Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Табъ: Андар дараҷаи севвум гарм ва хушк аст. Киндӣ даъво дорад, ки он сарди тар аст ва ӯ аз ҳақиқат сахт дур рафтааст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Кабаст ҳалкунанда, буранда ва аз маҳалли дур кашанда аст. Барги тозаи он рафтани хунро манъ кунад.
Оростагӣ: Онро бар ҷузом ва поғура бимоланд.
Омосҳо ва табишҳо: Барги тозаи он омосҳоро ҳал карда, бипазонад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз дардҳои асабу пайвандгоҳҳо, аз қавин ва ниқриси сард сахт судманд аст.
Андомҳои сар: Ҳанзал мағзро пок кунад. Бехи онро бо сирко биҷӯшонанд ва аз барои дарди дандонҳо мазмаза кунанд ва ё онро кушода, ҳар чизи андарунаш бударо берун андозанд ва [сипас] сирко андаруни он карда, андар хокистари тафсон биҷӯшонанд. Агар онро андар равғани зайтун биҷӯшонанд, чаконидани чунин равған аз бонг задани гӯш судманд бошад ва [низ] кандани дандонҳоро осон бисозад.
Андомҳои нафасгирӣ ва сина: Бо ҳанзал истифроғ кардан аз нафаси росто сахт судманд бошад.
Андомҳои ғизокашӣ: Бехи он аз истисқо хуб ва барои меъда бад бувад.
Андомҳои ронанда: Ҳанзал балғами ситабрро аз пайвандгоҳҳо ва хусусан аз асаб ба исҳол берун кунад ва низ сафроро ба исҳол оварад. Он аз қулинҷи тар ва бодӣ сахт судманд аст ва гоҳе хунро ба исҳол оварад. Онро чун ба зер баргиранд, ҷанинро бикушад. Таъсири ҳанзал ба сабаби аз рӯдагон зуд берун шудани он на ба андозае бирасад, ки аз талхии он мавриди чашмдошт аст. Он аз бемориҳои гурда ва обгаҳ суд бахшад. Як ошомидании он ба андозаи ду карама, яъне дувоздаҳ қирот бувад. Онро бояд совида, нарм кунанд. Гоҳе [чизҳои] андарунии онро аз барсӯ берун кунанд ва онро аз рубби ангур ва ё аз шароби ширини куҳан пур карда, як шабу як рӯз бигузоранд. Гоҳе онро бар фарози хокистари гарм чандоне биниҳанд, ки нарм суда бигардад ва сипас [ба бемор] бидиҳанд.
Заҳрҳо: Сабз чидаи он ба ифрот исҳол ва қай оварад ва ба андозае тоса оварад, ки қариб бикушад. Гоҳе ду донг аз ҳанзале, ки [андар буттаи хеш танҳо раста бошад]2 ва [ё] як донг аз пӯсту донаи он [одамро] бикушад.
Бехи он аз барои газидагии афъиҳо судманд аст ва он аз газидагии каждум нофеътарини доруҳост. Яке аз арабҳо чунин ҳикоят кардааст, ки ӯ чун ба як каси аз чаҳор ҷои танаш каждум газида як дирамсанг ҳанзал ошомонидааст, ӯ ҷобаҷо дуруст шудааст. Тило кардани ҳанзал низ судманд бошад.
251. ҲИММИС – НАХӮД
Cicer arietinum L.
Моҳият: Нахӯдро намудҳои бисёр аст. Баъзе нахӯд сафед, баъзе сурх, баъзе сиёҳ ва баъзе говдонагун аст.
Бархе аз он бӯстонӣ ва бархе даштист. Нахӯди даштӣ тезтар, талхтар ва бештар гармифизо бошад ва ба қувват корҳои нахӯди бӯстониро кунад, лекин ғизои бӯстонӣ беҳтар аз ғизои нахӯди даштист.
Табъ: Нахӯди сафед андар дараҷаи якум гарми хушк аст ва нахӯди сиёҳ қавитар бувад.

