Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Решҳо: Сӯхтаи он решҳоро хушк кунад ва аз гар суд бахшад.
Андомҳои чашм: Харчанги дарёӣ ашкро боз дорад ва онро бо намак чун бисованд, нохунаро беҳ кунад. Аз он шиёф сохта, бо он гари пилкҳоро бисованд. Он чашмро сахт бизудояд.
485. СИДР – ДАРАХТИ КУНОР
Zizyphus lotus Lam.; Z. Spina сhristi Willd.
Моҳият: Мо ҳолатҳову феълҳои инро ҳангоми зикри ҳолатҳои «набқ» андар фасли ҳарфи «нун» ёд кардем1.
486. СИРОҶУ-Л-ҚУТРУБ – «ЧАРОҒИ ҶИН»,
«ҶИНЧАРОҒ»
Lysimachia vulgaris L.; Lychnis coronaria (L.) desf.
Моҳият: Ин растаниест, ки ба зуфо наздик аст. Дисқуридус гуфтааст: «Ин растаниест, ки дорои гули шабеҳи харбақ буда, рангаш арғавонист ва аз он шиёфҳо созанд. Гули он бар сари растании сабз гӯӣ чун чароғ аст.
(382). Як гунаи дигаре аз он даштист ва он андар ҳамаи хислатҳои хеш монанди гунаи бӯстонӣ бувад».
Ихтиёр: Чизе, ки аз он ба кор баранд, тухмаш аст.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар дуввум хушк аст. Вай гоҳе андар [гармию хушкӣ] андар охири дараҷаи дуввум биистад.
Хосиятҳо: «Ҷинчароғ» кушоянда буда, гирандагӣ бар он ғолибтар аст ва хун рафтанро, чигунае набошад, манъ кунад.
Решҳо: Сахт фароҳамоваранда бувад.
Андомҳои сар: Бо он чун зимод кунанд, хуни биниро боз дорад.
Андомҳои нафаскашӣ: Хунпартоиро боз дорад.
Андомҳои ронанда: Бо он ҳуқна кардан аз решҳои рӯдагон судманд аст. Гурӯҳе чунин тасдиқ кунанд, ки агар аз тухми «ҷинчароғ»-и даштӣ ба қадри ду дирам гирифта, ба кор баранд, шикам орад.
Заҳрҳо: Агар тухми онро бо шароб биошоманд, аз газидагии каждум суд бахшад. Гурӯҳе чунин тасдиқ кардаанд, ки агар тухми «ҷинчароғ»-и даштӣ бар каждумҳо гузорида шавад, онҳоро карахт ва фаъолияташонро бекор карда, каждумҳоро мисли мурда бигардонад.

  1. СОТУРИЮН1 – «САЪЛАБ»
    Orchis antropophora L.
    Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Бархе аз мардум инро «трифулун»2 номанд, ки маънояш «дорои се барг» аст, зеро он аксар вақт бо се барг бирӯяд ва онҳо майл ба сӯи замин дошта, аз ҷиҳати ин майл ба барги туруша ва ё шукуфаи савсан монандӣ доранд, вале бо ин тафовут, ки барги сотуриюн хурдтар аз барги туруша ва бештар сурх буда, сурхияш ба ранги хун бигарояд. Соқи «саълаб» борики ба қадри як зироъ дароз ва гулаш шабеҳ ба гули савсани сафед аст. Он дорои бехест, ки ба бехи балбус монанд буда, ба андозаи себ аст. Беруни ин [бех] сурх ва андарунаш чун сафедии хояи мурғ сафед буда, таъмаш ширин аст. Як растании дигарест, ки ба сотуриюн шабоҳат дорад ва бо номи он хонандаш. Ин растанӣ дорои тухмест, ки шабеҳи тухми катон бувад. Пӯсти бехи он

тунуки сурх, дарунаш сафед ва хуштаъми ширин аст. Он андар ҷойҳои кӯҳии офтобрӯя бирӯяд».
Хосиятҳо: Чунин гуфтаанд, ки агар одам бехи ин растаниро ба дасташ бигирад, зуд ӯро ба ҷимоъ кардан шавқманд созад ва агар онро бо шароб биошоманд, мисли сақанқур ҷимоъ биангезад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ҳамчунин, агар онро бо шароби гирандаи сиёҳ биошоманд. Чунонки гуфтаанд, аз фалаҷе суд бахшад, ки сар ва гарданро ба сӯи пас бигардонад.
488. СУРАНҶОН – СУРИНҶОН
Tuber сolchici (Colchicum autumnale L. et С variegatum L.)
Моҳият: Ин бехи растаниест, ки дорои гули сафеду зард буда, аввалин гуле, ки андар ҳамвориҳои кӯҳҳо ва пуштаҳо бишкуфад, он бошад. Барги он ба замин часпидааст.
Ихтиёр: Беҳтарин суринҷон онест, ки аз берун ва андарун сафед, сахти шикананда бошад. Сурху сиёҳи он бад аст.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк буда, дорои рутубати зиёдатист. Баъзеҳо таъкид кардаанд, ки андар сафеди он гармии латиф ва андар ғайри сафедаш гармии қавист, вагарна он исҳоловаранда намебуд. Дигарон гуфтаанд, ки агар он гарм мебуд, ҳароина андаке бошад ҳам, решҳоро мегазид, ҳол он ки андар он ҳеҷ газандагие нест. Касони дигар тасдиқ кардаанд, ки он сахт гарм аст.
Хосиятҳо: Суринҷон, чунонки гуфтаанд, ҳарчанд ки гиранда аст, вале қувваи исҳоловаранда дорад.
Решҳо: Суринҷони сафед аз ҷароҳатҳои кӯҳан хуб аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз ниқрис судманд аст ва зимоди кардани он дардро зуд ором кунад. Агар онро бисёр зимод кунанд, омосро сахт сохта, санг бигардонад.
Он ҳамчунин хусусан ба ҳангоми назлаҳо тарёки ҳамаи дардҳои пайвандгоҳҳо бувад.
Андомҳои ғизокашӣ: Барои меъда бад буда, онро нотавон кунад. Суринҷони сурх ва сиёҳ доруҳои исҳолро андар меъда нигоҳ доранд ва осеби бузурге биоваранд.
Андомҳои ронанда: Андар суринҷон қувваи исҳоловаранда аст ва хусусан бо занҷабил, пудина ва зира боҳро биафзояд.
Заҳрҳо: Суринҷони сурх ва сиёҳ заҳранд.
Ҷойнишинҳо: Ҳангоми дарди пайвандгоҳҳо ба андозаи як вазни он барги ҳино ва ним вазни он муқли кабуд ҷои онро бигиранд.
489. САЛХУ-Л-ҲАЙЯ – ПӮСТИ МОР
Derma Serpentis
Андар боби мор гуфта шуд1.
490. СОДОВАРОН1 – СОДОВАРОН
Табъ: Андар дараҷаи дуввум сард ва андар севвум хушк аст.
Хосиятҳо: Хунро бибандад.
Оростагӣ: Бо хосияти худ мӯйро рехтан нагузорад.
Ҷойнишинҳо: Ба андозаи як баробари вазни он филзаҳра ва сеяки он аз бехи най ҷои онро бигиранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