Қонуни тиб

[Маҳмудаи] ҷармақонӣ бад аст. Маҳмударо гоҳе аз тариқи андар себи андар хамир гирифта пухтан ба ислоҳ оранд ва низ онро бо анисун ва дуқу омехта, бо равғани бодом хуб биолоянд. Дисқуридус гуфтааст: «Аз нишонаи [маҳмудаи] хуб ин аст, ки забонро сахт назанад, зеро газандагӣ аз сабаби омехтагии он шир ориз бигардад. Бадтарин гунаи маҳмуда онест, ки аз Шом ва Фаластин бихезад. Ин ду намуд бади зичгавҳар буванд, аз баҳри он ки онҳо ба шири исфидакшир мағшуш бошанд».
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст ва гармияш бештар аз хушкияш бувад.
Хосиятҳо: Маҳмуда зудоянда ва ҳалкунанда буда, душмани хусусан меъда ва ҷигар аст.
Оростагӣ: Баҳак, песӣ ва кунҷидаро пок кунад.
Ҷароҳатҳо ва решҳо: Агар онро бо ангубин ва равғани зайтун ҷӯшонида, бар ҷароҳатҳо зимод кунанд, онҳоро ҳал кунад.
Табишҳо: Онро бо сирко бар гари решшуда тило кунанд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Маҳмударо бо сирко ва савсан бар дардҳои пайвандгоҳҳо ва сурин зимод кунанд. Он аз қавин суд бахшад.
Андомҳои сар: Бех ва фишурдаи бехи онро бар сардарди деррав бо сирко ва равғани гул [ба кор баранд].
Худи маҳмударо агар бо ҳар дуи он омехта, бар сари касе ниҳанд, ки сардарди деррав дорад, шифо бахшад.
Андомҳои сина: Ин яке аз чизҳоест, ки дилро газанд бидиҳад.
Андомҳои ғизокашӣ: Маҳмуда меъда ва ҷигарро сахт зиён дорад ва шиддати онро бо бирён кардан ва бо тухми карафс ва ё анисун бишкананд. Вай тоса ва маниши гаштан оварад, иштиҳои таом бибарад ва ташнагӣ физояд.
Андомҳои ронанда: Маҳмуда сафроро ба исҳол сахт берун кунад. [Таъсири] он ба ҳасби кишварҳо гуногун буда, ҳатто ман андар бархе аз китобҳои пизишкон дидаам, ки як ошомидании онро [хеле] зиёд [нишон додаанд]. Лекин пизишк бояд қувваи бемор, қувваи андомҳои сарвари ӯ ва ҳавои он шаҳрро ба назар бигирад.
Сақмуниё рӯдаҳоро зиён дорад ва аз барои бача партофтан онро ба зер баргиранд. Агар аз бехи дарахти он як драхмӣ биошоманд, заҳра ва балғамро ба исҳол берун кунад. Баъзе [пизишкон] чунин ёд кардаанд, ки агар аз маҳмуда ба миқдори берун аз андоза, ки он ним дирамсанг аст, биошоманд, нахуст исҳолро бибандад, сипас тоса, маниши гаштан ва арақи сард биоварад ва баъд аз он гоҳе исҳоли ба ифрот сар занад, ки ин марговар бувад. Бехи ин растанӣ шикаморанда аст. Агар шаш қирот аз онро бо кунҷид ва ё баъзе тухмиҳо омехта [ба кор баранд], аз барои исҳол овардан кофӣ бошад. Яке аз пешиниён гуфтааст, ки як ошомидании том се кафча, як ошомидании миёна ду кафча ва аз ҳама кам як кафча бувад. Чунки пешиниён бар хилофи он чи, ки мо имрӯз мефармоем, аз шире, ки аз ин растанӣ ҳосил кунанд, ба қадри шаш қавонус ва аз намак [низ] шаш қавонус гирифта, ба одами [бемор] медоданд, меошомид. Баъзеҳо гуфтаанд, ки агар аз куҳани он ба миқдори кам
бихӯранд, пешобро битозонад, вале исҳол наоварад. Бо сабр ошомидани он камтар аз ин таъсир дорад ва бо боқилии мисрӣ, (386) намак ва тухмҳои муаттар низ ҳамчунин бувад. Агар онро андар [порчаи] пашмӣ ба зер баргиранд, ҷанинро бикушад.
