Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли шонздаҳум

гуфтор андар баёни ҳарфи «айн» /ع/

  1. АРЪАР – САРВИ КӮҲӢ, БУРС
    Juniperus communis L.
    Моҳият: Ин сарви кӯҳист ва гунае аз он хурд ва гунае бузург бувад.
    Табъ: Майл ба гармию хушкӣ дорад ва гавзи он андар дараҷаи якум гарм ва андар дуввум хушк аст.
    Хосиятҳо: Сарви кӯҳӣ гармкунанда, латифсозанда ва парокандакунандаи [бодҳост]. Андар самари он ба изофаи [феълҳои ёдшуда] гирандагӣ ҷой дорад, вале на ба андозаи гирандагии дигар бахшҳои дарахти он бувад.
    Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз барои гусехтагии мушакҳо хуб аст.
    Андомҳои сина: Аз барои дардҳои сина ва сурфа хуб аст.
    Андомҳои ғизокашӣ: Сарви кӯҳӣ пок кунад, суддаҳои ҳар ду [ҷигару меъдаро] бикушояд ва ошомидани он аз барои меъда ва дамиши он сахт хуб бошад.
    Андомҳои ронанда: Пешоб ва хуни ҳайзро битозонад ва аз барои ихтиноқи раҳм ва дардҳои он хуб аст.
    Заҳрҳо: Сарви кӯҳи зиёни газидагии ҷунбандагони зиёнкорро бигардонад ва дуд андохтани ҳар кадом аз ду навъи он ва ҳар гуна бахше аз бахшҳои дарахтони онҳо ҷунбандагони зиёнкор ва хазандагонро биронад.
  2. АСОУ-Р-РОЪӢ1 – САДПАЙВАНД, РАҲДАВАК
    Polygonum aviculare L.
    Моҳият: Ин батбот аст ва нару мода дорад. Нари он қавитар бувад.
    Хосиятҳо: Садпайванд дорои гирандагист, лекин бахши обии он зиёд аст ва ба иллати моддаҳои резандаро бисёр пас гардонданаш чунин пиндоранд, ки хушккунанда буда, бад-ин сабаб хунравиро боз дорад.
    (396) Омосҳо ва табишҳо: Вай зимоди фалағмунӣ, сурхбод ва намла аст ва аз барои омосҳо сахт судманд аст.
    Решҳо: Ҷароҳатҳои тозаро сахт фароҳам оварад.
    Андомҳои сар: Фишурдаи он кирми гӯшро бикушад ва решҳои онро бихушконад.
    Андомҳои сина: Оби он аз хунпартоӣ судманд аст.
    Андомҳои ғизокашӣ: Онро чун аз барои афрӯхтагии меъда зимод кунанд, сардкунандаи судманде хоҳад буд.
    Андомҳои ронанда: Аз раҳм рафтани хунро манъ кунад ва решҳои рӯдагонро шифо бахшад. Дисқуридус ба таъкид гуфтааст, ки он пешобро битозонад ва худованди бандшудагии [пешобро] офият бахшад.
  3. УБАЙСИРОН – КОФУРИСПА РАМ
    Rosmarinus officinalis L.
    Хосиятҳо: Ҳалкунанда аст.

Андомҳои сар: Аз бемориҳои сарди мағз судманд аст ва зукоми аз сардӣ бударо суд бахшад.
Андомҳои чашм: Бар чашм кашидани оби он биноиро тез кунад.
531. ИЛК – САҚИЗ
Gummi
Моҳият: Мо андар баёни сақизи набатиҳо1, ротинаҷ2 ва ғайра андар ҷои худ сухан рондем.
Табъ: Сақизи набатиҳо гарм аст. Баъди он сақизи сарв ва сипас ротинаҷ биистанд.
Хосиятҳо: Сақиз ҳалкунанда аст. Ротинаҷ ва сақизи сарв ҳарчанд беш аз сақизи набатиҳо гарманд, вале беш аз он ҳалкунанда нестанд.
532. АРТАНИСО1 – 1) БАХУРИ МАРЯМ; 2)
ОЗАРБӮЙ

  1. Cyclamen europaeum L.; 2) Leontice leontopetalum z.
    Моҳият: Чизи аз он короям бехаш аст. Гуфтаанд, ки он бахури Марям бувад ва андар баёни он мо сухан рондем2. Дисқуридус гуфтааст, ки он дорои кулоҳакҳои ба кулоҳакҳои нахӯд монанд аст, баргаш чун барги каранб ва бехаш чун бехи шалғам сиёҳ аст3. Ин сифат на сифати он чизест, ки мо имрӯз мешиносемаш, зеро он чизе, ки бо номи «артанисо» маъруф аст, хори зичи кӯтоҳ буда, дорои бехи сафед аст ва бо он пашмро аз чирк бишӯянд4.
    Дисқуридус гуфтааст, ки [ин растанӣ] андар киштзорҳо миёни гандум бирӯяд. Он хосиятҳоеро, ки мо ёд кунем, аз ҳамин аст ва чунин ба назар бирасад, ки тарҷимон хато кардааст.
    Хосиятҳо: Ҳалкунандаи буранда аст.
    Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Аз дардҳои ҳар ду сурин хуб аст.
    Андомҳои сар: Атсаоваранда аст ва [суддаҳои] тан ва суддаҳои устухони полояндаро сахт бикушояд.
    Андомҳои ғизокашӣ5: Ҳукакро нест кунад.
    Андомҳои ронанда: Ҷанинҳоро биафтонад.
    Заҳрҳо: Ҷӯшонидаи онро бар газидагиҳо [бирезанд] ва ошомидани он низ [хуб] аст.
    Ҷойнишинҳо: Аз барои афтондани ҷанинҳо ва заҳрҳоро суд бахшидан ба андозаи як чанди он аз зарованди дароз, донаи турунҷ ва пудина ҷои онро бигиранд.
  1. УСФУР1 – КОҶИРА
    Carthamus tinctorius z.
    Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Ин растаниест, ки дорои баргҳои дароз, барҷаста, дурушт ва хорнок бувад.
    Онро соқест, ки қариб ду зироъ дарозӣ дошта, бе хор аст ва бар он сараҳое чун донаҳои бузурги зайтун, гули шабеҳ ба заъфарон ва шукуфаҳои сафед нишастаанд.
пешина
аз 1215
навбатӣ