Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бахши якум, масалан, дил, бахши дуввум, масалан, шуш ва бахши севвум, масалан, ҷигар бошад».
Ман гӯям: Бояд «феъл» гуфта, аз феълҳои андар зиндагии шахс ва ё бақои навъ дохил он феълеро дар назар дошта бошад, ки бо ёрии танҳо як чиз тамомият ёбад, масалан, феъли дил андар тавлиди рӯҳ; ва «манфиат» гуфта, бояд он чизеро дар назар дошта бошад, ки андомро барои пазируфтани феъли андоми дигар омода сохта, саранҷом феъл андар ҳаёт бахшидан ба шахс ва ё бақои навъ пурра бигардад. Масалан, ин омода сохтани шуш ҳаворост.
Ҷигар бошад, нахуст гувориши дуввумро иҷро намуда, сипас ғизоро барои гувориши севвуму чаҳорум омода кунад. Вай азбаски гувориши якумро тамомият мебахшад, то ки ин хун барои ғизо додани худи ӯ мувофиқ бошад, бинобар ин, коре хоҳад кард ва азбаски вай кореро ба амал меоварад, ки муайянкунандаи феъли мавриди назардошт аст, манфиатеро ба амал хоҳад овард.
Мо инчунин аз нав гӯем: Як қисми андомҳо аз манӣ таквин ёбанд ва онҳо ба ҷуз гӯшту равған ҳамаи андомҳои бахшҳояшон яксонанд. Як қисми андомҳо мисли гӯшту равған аз хун таквин ёбанд, зеро ба ғайри ин ду ҳама аз ду манӣ, яъне аз мании мард ва мании зан, таквин ёбанд. Вале ба гуфтаи яке аз ҳукамое, ки [инро] ба таҳқиқ расонидааст, «онҳо аз мании мард чун таквинёбии панир аз панирмоя ва аз мании зан чун таквинёбии панир аз шир таквин ёбанд. Чунонки сарчашмаи бастани панир андар панирмоя аст, ҳамчунин сарчашмаи бастани сурат, яъне қувваи фоилӣ андар мании мард мебошад ва чунонки сарчашмаи бастанпазирӣ андар шир аст, ҳамчунин сарчашмаи бастанпазирии сурат, яъне қувваи инфиолӣ андар мании зан бувад. Чунонки ҳар яке аз панирмоя ва шир порае аз гавҳари панири аз онҳо падидоянда аст, ҳамчунин ҳар яке аз ду манӣ пораи гавҳари ҷанинест, ки аз ҳар ду падид ояд».
Ин гуфта андаке, балки ҳатто бештар ба гуфтаи Ҷолинус мухолифат дорад. Ӯ чунин пиндорад, ки андар ҳар яке аз ду манӣ қувваи бастан ва қувваи пазируфтани бастан ҷой доранд. Вале бо вуҷуди он гуфтан номумкин нест, ки қувваи бастан андар мании мард қавитар асту қувваи пазирандаи бастан андар мании зан. Аммо таҳқиқи гуфтаи андар ин бора омада андар китобҳои оид ба илмҳои аслӣ таълифшудаи мо ҷой дорад.
Баъд, хуне, ки ҳангоми ҳайз дидан аз зан ҷудо мешавад, ба ғизо табдил мегардад. Қисме аз он ба гавҳари манӣ ва андомҳои аз он падидоянда монанд гашта, ғизое шавад, ки онро болиш бидиҳад. Бахше дигар аз он бад-ин гуна ғизо нагардад, вале қобили андар ҳашви он баста шудан ва пур кардани тиҳигоҳе бошад, ки миёни андомҳои аввалӣ ҷой доранд ва бинобар он гӯшту равған бигардад. Қисми дигаре аз он фазлаест, ки ба ҳеҷ яке аз ду кор намеояд ва то вақти нифос боқӣ бимонад, сипас табиат онро чун фазла берун ронад.
Ҳар гоҳ ҷанин зода шавад, хуне, ки ҷигар тавлидаш кунад, ҷои он хун бигирад ва аз вай чизе падид ояд, ки аз он хун падид ояд. Гӯшт аз қисми матини хун зода шавад ва гармию хушкӣ онро баста кунад. Равған бошад, аз қисми обӣ ва равғании хун падид ояд ва сардӣ онро бибандад. Аз ин ҷост, ки гармӣ равғанро бигудозад.
Агар он андомҳое, ки аз ҳар ду манӣ офарида шудаанд, мисли устухону асаб, пора шаванд, ҷуз бархе аз онҳо, ки он ҳам ба ҳолатҳои хеле кам, масалан, андар рӯзгори бачагӣ аз қабили устухонҳо ва шохаҳои [18] хурди варидҳо, на шоҳрагҳо ва шараёнҳо, ба пайвастагии ростинӣ нахоҳанд баргашт ва агар ҷузве аз онҳо коста бошад, ба ҷои вай чизе нарӯяд. Ҳар чи ки аз хун офарида шудааст, масалан, чун гӯшт, баъди буридан боз бирӯяд ва ба ҳамтои хеш бипайвандад. Он чи ки аз хуни дорои нерӯи манӣ зода шудааст, то ҳангоме ки ба рӯзгори манӣ наздик аст, агар аз байн биравад, мумкин аст бори дигар бирӯяд. Масалан, дандон ба рӯзгори бачагӣ чунин аст. Вале агар хунро мизоҷи дигаре ғолиб ояд, вай бори дигар нахоҳад рӯид.
Мо низ бигӯем: Сарчашмаи ҳиссу ҳаракати андомҳои ҳассосу ҷунбанда гоҳе (23) чун асаби чашм ҳамагӣ як асаб аст ва гоҳе аз ҳам ҷудо буда, сарчашмаи ҳар қуввае як асаб бувад. Инчунин бигӯем: Растагоҳи пардаҳои ҳамаи андомҳои андарунӣ, ки андар парда печидаанд, яке аз ду пардаест, ки остари синаю шикам буванд. Аммо пардаҳои андомҳое аз қабили ҳиҷоб, рагҳо, шараёнҳо ва шуш, ки андар синаанд, аз остари паҳлуҳо растаанд. Растагоҳи пардаҳои андомҳо ва рагҳои андар шикам буда сифоқест, ки остари мушакҳои шикам бувад.
Инчунин, ҳамаи андомҳои гӯштӣ ё чун гӯшти мушак лифиянд ва ё чун ҷигар бе лиф бошанд. Ягон ҳаракат ҷуз ба лиф наанҷомад: аммо ҳаракати иродӣ ба сабаби лифи мушакҳост ва ҳаракати табиӣ, аз қабили ҳаракати заҳдон ва рагҳо ва ҳаракати мураккаб, чун ҳаракати фурӯ бурдани луқма, ба сабаби лифи махсусест, ки дорои ҳайъате аз вазъи дарозӣ, паҳноӣ ва вуребӣ бувад. Лифи ба дарозо буда барои кашидан, лифи бар паҳно буда ва фишордиҳанда барои рондан ва лифи ба вуреб буда барои нигоҳ доштананд. Он андомҳое, ки дорои як табақаанд, чун варидҳо, ҳар се синфи лифи онҳо ба ҳам танидаанд. Он андомҳое, ки дорои ду табақаанд, лифи бар паҳно равандаи онҳо андар табақаи берунӣ ва ду [синфи] дигари он андар табақаи дарунӣ ҷой доранд, вале лифи ба дарозо раванда ба сатҳи дарунӣ бештар моил буда, барои он чунин офарида шудааст, ки то лифи кашандаву лифи ронанда якҷоя набошанд, балки лифҳои кашандаву нигоҳдорандаро беҳтар он аст, ки ба ғайри рӯдаҳо [дар ҳама ҷо] бо ҳам бошанд, зеро рӯдаҳо бештар на ба нигоҳ доштан, балки ба кашидану рондан ниёзманданд.
Низ гӯем: Бахше аз андомҳои асабие, ки ҷисмҳои аз гавҳари хеш бегонаро дар бар гирифтаанд, дорои як табақа ва бахше дигар аз онҳо дорои ду табақаанд. Он чи аз онҳо дорои ду табақа офарида шудааст, барои манфиатҳои [зерин] офарида шудааст:

  • Якум, зарурати ҳоҷат ба сахт эҳтиёт кардани мустаҳкамии ҷисмияти онҳо, то ки ба сабаби қувваи ҳаракати чизи андаруни онҳо буда кафида нараванд. Мисоли ин шараёнҳост.
  • Дуввум, зарурати эҳтиёҷ ба сахт эҳтиёт кардан андар кори ҷисме, ки андар онҳо захира шудааст, то ҳал нашавад ва ё берун набарояд: хавфи ҳал шудан, агар онҳо аз як табақа иборат мебуданд, аз камторупудии андомҳост ва хавфи берун баромадан низ ба ҳамин шарт, ба сабаби кафиданбоб будани онҳост. Ин ҷисми захирашуда мисли рӯҳ ва хуни андар ду шараён нигоҳдошташавандаанд, ки бояд барои муҳофизати онҳо эҳтиёт кард ва аз зоеъ шудани онҳо тарсид.
пешина
аз 1215
навбатӣ