Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фишурдаи он андар қабз кардан ба дараҷаи тухми гул бирасад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Агар барги онро хушк бикунанд, [ҷароҳатҳоро] фароҳам оварад ва он аз решҳои куҳан судманд аст. Шукуфаи он андар ҳамаи ин [корхо] қавитар бувад.
Андомҳои сар: Бехи он яке аз доруҳоест, ки чирки гӯшро бизудояд, решҳои онро хушк кунад ва аз карӣ судманд бошад.
Андомҳои нафаскашӣ: Агар аз гул, барг ва ё бехи он кадомашро ки бошад, бо оби ҷав аз барои решҳои шуш биошомонанд, суд бахшад. Фишурдаи он аз барои хунпартоӣ [судманд аст].
Андомҳои ғизокашӣ: «Риши буз» ва хусусан фишурдаи он меъдаро қувват бахшад ва рехтани моддаҳоро ба сӯи он боз дорад.
Андомҳои ронанда: Агар «риши буз» ва хусусан гул, ё фишурдаи онро бо шароб [ба бемор] бидиҳанд, биошомад, қавитарин дору барои решҳои рӯдагон бувад. Зимод кардан ва ошомидани он аз барои рафтани хун аз заҳдон [хуб аст].
386. ЛУФ – ФИЛГӮШ, КУЧАЛА
Arum dracunculus L. et A. italicum Mill.
Моҳият: Гунае аз он ҳамвор аст ва гунае гесугуна. Филгӯши гесугуна гармтар аз он филгӯшест, ки онро «филгӯши мор» номанд. Филгӯши ҳамвор дорои [гавҳари] хокии зиёдест ва бад-ин сабаб зудоиши он аз зудоиши навъи гесугуна камтар аст, вале ҳар ду зудоянда буванд. Дисқуридус гуфтааст, ки барги он ба барги дроқунтун1 монанд буда, ба сабаби дорои пайҳои гуногун будан хурдтар аз он аст. Решаи он як ваҷаб ва бехаш мисли бехи доруи ёдшуда буда, ба ҳовандаста шабоҳат дорад. Самари филгӯши гесугуна чунон хурд аст, ки гӯӣ [меваи] зайтун бошад.
Табъ: Филгӯши ҳамвор андар охири дараҷаи якум гарм ва хушкифизост. Гесугунаи он андар охири дараҷаи дуввум гармиоваранда аст. Қавитарин бахши он тухмаш ва нофеътарин бахши он бехаш бувад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Филгӯш суддаҳоро бикушояд, хилтҳои часпаки ситабрро ба таври муътадил бибурад ва он дорои зудоиш бошад. Аммо филгӯши гесугуна андар ҳамаи ин [корҳо] қавитар аст ва қавитарин чиз андар ҳар ду навъ хусусан андар навъи ҳамвор [қувваи] хокии онҳост.
Оростагӣ: (352) Бехи филгӯши гесугуна хусусан бо ангубин доғи кунҷида, баҳак ва кунҷидаи сурхро бизудояд.
Онро бо шароб бар кафидагиҳои аз сармо буда бимоланд.
Омосҳо ва табишҳо: Филгӯш омосҳои ба зудоиш муҳтоҷро судманд аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Бехи филгӯш ва хусусан бехи навъи гесугунаи онро бо ҳазоргашон биомезанд ва он андар таркиби марҳамҳои [решҳои] палид бидарояд. Он филгӯше, ки дорои рутубат аст, барои чароҳатҳо беҳтар аз филгӯши хушк бувад. Филгӯши хушк яке аз доруҳоест, ки ҳангоми ҷароҳатҳо бад-он эҳтиёҷ биафтад. Гоҳе аз он ба ҷои фатила барои марҳамҳо, решҳо ва носурҳо хока бисозанд. Аз бехи он аз барои носурҳо ғӯзаҳо омода кунанд. Барги он барои ҷароҳатҳои бад хуб аст.

Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Филгӯш бо саргини гов барои ниқрис ва сустии мушакҳо хуб аст.
Андомҳои сар: Фишурдаи хӯшаи бӯстонии он аз дарди гӯш суд дорад. Агар онро бо равғани гул андар бинӣ кунанд, хӯра ва саратони андар он бударо нафъ кунад.
Агар фишурдаи хӯшаи филгӯши морро, ки андар сари он бирӯяд, бигиранд ва агар онро бо равғани зайтун омехта, андар гӯш бичаконанд, дарди онро ором кунад. Бехи филгӯш яке аз доруҳоест, ки чирки гӯшро бизудояд, решҳои онро бихушконад ва аз карӣ суд бахшад. Тухми филгӯш бавосиреро, ки андар бинӣ падид ояд, ҳатто навъи саратонӣ ва гузашта аз он худи саратонро шифо бахшад.
Маслаҳат он аст, ки вайро бо пораи пашме андар сӯрохҳои бинӣ бидароранд.
Андомҳои чашм: Бехи он решҳои чашмро судманд аст.
Андомҳои нафаскашӣ: Хунпартоӣ, дамкӯтоҳӣ ва росто нафас гирифтанро бад-ин тариқ суд бахшад, ки онро чанд бор биҷӯшонанд, то ин ки доругияш биравад ва сипас каси нафаси росто ва дамкӯтоҳии куҳандошта онро ғизо кунад. Бехи он низ чунин суд дорад, вале ин кор андар навъи гесугуна қавитар бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз хӯрдани филгӯш хилти ситабр ба амал ояд.
Андомҳои ронанда: Навъи гесугунаи он бо шароб боҳро биангезад, гурдаҳоро пок кунад ва бавосирро судманд бошад. Гуфтаанд, ки агар сӣ дона аз тухми филгӯши гесугунаро бо сиркои омехта ва ё бо шароб бигиранд, ҷанинро биафтонад. Гоҳе ғӯзаи аз он сохтаро чун ба зер баргиранд, [ҷанинро] биафтонад ва бисёр бошад, ки чун ин растаниро ҳангоми пажмурда шудани гулаш бибӯянд, бачаро биафтонад. Филгӯш гоҳе пешобро битозонад.
Заҳрҳо: Агар бехи онро бар тан даллокӣ кунанд, афъӣ чунин танро нагазад.
387. ЛУЪБА БАРБАРИЯ1 – ЛУЪБАТИ БАРБАРӢ
Colchicum autumnale L.
Моҳият: Ин чизест мисли суринҷон, ки онро аз ноҳияҳои Африқо оваранд ва гоҳе онро бо суринҷон мағшуш созанд.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарм аст.
Андомҳои ронанда: Луъбати барбарӣ боҳро биангезад.
388. ЛИСОНУ-Л-АСОФИР – «ЗАБОНИ
ГУНҶИШКОН», МУРҒЗАБОНАК
Fraxinus excelsior z.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарм ва андар якум тар аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Андар барги он хосияти гирандагӣ, поксозӣ ва гӯшт пур кардан аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Барги он решҳои тарро фароҳам оварда, гӯшт пур кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Пӯстҳои онро бо сирко бар маҳалли лахтшудаи мушакҳо [ниҳанд].
Андомҳои нафаскашӣ: Мурғзабонак аз хафақон судманд аст.
Андомҳои ронанда: Мурғзабонак боҳро биафзояд.
Ҷойнишинҳо: Андар ҷунбондани боҳ як баробари вазни он гавзи пӯсткарда ва як баробари он тударии сурх ҷои он бигиранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