Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Писти гандум дергузари бисёр бодангез буда, аз шириние чора нест, ки то онро зуд бигузаронад ва аз шустани он бо оби гарм гузир нест, то ки дамиш овардани онро бибарад. Пист хилт кам бизояд. Аммо нашоста сарди тар ва часпак аст.
Оростагӣ: Гандум рӯйро пок кунад. Орди он ва хусусан нашостаи он бо заъфарон доруи доғи кунҷида бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Писти гандум ва ҷав ҳар ду гаронанд.
Андомҳои ронанда: Агар гандуми хом ва низ гандумеро, ки орд нокарда, ҷӯшонида, пухта бошанд ва он на чун ҳариса пухта бошад, бихӯранд, кирмҳо бизояд. Ҳариса низ ҳамчунин бувад.
Заҳрҳо: Гандуми кӯфтаро агар бар ҷои саги девона газида бипошанд, судманд бошад. Ба наздики ман гандуми ношито хоида хуб аст.
253. ҲАЛБИБ1 – ҲАЛБИБ
Моҳият: Ин доруи ҳиндиест шабеҳ ба суринҷони сафед.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ошомидани он аз ниқрис ва дардҳои пайвандгоҳҳо сахт судманд аст.
Андомҳои ронанда: Балғами норасид, кирмҳо, кирми кадудона ва хилтҳои ситабрро ба исҳол берун орад.
254. ҲУММОЗ – ТУРУША, ШУЛХА
Rumex acetosa L.
Моҳият: Дисқуридус гуфтааст, ки ин растанӣ намудҳои зиёд дорад. Бархе аз он андар замини равғанӣ бирӯяд ва баргҳояш дарози нӯгтез буванд. Гоҳе ин андар бӯстонҳо низ бирӯяд. Агар ин турушаро бипазанд, хуштаъм бошад. Синфи дигаре аз он андар бешаҳо бирӯяд ва баргҳояш сахти нӯгтез буванд. Ин турушаро «уқсулобосун»1 хонанд. Синфи дигаре аз он даштӣ2, нарм ва шабеҳ ба «забони барра» бувад. Синфи дигаре аз турушаро баргҳо чун барги саътар буда, шохаҳои на чандон бузурге дорад, ки тухмҳояш бар онҳо нишастаанд. Ин туруша туруш, сурх ва тез бувад. Турушаро як синфи дигарест, ки онро «уқсалис»3 ва бархе аз мардумон «лобосун»4 хонанд.
Ин бузургтар аз онест, ки тавсифаш кардем. Ин низ андар бешаҳо бирӯяд ва қувваташ мисли қуввати дигар намудҳои турушае бошад, ки мо онҳоро ёд кардем. Бархеҳо гуфтаанд, ки навъи даштии онро «чугундари даштӣ»5 гӯянд. На андар ҳамаи анвоъи даштии туруша, чунонки пиндоштаанд, турушист, балки мумкин аст андар баъзеи онҳо турушӣ бошад. Турушаи даштӣ андар ҳама рӯй қавитар бувад.
Табъ: Туруша андар дараҷаи дуввум сарди хушк аст.
Тухми он андар дараҷаи якум сард ва андар дараҷаи дуввум хушк бувад.
(319) Феълҳо ва хосиятҳо: Туруша гиранда аст. Бемазаи он андаке таҳлил оварад, туруши он бештар қабз кунад ва оне, ки чандон туруш нест, бештар ғизо бахшад ва ин навъ ба коснӣ шабоҳат дорад. Ҳамаи навъҳои туруша сафроро фурӯ нишонад ва хилташ сутудаи созгор бошад.

Оростагӣ: Бехи он бо сирко аз барои пӯст партофтани нохунҳо [хуб] аст. Агар онро бо шароб биҷӯшонанд, зимоди он песӣ ва парюнро нафъ кунад.
Омосҳо ва табишҳо: Турушаро бар ханозир зимод кунанд. Ҳатто гуфтаанд, ки агар бехи онро бар гардани худованди ханозир биовезанд, ӯро суд бахшад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Бехи онро бо сирко барои гари решшуда ва парюнҳо [ба кор баранд]. Ҷӯшонидаи онро бо оби гарм бар хориш [бимоланд]. Худи онро низ андар гармоба бо обаш [ба кор баранд].
Андомҳои сар: Бо фишурдаи он аз барои дарди дандон мазмаза кунанд. Бо ҷӯшонидаи он андар шароб низ чунин кунанд. Туруша аз омосҳое суд дорад, ки андар зери гӯш падид оянд.
Андомҳои ғизокашӣ: Туруша бо шароб аз ярақони сиёҳ судманд аст, маниши гаштанро фурӯ нишонад ва онро аз барои иштиҳои гил бихӯранд. Агар турушаро бо сирко ҷӯшонида, бо он испурчро зимод кунанд, омоси онро ба таҳлил бибарад.
Андомҳои ронанда: Туруша ва тухми он хусусан тухми навъи бузурги он табиат бибанданд. Гуфтаанд, ки агар барги ҳама гуна анвоъи онро пухта бихӯранд, шикамро нарм кунад. Низ гуфтаанд ки андар тухми он [қувваи] мутлақи бастан ҷой дорад. [Инчунин] баъзе [пизишкон] гуфтаанд, ки тухми бирённокардаи туруша лағжонанда ва нармкунанда аст. Бехи кӯфтаи он барои сайлони раҳм [судманд] аст ва агар онро андар шароб афканда, биошоманд, санги гурдаро хурд кунад. Туруша ба иллати часпакие, ки андар он аст, аз саҳҷи ба сабаби сахтии бироз падидомада суд дорад, вале бо вуҷуди барои саҳҷ судманд буданаш лағжонанда бувад. Агар тухми турушаро биошоманд ва онро бо об ва хамр фурӯ баранд, аз реши рӯдагон ва исҳоли деррав суд бахшад. Агар онро бисованд ва зан ба зер баргирад, рутубатҳои ба сурати сайлони деррав аз раҳм сайлонкунандаро аз сайлон кардан боз дорад. Агар онро бо шароб ҷӯшонида, биошоманд, санги андар обгаҳ бударо хурд кунад ва хуни ҳайзро сахт битозонад.
Заҳрҳо: Туруша ва хусусан даштии он аз газидагии каждум судманд аст. Агар тухми онро пеш аз газидани ҷунбандагони зиёнкор ва каждум ба кор бибаранд, заҳри онҳо зиён накунад.
255. ҲАРШАФ – ҲАРШАФ
Cynara scolymus L.
Моҳият: Ин яке аз намудҳои кангар аст1.
Табъ: Муътадили моил ба гармист ва тарияш майл ба дараҷаи дуввум дорад. Хузистонӣ гӯяд, ки он сарди тар аст.
Масеҳ гӯяд, ки он андар феълҳо чун ҳалюн буда, андар дараҷаи якум гарми тар аст. Вале дигар кас гуфта аст, ки он андар дараҷаи якум гарм ва андар дуввум тар аст. Ба Ҷолинус чунин гуфтаро нисбат додаанд: «Ҳаршаф андар охири дараҷаи дуввум гарм аст». Ба наздики ман чунин аст, ки ҷинсҳои ҳаршаф зиёданд ва табъҳояшон гуногун буванд.
Феълҳо ва хосиятҳо: Он каме пок кунад ва хушкӣ оварад ва дорои латифӣ бошад. Хузистонӣ гӯяд, ки он савдо бизояд, вале ин [гуфтаи] ӯ аз ҳақиқат дур аст.

пешина
аз 1215
навбатӣ