Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Табҳо: Аз табҳои даврӣ судманд аст.
Заҳрҳо: Онро бо шароб аз барои газидагии ҷунбандагони зиёнкор ва ҳамаи заҳрҳои қаттол бидиҳанд. Феъли сакбина қавитар аз феъли борзад аст ва гоҳе молидани он андар ҳамаи ҳолатҳои ёдшуда судманд бувад.
498. САҚУЛУФАНДАРИЮН1 –
САҚУЛУФАНДАРИЮН
Scolopendrium vulgaris Sw. seu Ceterach officinarum Willd.
Моҳият: Гуфтаанд, ки ин растании харсангӣ буда, андар ҷойҳои серсоя бирӯяд. Қавме гуфтаанд, ки он гунае аз исқил аст ва [низ] гуфтаанд, ки ғайри он бошад.
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар дуввум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Латифи ҳалкунанда буда, дорои гармии зиёде нест.
Андомҳои ғизокашӣ: Испурчро ба таври шигифтовар судманд аст. Агар сикангубинеро, ки андар он барги сақулуфандариюн бо сирко ҷӯшонида бошанд, чиҳил рӯз бихӯранд, бемории испурчро бибарад ва аз ҳукак ва ярақон суд бахшад.
Андомҳои ронанда: Санги гурда ва обгаҳро хурд кунад ва гуфтаанд, ки агар онро [бар гардан] биовезанд, обистан ба амал наояд.
499. СУЪОЛО1 – ПОХАР
Tussilago farfara z.
Моҳият: Ин аз гавҳари гарм ва гавҳари обӣ иборат аст.
Табъ: Похар ба иътидол гарми тез бувад.
Омосҳо ва табишҳо: Барги он кафгиракҳоро бикафонад ва андар ҳоли оғоз онҳоро ҳал кунад. Сабзи он омосҳои аз пухтан рӯ гардондаро бипазонад.
Решҳо: Сабзи он гари решшударо биканад.
Андомҳои чашм: Похар андар таркиби доруҳои биноиро тезкунанда бидарояд.
Андомҳои сина: Гуфтаанд, ки похар ва ҳатто дуд кардани он нофеътарин дору барои сурфа ва нафаси росто бувад.
500. СИСОРУН1 – СИСОРУН
Sium sisarum z. et Pastinaca sativa z.
Моҳият: Ин чӯби сиёҳдона аст ва дорои талхӣ ва гирандагист.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Вай дорои ҳал кардан ва андаке гирандагист.
Андомҳои ғизокашӣ: Ҷӯшонидаи бехи он меъдаро нафъ кунад.
(387) Андомҳои ронанда: Ҷӯшонидаи бехи он пешобро битозонад.
501. СИЮН – ТАРАТЕЗАКИ ОБӢ
Sium latifolium L.
Моҳият: Ин қуррату-л-айн (таратезаки обӣ) аст1, ки андар обҳои истода бирӯяд, дорои хушбӯист ва он андар боби «қоф» ёд шудааст.
Андомҳои ронанда: Пухта ва нопухтаи он аз санг

фоида дорад, пешобро битозонад ва зусанториёро суд бахшад.
502. СУМФУТУН1 – СУМФУТУН
Symphytum officinale L.
Моҳият: Инро гоҳе ҳаййу-л-олам (ҳамешабаҳор), гоҳе гунае аз луффоҳ ва гоҳе ғайри он гӯянд. Он ду гуна аст: харсангӣ2 ва ғайри харсангӣ.
Табъ: Сардию хушкӣ бар он ғолиб буда, дорои рутубати гарми муътадил аст. Он латифие дорад, ки бо он буранда бувад, часпакии унсулие дорад, ки бо он таҳлил оварад ва қуввае дорад, ки бо он ҷамъ ва қабз кунад. Сумфутун ҳеҷ бӯю ширинӣ надорад, оби даҳонро оварад ва андар дег пораҳои гӯштро ба ҳам ҷамъ сохта, як [пораи] ягона бигардонад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Ҷӯшонидаи он аз барои гусастагии асабҳо ва мушакҳо чи аз миёнҷой ва чи аз ду сар [судманд аст] ва [ҷароҳатҳои] тозаро гӯшт пур кунад.
Андомҳои нафаскашӣ: Дуруштии гулӯро шифо бахшад ва хунпартоиро суд кунад. Вай бо оби ангубин шушро пок созад.
Андомҳои ронанда: Сумфутун, чунонки гуфтаанд, аз решҳои рӯдаҳо, аз саҳҷ, фатқи обии рӯда ва дардҳои гурда суд дорад ва хунравии ҳайзро бибандад.
503. СУМОҚ – ТУТУМ rhus coriaria L.
Моҳият: Гунае аз он хуросонӣ ва гунае шомӣ буда, хурдтар аз хуросонист ва сурхи наскшакл аст. Вай аз барои чизе ба кор ояд, ки ақоқиё ва гул аз барои он ба кор оянд. Агар онро бо об биҷӯшонанд ва сипас оби онро ба сони ангубин қиём кунанд, барои чизе ба кор ояд, ки ҳузаз ба кор равад.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум сард ва андар севвум хушк аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Тутум гиранда, қавигардонанда ва суддаоваранда буда, сирко аз он латифтар аст. Он хунравиро манъ кунад ва ҳатто гурӯҳе гуфтаанд, ки агар онро [бар гардан] биовезанд, низ чунин кунад. Тутум сафроро ба сӯи андомҳои андарунӣ кашида шудан нагузорад.
Оростагӣ: Ҷӯшонидаи тутуми чармгарон мӯйро сиёҳ кунад.
Омосҳо: Агар бо он [ҷои] латхӯрдаро зимод кунанд, варам кардан ва кабуд шудан нагузорад. Вай аз нохунхора судманд аст ва пеши афзоиши омосҳоро бигирад.
Решҳо: Решҳои палидро хазидан нагузорад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Пухтакови онро чун бар нимбаромадагӣ бирезанд, он варам накунад.
Андомҳои сар: Рими гӯшро манъ кунад ва агар самғи онро андар ҷои кирмхӯрдаи дандонҳо биниҳанд, дарди онҳоро ором кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Тутум меъдаро дибоғат дода, қувват бахшад ва бо турушии хеш ташнагӣ бишканад ва иштиҳо оварад. Вай маниши гаштани сафровиро фурӯ нишонад.
Андомҳои ронанда: Тутум шикамбанданда аст, хуни ҳайз ва хунравиро бибандад ва аз саҳҷ боз дорад. Бо он аз барои зусанториё, аз барои сайлони раҳм ва аз барои бавосир ҳуқнарезӣ кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