Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бархе аз он ба сурхӣ бизанад. Гоҳе гули онро андар таом ба кор баранд».
Табъ: Андар дараҷаи якум гарм ва андар дуввум хушк аст.
Хосиятҳо: Коҷира ба изофаи пазонандагӣ ба таври муътадил қабз кунад.
Оростагӣ: Кунҷида ва баҳакро пок кунад.
Решҳо: Коҷираро андар сирко гирифта, бар парюн биниҳанд.
Андомҳои сар: Агар аз коҷираи даштӣ бо ангубин молиданӣ бисозанд, қулоъи бачагонро суд бахшад.
534. УНСУЛ – пиёзи УНСУЛ Urginea maritima (L.) Baker.
Моҳият: Ин мушпиёз буда, баргаш чун барги савсан аст. Он дорои гули моил ба сиёҳист.
Табъ: Андар дараҷаи дуввум гарми хушк аст.
Хосиятҳо: Пиёзи унсул буранда буда, дорои часпакист.
Оростагӣ: Сӯхтаи онро бо ангубин сиришта, бар «бемории рӯбоҳ» ва «бемории мор» биниҳанд.
Андомҳои сина: Сиркои он гулӯро дурушт ва гӯшти онро сахт созад ва аз барои дамкӯтоҳӣ, печидагии овоз дар гулӯ ва сурфаи деррав хуб бувад.
535. ОҚИРҚАРҲО – ОҚИРҚАРҲО
Anacyclus pyrethrum DC
Моҳият: Аз ин растанӣ аксар вақт бехи онро ба кор баранд. Дисқуридус гуфтааст: «Ин растаниест, ки дорои соқи мисли соқи мозариюн, афсаре чун афсари шибит ва монанди мӯй ва решаҳоест, ки ба қадри ангушт ситабранд, вале агар чашида шаванд, забонро сахт бизананд».
Ихтиёр: Беҳтарини он тези забонро сӯзонанда буда, ҳаҷмаш бояд ба андозаи ангушт бошад.
Табъ: Бархе аз [пизишкон], ки бар ӯ эътимод нашояд, гуфтааст, ки оқирқарҳо сарди латиф аст. Вале ба ҳақиқат он андар дараҷаи севвум гарми (397) хушк бувад.
Феълҳо ва хосиятҳо: Хоидани он балғамро бикашад ва қувваи он сӯзонанда буда, агар онро бо равғани зайтун бимоланд, арақ оварад.
Оростагӣ: Агар окирқарҳоро бо равғани зайтун омехта, [бар тан] бимоланд, арақ оварад.
Афзорҳои пайвандгоҳҳо: Молидани худи он, оби он ва равғани он аз истирхои деррави асабҳо ва карахтии онҳо судманд аст ва кузозро андар касе, ки қобили кузоз аст, падид омадан нагузорад.
Андомҳои сар: Окирқарҳо суддаҳои устухони полоянда ва роҳи бӯёиро сахт бикушояд. Ҷӯшонидаи он ва хусусан агар сард бошад, аз дарди дандонҳо нофеъ аст.
Агар бехи онро бо сирко пухта, андар даҳон бигиранд, дандонҳои ҷунбонро мустаҳкам кунад.
Табҳо: Чунонки гурӯҳе тасдиқ кардаанд, агар пеш аз бозомадани навбаи табларза танро бо он молиш бидиҳанд, аз табларза, хоҳ бо таб бошад ва хоҳ бе таб, суд бахшад.

  1. ИНАБУ-С-САЪЛАБ1 – РӮБОҲРАЗАК,
    АНГУРИ САГАК
    Solanum nigrum L.
    Моҳият: Дисқуридус гуфтааст: «Рӯбоҳразак намудҳои зиёд дорад. Яке аз онҳо бӯстонист. Ин растаниест, ки онро бихӯранд, бузург нест, дорои шохаҳои бисёр ва баргҳоест, ки рангашон ба сиёҳӣ бизанад, бузургтар ва паҳнтар аз барги бодруҷ буванд. Самари он гирдашакл аст. Нахуст сабз зоҳир шавад, сипас сиёҳ бигардад ва чун бипазад, сурх шавад. Агар ин растаниро бихӯранд, аз он ҳеҷ зиёне нарасад.
    Намуди дуввуми онро «улуфиғдун»2 хонанд. Барги он шабеҳ ба барги намуди якум аст, вале паҳнтар аз он бошад. Шохаҳои он чун дароз шаванд, ба фурӯсӯ хамида гарданд. Он дорои самарест, ки андар ғилофи3 гирде чун обгаҳ ҷой дошта, мисли ангур сурхи ҳамвор аст. Онро гоҳе аз барои афсар ба кор баранд. Қувваташ чун қуввати навъи якумист, вале инро нахӯранд. Гоҳе фишурдаи ҳар ду намудро гирифта, андар соя хушк ва захира кунанд ва таъсири ҳар ду яксон бошад.
    Намуди севвуми рӯбоҳразак хобоваранда4 аст ва он растаниест, ки дорои шохаҳои бисёри зичи панҷазада ва ба сахтӣ шикананда бувад. Ин [шохаҳо] пур аз баргҳои равғании шабеҳ ба баргҳои себеанд, ки биҳитаъм бувад ва дорои гулҳои бузурги сурханд. Самари ин [растанӣ] андар ғилофе ҷой дорад, ки рангаш ба заъфарон монад.
    Бехи он пӯстсурхи ба қадри кофӣ бузург аст. Ин [навъ] андар ҷойҳои харсангӣ бирӯяд.
    Намуди чаҳорум рӯбоҳразаки девонакунанда5 буда, аҳли Табаристон онро «кубрил»6 хонанд ва ба наздики юнониён номҳои зиёде дорад. Он растаниест, ки дорои баргҳои шабеҳ ба барги индов, вале бузургтар аз он бувад. Онро шохаҳои бузургеанд, ки ҳама аз як бех растаанд, шумораашон ба 10-12 бирасад ва ба қадри як зироъ дароз буда, андар охирҳои хеш ғӯзаҳое доранд, ки шабеҳ ба зайтунанд7, вале бар онҳо мисли мӯякҳои гавзи чинор мӯякҳо8 нишастаанд. Онҳо бузургтар аз зайтун ва паҳнтар буванд. Гули он сиёҳ аст ва сипаси гул онро меваҳое падид оянд, ки хӯшамонанд буда, андар онҳо даҳ ва ё дувоздаҳ дона ҷой дорад. Донаи он гирди ба қадри ковокии ангур ковоки сиёҳ ва шабеҳ ба донаи печак бувад9. Ин [растанӣ] дорои бехест, ки хушбӯй, ситабр, дарунтиҳӣ ва ба қадри як зироъ дароз мебошад. Он андар ҷойҳои кӯҳӣ, мавзеъҳои бодсӯз ва андар миёни дарахтони чинор бирӯяд. Намуди панҷумро бархе аз мардум «дуруқниюн»10 номанд. Ин растаниест, ки ба оғози растан дарахти зайтунро монад. Дорои шохаҳоест, ки дарозияшон камтар аз як зироъ буда, сахт дуруштанд. Он дорои гули сафеди гесугунаи шабеҳ ба гули нахӯд аст ва андар он тақрибан панҷ ё шаш донаест, ки нахӯдро монанд, ҳамвори сахт ва гуногунранг буванд. Ин [навъ] бехе дорад, ки ба қадри ангушт ситабр ва ба дарозии як зироъ бувад. Он андар миёни харсангҳо, вале на дур аз дарё ва ё об бирӯяд. Ин намуд низ хобоваранда аст ва агар аз он ба миқдори бештар бихӯранд, одамро бикушад. Гурӯҳе чунин тасдиқ кунанд, ки бехи он аз барои маҳаббат [ангехтан] короям аст».
    Ихтиёр: Аз рӯбоҳразак он гунаеро ба кор баранд, ки баргаш сабз ва мевааш зард аст ва он, чунонки ёд кардем, панҷ гуна бувад.
пешина
аз 1215
навбатӣ