Хосиятҳо: Ҳар ду намуди он кушояндаи нармкунанда ва дорои бурандагист ва ғизое бахшад, ки аз ғизои боқилӣ қавитар ва хушмазатар бошад. Ҳеҷ растании ба нахӯд монанд беш аз нахӯд барои шуш ғизобахш нест.
Нахӯди тар беш аз хушк фазлаҳо бизояд.
Оростагӣ: Тило кардан ва хӯрдани он кунҷидаи сурхро бизудояд ва рангро хуб кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Нахӯд аз омосҳои гарм, сахт ва дигар омосҳо ва [инчунин] аз омосҳое, ки андар ғуддаҳо падид оянд, суд дорад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Равғани нахӯд аз парюн ва орди он барои решҳои палид, саратонӣ ва хориш судманд буванд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Нахӯд аз дарди миён суд дорад.
Андомҳои сар: Нахӯд аз табишҳои тари андар сар рӯянда судманд аст ва таркардаи он аз дарди дандонҳои курсӣ суд дорад. [Нахӯд инчунин] аз омосҳои гарм ва сахти вора (318) ва омосҳое, ки андар зери гӯшҳо ба амал оянд, нофеъ аст.
Андомҳои сина: Нахӯд овозро равшан кунад ва шушро беш аз ҳама чиз ғизо бахшад. Бад-ин сабаб аз нахӯд, яъне аз орди он, ошом омода кунанд.
Андомҳои ғизокашӣ: Ҷӯшонидаи он аз истисқо ва ярақон нофеъ аст ва хусусан навъи говдонаӣ ва сиёҳи он суддаҳои ҷигару испурч бикушоянд. Нахӯдро на андар аввали таъом ва на бар охири он набояд хӯрд, балки андар миёни [таъом бояд хӯрд].
Андомҳои ронанда: Ҷӯшонидаи нахӯди сиёҳ бо равғани бодом, турб ва карафс санги обгаҳ ва гурдаро хурд кунад. Ҳамаи навъҳои нахӯд ҷанинро берун кунанд. Нахӯд барои решҳои обгаҳ бад аст. Он боҳро сахт биафзояд ва бад-ин сабаб чаҳорпоён ва шутурони нарро ғизо нахӯд кунанд. Агар оби таркардаи нахӯдро ношито биошоманд, закарро сахт бихезонад. Ҳамаи навъҳои нахӯд шикамро нарм кунад ва хусусан сиёҳу говдонаии он суддаҳои гурдаро бикушояд. Баъзеҳо гуфтаанд, ки агар нахӯдро андар сирко тар карда, аз он ношито бихӯранд ва ним рӯз бадин ҳол сабр кунанд, кирмҳоро бикушад. Буқрот гуфтааст:
«Андар нахӯд ду гавҳарест, ки аз тариқи пухтан аз он ҷудо шаванд: яке шӯр буда, табиат нарм кунад; дигар ширин буда, пешобро битозонад. Андар ширини он дам овардан аст, ки боҳро биангезад».
252. ҲИНТА – ГАНДУМ
Triticum vulgare Vill.
Моҳият: Ин маъруф аст.
Ихтиёр: Беҳтарин гандум онест, ки андар сахтию нармӣ ва сустӣ миёна буда, бузург, фарбеҳ, нав, ҳамвор ва [рангаш] миёни сурхию сафедӣ бувад. Гандуми сиёҳ бадғизо аст.
Табъ: [Андар дараҷаи якум] гарм ва андар тарию хушкӣ муътадил аст. Писти он майл ба хушкӣ дорад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Гандуми бузургдони сурх серғизо аст. Гандуми ҷӯшонида дергувори бодангез бувад, лекин ҳар гоҳ аз худ шавад, серғизо бошад. Орди сафед ба нашоста наздик аст, лекин гармтар аз он бошад. Орди табиатан часпак ғайри орде бошад, ки бо санъат час пак бигардад ва орди бо санъат часпакро на он чизе бошад, ки орди табиатан часпакро бошад.

пешина
аз 1215
навбатӣ