хеш сардии бисёр сахт оварад.
Андомҳои сина: Пистонро ба ҳоли норпистонӣ нигоҳ бидорад.
Андомҳои ронанда: Гуфтаанд, ки агар онро биошоманд, ошомандаро босамар бигардонад.
Ин аст поёни гуфтор аз фасли ҳарфи «алиф» ва маҷмӯи он ҳафтоду ҳафт доруст.

пешина
аз 1215
навбатӣ