Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар онро бо шароби куҳан биошоманд, шикамро бибандад ва пешобро битозонад.
380. ЛУФФОҲ – ЛУФФОҲ
Fructus Mandragorae (M. officinarum L.) Моҳият: Ин маъруф аст ва мо онро андар боби «ябруҳ»
муфассал ёд кардем1.
Табъ: Ба наздики ман луффоҳ то ба дараҷаи севвум сард аст [ва низ] тар бувад.
381. ЛУБНО1 – ЛАБАНӢ
Resina Styracis (Styrax officinaLes L.; Liguidambar orientalis Mill.) :
Моҳият: Ин майъа2 аст ва равони онро «ангубини лабанӣ» ва «истурак»3 номанд. Он чакидаи дарахтест, ки мисли биҳӣ бошад. Мо он чи, ки гуфтанӣ будем, андар боби «истурак» гуфтем ва он гуфторро, ҳарчанд такрор ҳам бошад, андар ин ҷо биоварем. Гуфтаанд, ки он равғани дарахти дигари румист.
Ихтиёр: Беҳтарини гунаҳои майъа онест, ки худ ба худ равон шавад, шаҳдии самғӣ ва хушбӯй буда, рангаш ба зардӣ бизанад ва сиёҳу холгун набошад. Гоҳе баъзеи он равони шабеҳ ба мурр бошад. Баъзан онро бо равғанҳо ва ангубин бад-ин гуна мағшуш созанд, ки онро андар офтоб парварда, сипас фишурда бигиранд.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар дуввум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Лабанӣ дорои қувваи пазонандаи ниҳоят нармкунанда, гармифизо ва ҳалкунанда аст.
Дудаи он ба дудаи кундур монанд аст ва он ба табъ карахткунанда бувад. Равғани он, ки онро андар Шом ҳосил кунанд, сахт нармкунанда аст.
Омосҳо ва табишҳо: Лабанӣ сахтиҳои андар гӯшт бударо судманд аст ва онро бо равғанҳо бар табишҳои тару хушк тило кунанд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Лабаниро бар гари тару хушк тило кунанд ва он барои ин кор тилои хубе бувад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Лабанӣ андомҳоро қавӣ созад ва ошомидану тило кардани он печидагии пайвандгоҳҳоро суд бахшад. Он андар таркиби равғанҳое бидарояд, ки аз барои мондагӣ буванд.
Андомҳои сар: Лабании тар ва хушкро бахур кардан назларо бибандад ва он барои зуком ғояти дармон бувад, Лабанӣ ва хусусан равғани он дорои қувваи суботовар аст.
Андомҳои сина: Лабанӣ аз сурфаи деррав, балғам ва дарди гулӯ судманд аст ва баробари сахт нармӣ овардан овози хастаро равшан кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Лабанӣ гуворанда бувад.
Андомҳои ронанда: Лабанӣ табиатро нарм кунад ва пешобро битозонад. Агар онро биошоманд ва ё ба зер баргиранд, хуни ҳайзро ба таври дуруст битозонад ва сахтии раҳмро нарм кунад. Хушки он шикамро бибандад. (351) Агар як мисқол аз майъаи хушк ва ё равонро бо якчанди он аз самғи бодом биошоманд, бидуни газанде балғами часпакро ба исҳол берун орад.
Ҷойнишинҳо: [Якчанди он] гунди бедастар ва дучанди он равғани ёсамин ҷои онро бигиранд.

  1. ЛОЗУВАРД – ЛОҶУВАРД
    Lapis lazuli
    Моҳият: Қувваи он чун қувваи сирешуми зар1, вале андаке заифтар бувад.
    Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарм ва андар севвум хушк аст.
    Хосиятҳо: Лоҷувард дорои қувваи сӯзонандаи уфунатоваранда аст ва баробари тезию қабзи андак зудоянда бувад. Лоҷувард бисӯзонад ва реш кунад.
    Оростагӣ: Лоҷувард озахҳоро бирезонад.
    Андомҳои чашм: Лоҷувард мижгонро хуб кунад ва биафзояд ва он, чунонки гуфтаанд, ё бо хосияти худ ва ё ба сабаби он, ки хилтҳои бади монеи хуб рӯидани мӯйро берун мекунад, беҳтарин доруи мижгон бувад.
    Андомҳои сина: Лоҷувард аз дама судманд аст.
    Андомҳои ронанда: Агар онро биошоманд ва ё ба зер баргиранд, пешобро хуб биронад ва савдову ҳар чизи ситабри бо хун омехтаро ба исҳол берун кунад. Лоҷувард аз дарди гурдаҳо судманд бошад. Як ошомидании он то чаҳор карама ва омехта бо доруҳо то ду дирамсанг бувад.
  2. ЛАКК1 – ЛОК
    Lacca Buteae (Butea frondosa Roxb.) Моҳият: Яке аз [пизишкон], яъне Фулус гуфтааст:
    «Лок самғи як гиёҳе буда, шабеҳ ба мурр ва хушбӯй аст ва бояд онро бо эҳтиёт ба кор бурд». Дигарон инро ғалат шуморида, гуфтаанд, ки ин каҳрабост, вале баъзеи дигар гуфтаанд, ки ин худи лок буда, лекин андар бисёр хислатҳо қувваи каҳраборо дорад.
    Оростагӣ: Лок сахт лоғар кунад.
    Андомҳои нафаскашӣ: Аз хафақон судманд аст.
    Андомҳои ғизокашӣ: Лок ҷигарро суд дошта, онро қавӣ созад ва аз ярақон, истисқо ва дардҳои ҷигар судманд аст.
  3. ЛОЪИЯ1 – ЛОҒИЯ
    Euphorbia triaculeata Forsk.
    Моҳият: Дарахти барокӯҳиест, ки гули каме хушбӯй дорад ва магаси ангубин онро бихӯрад. Чунин ба назар бирасад, ки он дарахте бошад, ба Фарова ва Бушанг «тарёк»-аш хонанд, вале ман инро таҳқиқ накардаам. Қувваи он ба [қувваи] ганданои кӯҳӣ монанд аст, лекин аз он заифтар бувад. Ин [растанӣ] исфидакшир аст.
    Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст ва гуфтаанд, ки то ба дараҷаи чаҳорум гарми хушк бошад.
    Хосиятҳо: Агар аз шири он андар ҳавзи моҳидор биафкананд, онҳоро бар рӯи он барорад.
    Андомҳои ғизокашӣ: Он сахт қай оварад.
    Андомҳои ронанда: Обро ба исҳол оварад.
  4. ЛИҲЯТУ-Т-ТАЙС1 – «РИШИ БУЗ»
    tragopogon pratensis l.
    Табъ: Дорои андаке гармӣ ва сардиест, ки гармияшро ба дараҷаи ширгармӣ бирасонад. Яъне он чунон аст, ки сахт сард нест, балки сардияш андар охири дараҷаи якум аст ва хушкияш сахт буда, то ба дараҷаи севвум бирасад.
    Хосиятҳо: Он то андозае гиранда аст ва бехаш беш тар гиранда буда, барои сахт сохтани андомҳо андар таркиби тарёк бидарояд.
пешина
аз 1215
навбатӣ