Заҳрҳо: Ошомидан ва [ё] тило кардани он бар андом каждумгазидаро судманд аст.
497. САКБИНАҶ – САКБИНА
Gummi Ferulae persicae (Ferula persica Willd.; F.
sagapenum Folack.) Моҳият: [Ин самғи] дарахтест, ки ба ғайр аз самғаш дигар ҳеҷ манфаате надорад. Гуфтаанд, ки гунае аз борзад дигаргун бигардад ва сакбина шавад. Дисқуридус гуфтааст: «Сакбина самғи растаниест, ки шаклан шабеҳи қиссо (хиёри дароз) аст ва андар кишвари Моҳ бирӯяд.
Сакбинаи хуб онест, ки равшани берунсурх ва андарун сафед буда, бӯяш миёни бӯи ангужад ва бӯи борзад ва тез бувад. Гоҳе онро бо гунае аз самғ мағшуш бисозанд.
Ихтиёр: Аз ду гунаи сакбина беҳтараш онест, ки зичтар ва равшантар буда, дарунаш ба сурхӣ ва берунаш ба сафедӣ бизанад ва андар об на чун сакбинаи мағшуш бо борзад зуд ҳал шавад, ҳарчанд ки ба борзади сафед монанд аст. Беҳтарини сакбина исфаҳонии он бувад.
Табъ: Андар дараҷаи севвум гарм ва андар дуввум хушк аст.
Хосиятҳо: Сакбина ҳалкунанда, латифкунанда, парокандакунанда, гармиоваранда ва зудоянда бувад.
Оростагӣ: Агар касе онро андар таоми хеш ба кор барад, ранги ӯро хуб кунад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз фалаҷ, даридани мушакхо ва ватарҳои онҳо судманд аст ва ҳуқнарезӣ кардан ва [ё] ошомидани он моддаи андар суринҳо бударо ба исҳол оварад. Аз барои дардҳои сарди пайвандгоҳхо низ чунин бувад.
Андомҳои сар: Сардарди сард ва бодиро ҳал кунад ва аз саръ судманд аст.
Андомҳои чашм: Бар чашм кашидани он аз торикии чашм, аз ситабрии пилкҳо ва аз пайҳо андар чашм суд дорад ва он яке аз доруҳои оби ба сӯи чашм фурудоянда аст. Агар сакбинаро бо сирко совида, бар ҷавак бимоланд, онро бибарад. Гоҳе решҳои андар чашм оризшударо бизудояд.
Андомҳои сина: Аз дарди сина, паҳлу ва аз сурфаи деррав судманд аст ва ба микдори се чаҳоряки дирам аз онро бо судоби фишурда аз барои баднафасӣ биошоманд. Вай синаро сахт пок кунад ва хилтҳои хомро берун оварад.
Андомҳои ғизокашӣ: Аз истисқо судманд аст ва оби зардро берун кунад. Зимоди он бо бодоми талх, ё судоб, ё ангубин ва ё нони гарм аз дарди ҷигар суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Бо он ҳуқнарезӣ кардан ва [ё] онро ошомидан аз қулинҷ ва печиши ноф судманд аст, сангро аз ҳар дуи [гурда ва обгаҳ] берун кунад, боҳро биафзояд ва аз дардҳои раҳм судманд бошад. Агар онро бо оби ангубин биошоманд, хуни ҳайзро битозонад ва ҷанинро бикушад. Шикамро нармсозии он оҳиста буда, хилти часпак ва оби зардро берун орад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо