Қонуни тиб

Сипас гӯшт ояд, ки он огандасозандаи тиҳигоҳҳои андомҳои тан ва нерӯбахши онҳоест, ки бо ёрии вай устуворӣ пайдо кунанд.
Ҳар як андомро андар хеш нерӯи модарзодиест, ки кори ғизогирии вай бад-он бианҷомад ва ин аз ба худ кашидани ғизо, нигоҳ доштан, ба худ монанд сохта пайвастани он ва берун андохтани фазлаи он иборат аст.
Баъд аз ин андомҳо гуногун шуда, баъзеяшонро ба изофаи ин қувва қувваи дигарест, ки аз он ба ғайраш бигузарад ва баъзеи дигарро чунин [қувва] нест. Аз дигар сӯ бархеи онҳоро ба изофаи он қувва қуввае бошад, ки аз ғайраш ба он гузарад ва бархеи дигарро чунин набошад. Ин [андомҳо] чун фароҳам оянд, андомҳое ба амал оянд, ки яке пазирандаву бахшанда, яке бахшандаву нопазиранда, яке пазирандаву ғайрибахшанда ва дигаре на пазирандаву на бахшанда буванд.
Андоми пазирандаю бахшанда бошад, андар вуҷуд доштани он шубҳае нест. Зеро ҳароина иттифоқ аст, ки ҳар яке аз мағз (21) ва ҷигар нерӯи зиндагӣ, гармии модарзодӣ ва рӯҳи [ҳайвониро] аз дил бигирад ва низ ҳар як аз он ду сарчашмаи нерӯест, ки ба ғайраш бибахшад.
Мағз ба ақидаи як гурӯҳ ба таври мутлақ ва ба ақидаи гурӯҳи дигар на ба таври мутлақ сарчашмаи ҳис аст. Ҷигар бошад, ба ақидаи як гурӯҳ ба таври мутлақ ва ба ақидаи гурӯҳи дигар на ба таври мутлақ сарчашмаи ғизодиҳӣ бувад.
Аммо андар вуҷуд доштани андоми пазирандаи ғайри бахшанда шубҳа боз ҳам камтар аст. Масалан, гӯшт пазирандаи қувваи ҳис ва ҳаёт аст, вале ба ягон ваҷҳ сарчашмаи қуввае нест, ки ба ғайраш мебахшида бошад.
Аммо ду бахши дигарро ҳол чунин аст: пизишкон андар якуми ин ду бо бисёре аз файласуфон ихтилоф кардаанд. Бисёр файласуфон гӯянд, ки ин андом дил аст ва он асли якуми ҳар як қувва буда, ҳамин аст, ки ба тамоми андомҳо қувваҳои ғизогирӣ, зиндагӣ, андарёбӣ ва ҷунбиш бибахшад. Пизишкон бошанд, бо гурӯҳе аз файласуфони пешин ин қувваҳоро андар андомҳо тақсимшуда пиндоштаанд ва қоил ба андоми бахшандаи ғайри пазирандаи қувва нестанд. Гуфтаи файласуфон ҳангоми таҳқиқу тадқиқ бештар дуруст аст ва гуфтаи пизишкон андар диди нахустин равшантар бинамояд.
Сипас оид ба қисми охир пизишкон миёни худ ва [17] файласуфон миёни худ ихтилоф кардаанд. Гурӯҳе ақида доранд, ки устухонҳову гӯшти ғайри ҳискунанда ва дигар андомҳои бад-онҳо монанд ба қувваҳое пойдоранд, ки хосси онҳо буда, аз дигар сарчашмаҳо ситонида нашудаанд, лекин бо ёрии ин қувваҳо, агар ғизо ба онҳо расида истад, худ ба худ кифоят кунанд ва на онҳо ба чизи дигаре қувваи худро бидиҳанд ва на низ андоме ба онҳо қувваи дигаре бибахшад.
Гурӯҳе ақида доранд, ки ин қувваҳо хосси онҳо нестанд, лекин аз ҷигар ва ё дил андар оғози пайдоиш ба онҳо фоиз шуда, сипас андар онҳо қарор ёфтаанд.
