Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан
  1. СИМСИМ – КУНҶИД
    Sesamum indicum L.
    Моҳият: Кунҷид аз ҳамаи тухмиҳо бештар равғаннок аст ва бад-ин сабаб ба зудӣ талх бигардад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки равғани он ба ҷуз аз барои худовандони савдо, ки эшонро гармию тарӣ биоварад, дигар касеро суд надорад. Урусимун1 ҷинсе аз кунҷид буда, бадтаъм аст.
    Ихтиёр: Ҷирми кунҷид қавитар аз равғанаш аст.
    Табъ: Андар миёни дараҷаи якум гарм ва андар охири он тар аст.
    Хосиятҳо: Кунҷид часпонанда, нармкунанда ва андар гарм кардан муътадил бувад. Равған ва ҷӯшонидаи он низ чунинанд. Кунҷид ковоккунанда аст, равғанаш ситабр ва бирёни он камзиёнтар аст.
    Оростагӣ: Кунҷид кабудии [маҳалли] латхӯрда ва хуни сахтшударо ҳал бикунад. Ошомидан ва тило кардани он аз кафидагиҳои савдовӣ ва дуруштии савдовӣ судманд аст. Кунҷид ва хусусан муқашшари он фарбеҳкунанда аст ва хусусан фишурдаи поя ва барги он мӯйро дароз ва нарм кунад ва сабӯсаро бибарад. Равғани кунҷиде, ки андар он мурд пухта бошанд, мӯйро нигоҳ дорад ва қуввату сахтӣ бахшад.
    Омосҳо: Омосҳои гармро ҳал кунад.
    Ҷароҳатҳо ва решҳо: Кунҷидро бар оташсӯхта биниҳанд ва ошомидани равғани он хусусан бо [оби] таркардаи сабр ва оби мавиз хориши балғамӣ ва хуниро бибарад.
    Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Бо кунҷид ситабрии асабҳоро зимод кунанд.
    Андомҳои сар: Равғани он бо андаке аз [равғани] гул сардарди аз сӯзиши [хилтҳо] баамаломадаро суд бахшад. Фишурдаи буттаи он сабӯсаро бибарад.
    Андомҳои чашм: Кунҷидро барои дарди дилзанандаи чашм ва омоси он ба кор баранд.
    Андомҳои сина: Аз барои зиқи нафас ва дамкӯтоҳӣ хуб аст.
    Андомҳои ғизокашӣ: Кунҷид аз барои меъда бад аст, маниши гаштан оварад, иштиҳоро биафтонад ва зуд серӣ оварад. Агар онро бо ангубин бихӯранд, зиёни онро бибарад. Гувориши кунҷид дер бикашад ва он андомҳои андаруниро ковок кунад. Бирёни он камзиён аст. Ғизои кунҷид сахт равғанист ва ташнагӣ оварад. Бо пӯсташ зуд бигузарад ва агар пӯст бикананд, дер бигузарад.
    Андомҳои ронанда: Аз барои рӯдаи қулун судманд аст.
    Кунҷиди таркарда ҳайзро сахт битозонад ва ҳатто ҷанинро биафтонад. Агар онро бирён карда, бо тухми кукнор ва тухми катон ба иътидол истеъмол кунанд, манӣ ва боҳро биафзояд.
    Заҳрҳо: Кунҷид аз газидагии мори шохдор суд бахшад.
  2. САМАК – МОҲӢ
    Pisces
    Ихтиёр: Беҳтарин моҳӣ аз ҷиҳати ҷусса онест, ки чандон бузург набошад, гӯшти он набояд сахт бошад, на хушк ва на равғанӣ, балки қариб резонак бошад, на серлуоб ва на бадбӯй бошад ва таъмаш бояд лазиз бувад, зеро моҳии лазиз созгор аст. [Низ беҳтарин] онест, ки равғанӣ буда, равғаннокиаш ба ифрот набошад, ситабр набошад ва на серпиҳ ва на тез бувад. [Сипас беҳтарин моҳӣ] онест, ки

чун аз об берун оранд, зуд бӯй нагирад. Аз моҳии гӯшташ сахт, хурди онро ва аз моҳии гӯштнарм як андоза бузургтари онро ихтиёр кунанд. Аз моҳии гӯштсахт намакини он беҳтар аз тозаи он бувад. Аммо аз ҷиҳати ҷинсҳои моҳӣ беҳтарини онҳо моҳии шаббут, сипас [моҳии] буннӣ ва мормоҳист. «Соҷ»-и дарёӣ бад нест. [Моҳии] «раҷз» ва «самм» ситабранд. Аммо мормоҳӣ ва моҳии «канъад» хуб ва «фарсиюк» ниҳоят хуб аст.
Аммо аз ҷиҳати ҷои зисти онҳо беҳтаринашон онест, ки андар ҷойҳои харсангӣ зист кунанд ва сипас онҳое бошанд, ки андар ҷойҳои регӣ ва обҳои хуши равоне зист кунанд, ки бе палидӣ ва бе гил буда, ботлоқӣ ва заҳӣ нестанд ва на аз кӯлҳои хурде баромада бошанд, ки (393) на аз рӯдҳо об гиранд ва на андар онҳо чашмаҳо бошанд.
Моҳии дарёӣ сутудаи латиф аст ва сутудатарини синфҳои он онест, ки танҳо андар дарё ва андар миёнаи он ёфт шавад. Моҳие, ки андар обҳои кушод маъво дошта, бодҳо бар он бивазанд, беҳтар аз моҳие бошад, ки бар хилофи он бувад. Моҳие, ки андар обҳои серизтиробу сермавҷ маъво дорад, беҳтар аст, чаро ки он беш аз он моҳие ба варзидан ниёзманд аст, ки андар обҳои истода маъво дошта бошад. Моҳии дарёӣ ва хусусан оне, ки андар соҳилҳои кӯҳӣ ва регӣ маъво дорад, хуб аст ва гӯшташ латиф бувад. Моҳии миёни дарё серварзиш аст. Он моҳие, ки аз дарё ба рӯдҳои хушоб ояд, низ бо ҷараёни об ситезад [ва] табиист, ки латиф ва серварзиш бувад.
Аз ҷиҳати ғизогирии моҳӣ он моҳие, ки гиёҳҳои хуб ва бехи растаниҳо ғизо бикунад, беҳтар аз моҳие бувад, ки аз партовҳои шаҳрии андар кӯлҳои обҳо афканда ва бехҳои растаниҳои бад ғизо кунад, агарчи худ андар ғояти хушӣ бошад.
Аз ҳама беҳтар он аст, ки моҳиро ба шакли сафедбо ва сипас ба шакли бар тоба бирёнкарда бихӯранд. Аммо моҳии бирён бо хушбӯиҳо барои худовандони меъдаи қавӣ созгор аст. Моҳии бирён серғизотар ва дергузар аст ва моҳии ҷӯшонида баръакси он бувад. Беҳтарин роҳи обпази он чунин аст: нахуст обро бояд ба ҷӯшидан расонд ва сипас андар он [моҳиро] бояд афканд. Беҳтарини моҳии шӯр онест, ки тоза ва ба наздикӣ андар намак хобонда бошанд. Сутудатарин моҳӣ онест, ки андар сирко ва дегафзорҳо хобонида бошанд. Обе, ки андар он моҳии шӯр ва хусусан моҳии ҷиррӣ пухта бошанд, сахт поккунанда аст ва андар зимни ҳуқнаҳои хушккунанда бидарояд.
Табъ: Ҳамаи моҳиҳо сарди таранд, валекин баъзе моҳиҳо андар қиёс ба мизоҷи худи моҳӣ аз баъзеи дигарашон гармтаранд. Масалан, моҳии кӯсаҷ, ҷиррӣ ва мормоҳӣ чунинанд. Моҳии шӯр гарми хушк аст ва ҳар қадар ки куҳантар бигардад, гармию хушкияш биафзоянд. Аммо [оби] моҳии намаккарда андар ҳолатҳои худ ба обкома монанд аст.
Феълҳо ва хосиятҳо: Моҳии тоза балғами обӣ бизояд, асабҳоро ковок кунад ва ба ҷуз меъдаи ниҳоят гарм дигар ҳамаро носозгор аст. Хуни он1 моил ба тунукист. Агар хокистари пӯсти моҳиеро, ки андар ноҳияи Байтулмуқаддас бо номи «сифиёс»2 маъруф аст, андар чашми чаҳорпоён бикашанд, сафедии онро бибарад. Аз синфҳои моҳӣ намакини он ва хусусан гунаи ҷиррӣ пайконро аз ҷои фурӯрафтааш берун орад.

пешина
аз 1215
навбатӣ