Қонуни тиб

- ЛӮБИЁ – ЛӮБИЁ
Phaseolus vulgaris L.
Табъ: Лӯбиёи сурх аз ҳама гармтар аст. Ибни Мосавайҳ ва Архиҷонис гуфтаанд, ки он сарди хушк аст. Ба наздики ман гавҳари он хушк буда, худ дорои рутубати зиёдатӣ ва моил ба гармист ва сурхи он бештар гарм бувад.
Хосиятҳо: Лӯбиё (354) назар ба мош зудтар гувориш ёфта, берун шавад ва ғизои он камтар аз [ғизои мош] нест.
Гуфтаанд, ки лӯбиё камтар бод биангезад. Вале ин мавриди баҳс аст ва саҳеҳ он аст, ки лӯбиё бештар аз мош бод биангезад, лекин боқилӣ аз он бодангезтар бувад. Хилти лӯбиё тари балғамист ва боиси хобҳои бад дидан бигардад.
Андомҳои нафаскашӣ: Лӯбиё барои сина ва шуш хуб аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Лӯбиё хилти ситабр бизояд.
Хардал ва инчунин сирко бо намак, мурч ва саътар зиёни онро бигардонанд. Агар аз болои он набизи қавӣ биошоманд, [низ чунин бошад]. Лӯбиёи андар сирко парварда камрутубат бувад.
Андомҳои ронанда: Лӯбиё, хусусан сурхи он ва алалхусус бо равғани нордин хуни ҳайзро битозонад. - ЛАВЗ1 – БОДОМ
Amygdalus communis L.
Моҳият: Бодом маъруф аст. Равғаннокии он камтар аз равғаннокии гавз аст, вале [худ ба худ] серравған буда, ба сабаби он мазаи талхӣ бигирад. Гавз зудтар аз бодом гуворида бигардад ва зуд ба талха табдил ёбад. Самғи бодоми ширин ба ақидаи баъзеҳо андар ҳолатҳои [гуногун] ба самғи арабӣ наздикӣ дорад.
Табъ: Бодоми ширин андар [гармию хушкӣ] муътадил буда, андаке майл ба рутубат дорад ва бодоми талх андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Самғи бодоми талх гиранда ва гармиоваранда аст. Андар ҳамаи гунаҳои бодом [хусусияти] зудоиш, пок кардан ва кушояндагист, лекин бодоми ширин андар кушояндагӣ аз бодоми талх хеле нотавонтар аст, чаро ки он латифкунанда ва зудоянда буда, вале ба араз кушоянда аст. Гуфтаанд, ки андар он ҳеҷ гирандагие нест ва камғизост. Яке аз хосиятҳои бодоми талх ин аст, ки рӯбоҳро бикушад ва он доруст, на ғизо. Аммо бодоми ширин ғизои хуби кам бидиҳад. Равғани бодом аз ҷирмаш дида сабуктар аст.
Оростагӣ: Бодоми талхро бар доғи кунҷида, кунҷидаи сурх, пайҳо ва сиёҳзадагии рухсора ниҳанд ва он ташаннуҷи рӯйро ҳамвор кунад. Агар бехи бодоми талхро пухта, бар доғи кунҷида биниҳанд, доруи қавие бувад.
Хӯрдани бодоми ширин фарбеҳ кунад.
Омосҳо: Бодоми талх бо шароб аз барои махмалак хуб аст.
Решҳо: Бодомро бо ангубин бар решҳои хазанда ва намла ва бо сирко ва шароб бар парюнҳо тило кунанд.
Бодоми талх андар ҳамаи ин ҳолатҳо расотарин давост.
Андомҳои сар: Бодом ва хусусан равғани бодоми талх ва ё судаи он, чунонки ҳаст, барои дарди гӯш ва бонг задани он хуб аст. Агар сарро бо он ва бо шароб бишӯянд,
аз рутубат ва сабӯса пок сохта, хоб оварад. Агар пеш аз шароб бодоми талхро хусусан ба андозаи панҷоҳ дона биошоманд, маст шудан нагузорад. Агар [чӯби] дарахти бодоми талхро нарм кӯфта, бо сирко ва равғани гул биомезанд ва бар пешонӣ зимод кунанд, сардардро суд бахшад. Равғани бодоми талх низ [аз сардард] чунин бувад.
Андомҳои чашм: Бодом биноиро қавӣ кунад.
Андомҳои сина: Бодоми талх бо нашостаи гандум аз барои хунпартоӣ хуб аст ва хусусан равғани бодоми ширин аз сурфаи деррав, дамкӯтоҳӣ ва барсом судманд бувад. Писти бодом аз сурфа ва хун партофтан суд дорад.
Андомҳои ғизокашӣ: Бодом суддаҳои ҷигару испурч бикушояд ва хусусан бодоми талх суддаҳои андар гирди рагҳо падидомадаро бикушояд. Агар бодоми сабзро бо пӯсташ бихӯранд, тарии меъдаро бикашад. Он душворгувор, хубхилт ва камғизост. Агар бодомро бо шакар бихӯранд, зуд бигузарад. Писти бодом гарон буда, ба иллати ширинии хеш сафро биангезад.
Андомҳои ронанда: Бодоми талх суддаҳои гурдаҳоро бикушояд. Агар равғани бодоми талхро хусусан бо бехи савсани осмонгунӣ биошоманд, сангро хурд кунад ва гоҳе бо [бехи савсани осмонгунӣ] ва равғани гул зимод кардани он [низ] судманд бошад. Бодом дардҳои раҳм, омосҳои гарм, сахтӣ ва ихтиноқи раҳм ва душвории пешобу дарди гурдаҳоро суд дорад. Онро чун ба зер баргиранд, хуни ҳайзро битозонад. Бодоми ширин ба сабаби зудоиши хеш аз қулинҷ судманд аст, вале бодоми талх бештар судманд буда, равғани он сабуктар аз ҷирми он бувад.
Заҳрҳо: Бодом аз газидагии саги девона суд дорад.
395. ЛИМУНИЮН1 – ШАБДАР
Statice zimonium L.
Хосиятҳо: Самари он гирандаи хушк аст.
Андомҳои ронанда: Агар онро бо шароб бидиҳанд, аз шикамрав, хунравӣ ва инчунин барои рафтани хуни ҳайз судманд аст. Як ошомидании он ба қадри як уксубофун бувад.
396. ЛИЗОҚУ-З-ЗАҲАБ – СИРЕШУМИ ЗАР
Chrysocolla
Моҳият: Ин номро гоҳе ба уша бидиҳанд, ки мо андар баёни он сухан рондем1 ва гоҳе бар чизе бидиҳанд, ки аз пешоби бачагон [ба тариқи зерин] ҳосил кунанд:
Пешобро андар ҳовани мисин бисованд ва андар офтоб бигузоранд, то баста гардад. Гунае аз он маъданӣ буда, андар кон аз бухори андар обҳои гарм ҳалшудаи [мис] ҳосил шуда, сипас баста гардад ва сирешуми заре, ки мо ҳоло онро ёд карданием, ҳамин аст.
(355) Ихтиёр: Беҳтаринаш соф, пок ва хусусан онест, ки раста бошад. Сунъии он қавитару латифтар аст ва сипас маъдании сӯхташуда биистад.
Табъ: Сирешуми зар гарм аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Сирешуми зар зудоянда, гиранда, гармифизо, уфунатовар, каме газанда, ҳалкунанда ва сахт хушкифизо буда, ҳалкунандагияш қавитар аз газандагияш аст. Хушкифизоияш низ чунин бошад. Сирешуми зар аз ғайри сӯзиши зиёд бигудозад. Сунъии он ба сабаби латифии зиёдатӣ бештар хушкифизо ва кам тар газанда аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо