Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан
  1. САВСАН – САВСАН
    Lilium candidum L. et Iris florentina L.
    Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Савсан растаниест дорои барги шабеҳ ба касифиюн1, вале бузургтар, беҳтар ва часпактар аз он бувад. Онро соқест, ки бар сари он гули хамидае нишастааст ва он дорои рангҳои ба ҳам омехтаи гуногун бувад. (383) Бархе аз он сафед, зард, арғавонӣ ва осмонгунӣ аст ва ба сабаби омехтагии рангҳо онро ба ирисо, яъне камони Рустам, ташбеҳ додаанд. Савсан дорои бехҳои сахти гиреҳдори хушбӯй аст.
    Ҳар гоҳ онро бикананд, бояд андар соя хушконида, ба риштаи катонӣ бикашанд ва захира кунанд. Синфи дигаре аз савсан рангсафеди талх аст ва қувваташ камтар аз қуввати он савсанест, ки ёд кардем. Ирисо ҳар гоҳ куҳан бигардад, матта зада, сӯрох-сӯрох шавад, вале андар ин ҳангом хушбӯйтар бигардад. Ирисо бехи ҳамин савсан аст ва умуман он аз барои бемориҳо серманфаат аст. Андар баёни ирисо мо сухан рондем2. Аммо савсани бӯстонӣ бошад, [бояд гуфт], ки он дорои [гавҳари] хокии латифи талхӣ ба худ гирифтааст ва андар он [гавҳари] обии мизоҷаш муътадил ҷой дорад.
    Табъ: Савсани сафеди бӯстонии бо номи «савсани озод» маъруф андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
    Ирисои даштӣ гармидиҳанда ва хушкифизоянда аст.
    Хосиятҳо: Савсан ба иътидол зудояндаи хушккунанда аст. Бехи он зудояндатар аст ва равғани он барои он латифтар аст, ки гули он латифтар бувад. Равғани чи хушбӯй ва чи ғайри хушбӯйи он бештар ҳалкунандаи нармкунанда аст. Ирисо андар ҳамаи ин бобатҳо қавитар ва ба изофаи он гиранда бувад. Он шифобахшандаи дардҳо ва уфунатҳост. Қуввати он гармкунандаи латифиоваранда аст.
    Оростагӣ: Савсан ва хусусан бехи он аз доғи кунҷида ва кунҷидаи сурх судманд аст ва агар бо он рӯйро бишӯянд, онро пок сохта, сайқал бидиҳад ва ташаннуҷи онро бибарад.
    Омосҳо ва табишҳо: Агар барг ва тухми онро нарм кӯфта, бо шароб бар сурхбод зимод кунанд, сахт суд бахшад ва хусусан агар онро бо доруҳои дигар биомезанд, аз барои омосҳои балғамии норасид, гари решшуда, хушкрешиҳо ва саъфа низ ҳамчунин бувад.
    Ҷароҳатҳо ва решҳо: Савсан решҳоро хуб гӯшт пур кунад. Бехи он аз сӯхтагии оби ҷӯш суд дорад, аз баҳри он ки ба изофаи зудоиши ба иътидол хушкиоваранда аст.
    Барги пухтаи он низ чунин бувад. Он [решҳоро] фароҳам оварад. Беҳтар он аст, ки онро бо равғани гул ба кор баранд, фишурдаи ирисо ва равғани онро аз барои решҳои дерина ва ҷароҳатҳо бо сирко ва ангубин андар деги мис биҷӯшонанд. Савсани бӯстонӣ аз барои сӯхтагии оби ҷӯш беҳтарин доруст.
    Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Савсан аз барои кандашавии асаб хуб аст ва касонеро, ки ба ташаннуҷи асаб гирифторанд, сахт суд дорад. Аз барои қавин низ нофеъ аст.
    Андомҳои сар: Аз оби бехи ҷӯшонидаи он, хусусан аз [бехи савсани] даштӣ, барои дарди дандонҳо мазмаза кунанд. Он хоб оварад. Равғани савсан решҳои сар ва сабӯсаи онро созгор аст. Агар онро андар гӯш бичаконанд, бонг задани онро хомӯш кунад. Бо сирко ва равға

ни гул аз барои сардард зимоди судманд бувад. Агар бо он биниро биолоянд, рутубати нармеро, ки ба зоҳири бинӣ ояд, бибарад.
Андомҳои сина: Бехи савсан ва хусусан ирисо аз росто нафас гирифтан судманд бошад. Аз барои сурфа хуб аст ва он рутубатҳоеро латиф созад, ки андар сина ҷой дошта, пок сохтанашон душвор бошад.
Андомҳои ғизокашӣ: Савсан испурчро суд дорад.
Он ва хусусан равғани он аз барои меъда бад бувад.
Андомҳои ронанда: Равғани он ба тариқи ошомидан ва молидан ҳалкунанда, кушоянда ва нармкунандаи сахтии раҳм аст. Агар бехи онро бо равғани гул бипазанд, низ чунин бошад ва ба ҳангоми бемориҳои раҳм доруи беназир бувад. Равғани ирисо низ ҳамин тавр аст. Вай ҷанинро берун кунад ва печиши нофро суд бахшад. Агар бехи онро танҳо бо сирко ва ё якҷоя бо тухми банг ва орди гандум биҷӯшонанд, омосҳои гарми андар ҳар ду хоя падидомадаро фурӯ нишонад. Агар ба миқдори якуним уқия аз равғани онро биошоманд, исҳол оварад. Он барои худовандони иловуси сафровӣ созгор аст. Равғани ирисо даҳонаҳои бавосирро бикушояд ва бехи савсан низ ҳар гунае набошад, чунин бувад. Агар онро бо шароб биошоманд, хуни ҳайзро битозонад ва агар бо сирко биошоманд, касонеро суд бахшад, ки ҳангоми ҷимоъ мазияшон биравад. Агар онро биҷӯшонанд ва бо обаш занонро гармибандӣ кунанд, дардҳои раҳми эшонро судманд бошад, аз баҳри он ки сахтии андар раҳм бударо нарм созад ва даҳони онро бикушояд.
Табҳо: Аз хунукӣ ва табларза суд бахшад.
Заҳрҳо: Савсан аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор ва хусусан аз каждум нофеъ аст. Савсан, фишурда, шароб ва тухми он ба тариқи ошомидан аз барои ҳамаи газидагиҳо суд доранд. Равғани он тарёки банг, кашниз ва саморуғи футр бувад.
492. САЪТАР1 – ОВЕШАН, МАРЗА
Thymus serpyllum L. et Satureia hortensis L.
Моҳият: Қувваи он мисли қувваи ҳошост ва шароби он низ чун шароби ҳошо бувад.
Ихтиёр: (.384) Қавитарини он овешани даштист.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Ҳалкунанда, бодронанда2 ва латифкунанда аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз дардҳои сурин нофеъ бувад.
Андомҳои сар: Онро чун бихоянд, дарди дандонро ором кунад ва вораҳои сустро бо қувваи сӯзонандаи худ шифо бахшад.
Андомҳои сина: Равғани он сина ва шушро судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Ҷигар ва меъдаро суд бахшад.
Андомҳои ронанда: [Пешоб ва хуни ҳайзро] битозонад, кирмҳо ва кирми кадудонаро сахт берун кунад.
493. СИСОЛИЮС1 – СИСОЛИЮС
Seseli tortuosum L.; Tordylium officinaze L.; Bupleurum L.

пешина
аз 1215
навбатӣ