Пизишкро воҷиб нест, ки роҳи бо бурҳон аз ин ду ихтилоф ба ҳақ расиданро пеш гирад. Ӯро, аз ҷиҳати он ки пизишк аст, ба ин кор имконият нест ва ин [ихтилоф] андар ягон мавзӯи баҳс ва кори ӯ зиён нахоҳад овард. Лекин пизишк оид ба ихтилофи якум боистӣ бидонад ва бовар кунад, ки на бар вай ҳал намудани он воҷиб аст, ки оё дил мабдаи ҳиссу ҳаракати мағз ва қувваи ғизобахшандаи ҷигар ҳаст, ё не? Зеро мағз ё ба худии худ ва ё баъд аз дил андар қиёс ба дигар андомҳо сарчашмаи феълҳои нафсонӣ ва инчунин ҷигар нисбат ба дигар андомҳо сарчашмаи феълҳои табиии ғизобахшӣ ҳастанд. Дар мавриди ихтилофи дуввум бояд бидонад ва эътиқод кунад, ки ҳал кардани чунин коре бар вай воҷиб нест: ҳусули қувваи модарзодӣ андар мисоли устухон ба оғози ҳосилшавӣ ҷигар аст, ё устухон бо ёрии мизоҷи хеш худ ба худ сазовори он гардидааст ва ё ҳеҷ кадом аз ин ду нест? Лекин акнун бояд муътақид бошад, ки ин қувва аз ҷигар ба вай фоиз нашудааст, то агар роҳи миёни онҳо баста шавад ва устухонро ғизо омода бошад [ҳам], амалиёти он бекор бигардад. Чунончи, агар асаби аз мағз оянда баста гардад, ҳиссу ҳаракат ҳамин тавр хоҳад шуд. Баръакс, ин қувва устухонро то вақте ки бар мизоҷи худ боқист, модарзодӣ гардидааст.
Баъд аз чунин донистан ҳоли қисмат шудани андомҳо табибро ошкор хоҳад шуд ва вуҷуд доштани андомҳои сарвар, андомҳои ходими андомҳои сарвар, андомҳои тобеи бе ходим ва андомҳои на сарвару на тобеъ барои вай фарз бигардад.
Андомҳои сарвар андомҳоеанд, ки сарчашмаи қувваҳои аввалии тан буда, тан андар нигоҳ доштани шахс ва ё навъ ба онҳо ниёзманд аст. Ба ҳасби бақои шахс андомҳои сарвар сетоанд: дил, ки он сарчашмаи нерӯи зиндагист; мағз, ки он сарчашмаи нерӯи ҳиссу ҳаракат аст; ва ҷигар, ки он сарчашмаи нерӯи ғизодиҳист. Аммо ба ҳасби бақои навъ бошад, андомҳои сарвар ин ҳар се ба изофаи андоми чаҳорумест, ки хосси навъ бувад. Вай ду хояест, ки аз барои як кор мавриди зарурат ва аз барои кори дигаре низ мавриди манфиат қарор гирифтааст: зарурати онҳо барои тавлиди манист, ки он нигоҳдорандаи насл аст; ва манфиати онҳо барои бахшидани пуррагии ҳайъат ва мизоҷи нарӣ ва ё модагӣ бувад, ки ин ҳар дуи охир аз аразҳои барои навъҳои ҳайвон лозиманд, на аз чизҳои андар худи ҳайвоният дохил.
Бархе аз андомҳои ходим хидмат омода кунанд ва бархе дигар хидмат адо кунанд. Омода кардани хидматро «манфиат» ва адо кардани хидматро ба таври мутлақ «хидмат» хонанд.
Омода кардани хидмат пеш аз феъли андоми сарвар аст ва адо кардани хидмат пас аз он. (22) Омодакунандаи хидмати дил, масалан, шуш ва адокунандаи хидмати он шараёнҳост. Омодакунандаи хидмати мағз, масалан, ҷигар ва дигар андомҳои ғизобахшу нигоҳдори рӯҳ буда, адокунандаи хидмати он, масалан, асаб аст. Омодакунандаи хидмати ҷигар, масалан, меъда ва адокунандаи хидмати он, масалан, варидҳо мебошанд. Омодакунандаи хидмати хояҳо, масалан, андомҳои пеш аз онҳо тавлидкунандаи манӣ ва адокунандаи хидмати онҳо андар мардон пешоброҳа ва рагҳои миёни хояҳову пешоброҳа буда, андар занон низ рагҳоест, ки бо ёрии онҳо манӣ ба маҳбал рафта бирасад. Занонро ба изофаи ин заҳдон аст, ки манфиати манӣ андар вай тамомият ёбад.
Ҷолинус гуфтааст: «Бархе андомҳоро танҳо феъл аст, бархеро танҳо манфиат ва бархеи дигарро феълу манфиат якҷоя.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё