Қонуни тиб

Агар конии онро бисӯзонанд, бештар латиф бигардад ва он андар ин бобатҳо судманд аст.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Сирешуми зар гӯштро об кунад ва он аз барои ҷароҳатҳои ба сахтӣ фароҳамоянда доруи хубест.
Андомҳои ғизокашӣ: Сирешуми зар қайоварандаи гиранда бувад.
397. ЛАВЛОБ – ПЕЧАК
Convolvulus arvensis L. et Hedera helix L.
Табъ: Он муътадили моил ба андаке гармист ва хушки нарм бошад. Ба наздики Хузистонӣ печак сард аст.
Хосиятҳо: Печак ҳалкунандаи кушоянда аст ва он навъи печак, ки ба «ресмони бенавоён» маъруф аст, дорои [гавҳари] хокии гиранда, [гавҳари] обии нармкунанда ва сӯзиши оташӣ бувад. Хушк кардан бахши обии онро бекор кунад. Он [инчунин] поккунанда аст.
Оростагӣ: Шири печаки бузург мӯйро бирезонад ва шупушро бикушад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Барги «ресмони бенавоён»-и тар аз барои ҷароҳатҳои бузург созгор буда, бо шароб пухтаи он онҳоро фароҳам оварад. Зимод кардани он бар оташсӯхта, хусусан бо мумравған судманд аст ва аз барои ин ғараз беҳамтост.
Андомҳои сар: Фишурдаи онро хусусан бо равғани гул ҳангоме, ки агар омоси гарм бошад, бо пунба андар гӯши дардманд бичаконанд. Он сардарди дерравро судманд аст. Фишурдаи он моддаи ба сӯи гӯш рехтаро, хусусан агар дербоз рехта бошад ва решҳои куҳани гӯшро суд дорад.
Андомҳои нафаскашӣ: Аз барои сина ва шуш хуб аст ва дамкӯтоҳиро пок кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Печак суддаҳои ҷигарро бикушояд ва барги он бо сирко аз барои испурч хуб аст.
Андомҳои ронанда: Оби печак сафрои сӯхтаро ба исҳол берун кунад ва агар нопухта бошад, боз ҳам қавитар амал кунад. Як гуна аз печак бад буда, хунро ба исҳол оварад.
398. ЛУОБ1 – ОБИ ДАҲОН
Saliva
Хосиятҳо: Оби даҳон мувофиқи навъҳо ва мувофиқи мизоҷҳои шахсон гуногун аст. Умуман қувваи он пазонандаи ҳалкунанда бувад.
Оростагӣ: Оби даҳон доғи кунҷида, кунҷидаи сурх ва хуни мурдаро бизудояд.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Парюнҳоро бо оби даҳони одами рӯзадор ва кофур молиш бидиҳанд.
Андомҳои сар: Агар оби даҳони шахси рӯзадорро андар гӯше бичаконанд, ки аз кирмҳо ба дард омада бошад, зуд кирмҳоро бикушад ва берун кунад.
Заҳрҳо: Оби даҳон бо заҳрҳо бикӯшад. Агар шахси рӯзадор бар каждум якчанд бор оби даҳон афканад, каждум бимирад.
399. ЛАБАН – ШИР
Lac
Моҳият: Шир аз се гавҳар таркиб ёфтааст: обӣ, панирӣ ва равғанӣ. [Гавҳари] равғанӣ андар шири гов бисёр аст.
Шири шутур камравған ва кампанир буда, ниҳоят тунук аст. Шири хар низ камравғани тунук бувад. Шири буз муътадил ва шири меш ситабри равғанист, вале шири гов серравғантари ситабртар бувад. Шири модиён мисли шири шутур тунуки обист.
Ихтиёр: Беҳтарини ширҳо барои мардум шири занон аст. Беҳтарини ширҳо онест, ки аз пистон ошоманд ва ё нав дӯшида бошанд. Беҳтарини ин шир онест, ки ниҳоят сафеди ба қивом расида буда, бар пушти нохун бирезанд, биистад ва аз он ҷорӣ нашавад. Бояд ҳайвони ин шир гиёҳҳои хубе чарида бошад, ки андар онҳо таъми бегона набошад ва онҳо ба турушӣ, ё талхӣ, ё тезӣ, ё бӯи бегона ва ё бӯи бад мойил набошанд. Ширро бояд чуноне ки дӯшида шудааст, пеш аз дигаргун шудан ошоманд. Шири ҳар ҳайвоне, ки муддати обистанаш дарозтар аз обистани инсон аст, бад бувад. Бад-ин сабаб муносибтари он [андар муддат] наздиктари он аст. Масалан, [шири] гов чунин бувад.
Табъ: [Гавҳари] обии шир гарм ва [гавҳари] равғании он ҳарчанд моил ба гармист, вале ба иътидол наздик аст.
Шири туруш сарди хушк аст.
Хосиятҳо: [Гавҳари] обии шир латифкунанда, шӯянда ва кушоянда буда, бегазанд аст. Шир кимусҳоро ба иътидол оварад, танро қавӣ созад ва фарбеҳ кунад. Агар онро бо ангубин биошоманд, решҳои андаруниро аз хилтҳои ситабр пок кунад, онҳоро бипазонад ва бишӯяд1. Шир ва хусусан шири занон хубкимус, ғизобахш ва афзояндаи мағз аст. Шир зудгувор аст ва чӣ гуна чунин набошад, (356) ки худ аз хуни андар ниҳояти гуворидагӣ буда зода шудааст ва боз гувориши дигар, агарчи аз андоми сард ҳам бошад, бар он сурат гирифтааст. Шир то ба ҳоли ғизоҳое, ки ба гувориши зиёд ва полоиши пайдарпай ниёзманданд, надарояд, ғизобахш нахоҳад шуд, балки ҳар гоҳ бар вай гармии зиёдатӣ фармонраво бигардад, онро зуд ба табиати хуни муътадил бигардонад. Андар ин бобат Руфус, ҳарчанд ба муқобили ӯ эътирозҳо шуда бошад ҳам, вале бисёр хуб гуфтааст. Шир ба сабаби ба сардӣ майл доштан худовандони балғамро зиён надорад, аз баҳри он ки гармии эшон ширро ба тавре ки бояд, ба [гавҳари] хунӣ намегардонад ва тан онро ба сабаби наздикияш пеш аз дигар шудан ба кор бибарад. Бинобар ин, шир худовандони мизоҷи гарми хушкро, агар андар меъдаашон сафрое набошад, то дигаргунаш созад, суд бибахшад. Ба ғайр аз ин миёни ширу тан муносибатҳоест, ки сабабҳои онҳо номаълуманд.
Ҳар кӣ шир ошомид, бояд ором биистад, то ки фасод нашавад ва туруш нагардад. Лекин аз паси шир то фурӯ рафтани он набояд хуфт ва набояд аз болои он ғизои дигареро тановул кард. Шир аз барноёни худованди мизоҷи гарм дида, ба касони ба камолрасида мувофиқтар аст, зеро он андар [барноён] сафро бигардад. Шир пиронро низ судманд аст, зеро барои эшон тарӣ оварад ва хориши хоссашон бударо бибарад, лекин бояд гувориши онро бо ангубин ёрӣ бидиҳанд. Бисёр бошад, ки шир аз кушодани шикам оғоз карда, фазлаҳои андар ноҳияҳои рӯдагон бударо берун орад ва сипас бар ғизобахшӣ шурӯъ карда, андар тан паҳн бигардад ва табиатро бибандад. Шир бодангез аст, вале на ҷӯшонидаи он. Шир аз [қувваи] кушоянда, ки он [гавҳари] обист ва аз [қувваи] банданда, ки он гавҳари панирӣ аст, таркиб ёфтааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо