Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҷароҳат ва решҳо: Сари сӯхтаи моҳии «сморис» гӯшти зиёдатии решҳоро бирезонад, хазидани [решҳоро] боз дорад ва озахҳову тутаро биканад. Аммо оби моҳии шӯр аз решҳои уфунатӣ судманд аст ва онҳоро бишӯяд. Моҳиоба ва моҳиҳои хурди намакин ҳангоми муолаҷаи решҳои уфунатӣ хубанд.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Агар якчанд бор бо оби моҳии шӯри пухта ҳуқнарезӣ кунанд, аз дарди сурин сахт судманд бошад. Моҳии тоза асабҳоро суст кунад.
Андомҳои сар: Агар худованди қулоъи палид бо обкомае мазмаза кунад, ки аз моҳии хурди ба наздики аҳли Шом ва Миср бо номи «сир» маъруф омода кунанд, ӯро нафъ хоҳад кард. Агар моҳии раъоди зиндаро ба наздики сари каси гирифтори сардард бидоранд, карахтӣ оварда, сардард ҳис карда нашавад.
Андомҳои чашм: Бо пӯсти моҳии сифиёнус пилкҳои гаргинро бимоланд, суд бахшад. Пӯсти сӯхтаи он низ андар таркиби доруҳои чашм бидарояд ва кашидани он бо намак нохунаро бигудозад. Ба шакли бирён хӯрдани он боиси падид омадани пардаи чашм бигардад, балки ҳамаи моҳиҳо чунин буванд.
Андомҳои сина: Моҳии ҷиррии тоза нои шушро пок кунад ва овозро равшан созад.
Моҳии намакин низ чунин бувад. Сарҳои моҳичаҳои намакини хушконида аз забончаи варамкарда судманд аст.
Сирешуми моҳиро андар ошомҳо биафкананд, хунпартоиро боз дорад.
Андомҳои ронанда: Чинадони сифиёнус бо вуҷуди ба сахтӣ гуворида шуданаш шикамро нарм кунад. Гӯшти моҳии ҷиррӣ агар ба ҳоли тозагӣ хӯрда шавад, нармкунандаи шикам аст. Ҳама гуна шӯрбои моҳӣ шикамро нарм кунад. Сарҳои моҳичаҳои намакини хушконида аз барои кафидагиҳои мақъад илоҷи хубест. Моҳии «кӯса»
хусусан ва моҳиҳои «сукк»3, мормоҳӣ, «кӯс»4 ва ҷиррӣ [умуман] ҳама боҳро биафзоянд. Ҳар гуна моҳии тозаро гармогарм бихӯранд. Агар худованди реши рӯдагон ба оғози иллати [хеш] андар намакоби «малахи [дарёӣ]»-и намакин нишинад, [суд бахшад].
Заҳрҳо: Сари моҳии намакини сморисро5 ба шакли сӯхта бар ҷои газидаи саги девона ва газидаи каждум биниҳанд, суд бахшад ва ҳар гуна моҳӣ низ чунин [таъсир] дорад. Шӯрбои [моҳии ёдшуда] ва шӯрбои ҳар гуна моҳӣ аз заҳрҳои ошомида ва газидагиҳо судманданд.
Агар шӯрбои моҳиеро, (394) ки «уҳутодис алина»6 ном дорад, ошомида якчанд бор пайдарпай қай оваранд, аз газидагии мори шохдор ва саги девона суд бахшад. Агар бо гӯшти қуниюн зимод ниҳанд, аз газидани саги девона ва аз газидагии ҷунбандагони зиёнкор нофеъ аст. Гӯшти моҳие, ки «алина»7 ном дорад, агар ба шакли намаккарда ба кор бурда шавад, аз афъигазида суд бахшад ва агар онро зимод кунанд, аз газидагии саги девона судманд бувад.
520. САФАНДУЛИЮН1 – ПАНҶАИ ҒОЗ
Heracleum sphondylium L.
Омосҳо ва табишҳо: Онро бо судоб бар намла биниҳанд.

Ҷароҳатҳо ва решҳо: Онро бо судоб бар носурҳо биниҳанд.
Андомҳои сар: Каси ба субот гирифторро бо он дуд кунанд ва онро бо равғани зайтун бар сари худованди фаронитус ва лисорғус бимоланд. Фишурдаи тари онро андар гӯши чирккарда бичаконанд. Вай аз сардард сахт суд дорад.
Андомҳои сина: Аз душвор нафас кашидан ва дамкӯтоҳӣ судманд аст.
Андомҳои ғизокашӣ: Бехи он аз дардҳои ҷигар суд дорад. Панҷаи ғоз аз ярақон нофеъ аст.
Андомҳои ронанда: Балғамро ба исҳол оварад ва аз ихтиноқи раҳм суд бахшад.
521. САФАРҶАЛ – БИҲӢ
Cydonia vulgaris Pers.
Моҳият: Биҳӣ маъруф аст. Агар хокистари шохаҳову баргҳои онро бишӯянд, чун тӯтиё бошад. Рубби биҳӣ ба сабаби дуруст қабз кардани худ поккунанда аст, вале рубби себ ба иллати он, ки як миқдор рутубати обии сард дорад, туруш бигардад.
Ихтиёр: Биҳии бирён сабуктару нофеътар аст ва онро [ба тариқи зерин] бипазанд: онро гирд кофта, донаашро берун кунанд, андар он ангубин биниҳанд ва ҷирми онро гилкорӣ карда, андар қӯр бигӯронанд.
Табъ: Андар охири дараҷаи якум гарм ва андар аввали дараҷаи дуввум хушк аст.
Хосиятҳо: Биҳӣ гирандаи қависозанда аст. Гули он низ гиранда ва равғанаш ҳамчунин бувад. Биҳии ширин камтар қабз кунад ва донаи ин бидуни қабз нармкунанда аст. Вай фазлаҳоро ба сӯи андомҳои андарунӣ ҷорӣ шудан нагузорад.
Оростагӣ: Биҳӣ арақро боз дорад ва равғанаш аз кафидагиҳои аз сармо падидоянда судманд бошад.
Омосҳо ва табишҳо: Равғани он аз намла нек суд дорад.
Решҳо: Равғани он аз барои решҳои палид [хуб] аст.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Зиёд истеъмол кардани биҳӣ дарди асаб падид орад.
Андомҳои чашм: Биҳии бирёнро бар омосҳои гарми чашм биниҳанд.
Андомҳои сина: Фишурдаи он нафаси росто ва дамкӯтоҳиро судманд аст ва хунпартоиро боз дорад. Донаи биҳӣ аз дуруштии гулӯ суд бахшад ва нои шушро нарм кунад. Луоби он низ хушкии нои [шушро] тар кунад.
Андомҳои ғизокашӣ: Биҳӣ аз қай ва хумор судманд бувад ва ташнагиро бишканад. Шароб, нақиъ ва пухтакови биҳӣ меъдаи пазирои фазлаҳоро нерӯманд созад. Агар онро аз болои шароб нуқл кунанд, хуморро бибарад. Аз биҳӣ шаробе бисозанд, ки иштиҳои афтидаро ниҳоят қавӣ гардонад. Майбиҳӣ меъдаро нерӯ бахшад ва қайи балғамиро боздорад.
Андомҳои ронанда: Биҳӣ пешобтозонанда аст ва гуфтаанд, ки ин ба араз ва ба шикамро бастани он вобаста аст. Биҳии бо ангубин пухта сахттар пешоб ронад, лекин гоҳе табиатро бикушояд ва набандад. Биҳӣ қулинҷ ва печиши ноф падид орад, аз зусанториё нофеъ бошад, хунравии ҳайзро бидорад ва агар фишурда ва ё равғани онро андар мезаной бичаконанд, сӯзиши пешобро суд бахшад.

пешина
аз 1215
навбатӣ