Қонуни тиб

(29) Фасли ҳафтум
андар ташреҳи муҳраҳо
Муҳра устухонест миёнсӯрох, ки андар он ҳароммағз нуфуз кунад. Муҳра мумкин аст дорои чаҳор фузунӣ бошад
– аз ду бари росту чапи забару зери сӯрохӣ. Он фузуние, ки рӯ ба барсӯ дорад, «рӯ ба барсӯ»-яш хонанд ва оне, ки рӯ ба фурӯсӯ дорад, «рӯ ба фурӯсӯ» ва «сарнагун» номанд.
Гоҳе фузуниҳо шашто буда, чаҳорто аз як тараф ва дуто аз тарафи дигар бошанд ва гоҳе ҳаштоанд. Манфиати ин фузуниҳо андар он аст, ки аз онҳо андар миёни муҳраҳо пайвастагии бандкушоие ба амал ояд, ки ба воситаи мағокиҳои андар бархе ҷойдошта ва фузуниҳои луқмамонанди андар бархеи дигар буда сурат бигирад. Муҳраҳоро фузуниҳоеанд, ки на аз барои ин манфиат, балки барои муҳофизат, ҳимоя ва муқовимат бо зарбаи воқеъшаванда ва низ барои он бошанд, ки пайвандҳо бар онҳо бофта шаванд.
Ин [фузуниҳо] аз устухонҳои паҳни сахт иборат буда, ба дарозои муҳраҳо ҷойгир шудаанд. Он қисм фузуниҳое, ки ба сӯи пушт ҷойгиранд, «хорҳо» ва «дандонаҳо» ном доранд ва он қисм [22] аз фузуниҳое, ки аз тарафи рост ва чап гузошта шудаанд, «болҳо» ном доранд. Онҳо аз он бахш асабҳо, рагҳо ва мушакҳое нигаҳбонӣ кунанд, ки дарунтар аз онҳо ба дарозои тан ҷойгиранд. Бархе аз болҳо, ки онҳо баъди устухонҳои паҳлу меоянд, дорои манфиати хосанд.
Яъне андар онҳо мағокиҳое офарида шудаанд, ки бо ёрии онҳо сарҳои барҷастаи устухонҳои паҳлӯ андар онҳо ҷойгир шуда, баста бигарданд. Ҳар як бол дорои ду мағокӣ ва ҳар як устухони паҳлу дорои ду фузунии барҷаста аст. Бархе аз болҳо дусара аст ва шабеҳ ба боли дучандӣ мебошад.
Ин андар муҳраҳои гардан ҷой дошта, манфиати онро баъд ёд хоҳем кард.
Муҳраҳо ба ғайр аз сӯрохии миёнгин сӯрохиҳои дигаре низ доранд. Онҳо ба сабаби он асабҳоеанд, ки аз муҳраҳо берун оянд ва [низ ба сабаби] он рагҳоеанд, ки андар онҳо бидароянд. Баъзеи ин сӯрохиҳо пурра андар ҷисми як муҳра ба амал ояд ва баъзеи он бо тамомияташ ба таври муштарак андар ду муҳра ба амал ояд ва маҳалли он ҳадди муштараки ду муҳра бувад. Гоҳе он андар ҳар ду тараф – боло ва поин, якҷоя ба амал ояд ва гоҳе аз як тараф. Гоҳе андар ҳар яке аз ду муҳра як нимдоираи пурра бошад ва гоҳе андар яки он нимдоираи бузургтар буда, андар дигараш нимдоираи хурдтар бувад. Ин сӯрох барои он аз ду бари муҳра сохта шудааст, на аз пушт, ки андар пушт барои чизҳои барояндаву дароянда [имконияти] муҳофизат набуда, ба зарбаҳо дучор хоҳанд шуд. На низ аз пеш сохта шудааст, вагарна андар ҷойҳое воқеъ мешуд, ки низ майли тан бо вазни табиӣ ва ҳаракатҳои иродии худ бад-он сӯй буда, ин боиси нотавонии [муҳра] мегашт, банду баст якхелаву пай дар пай намебуд ва низ майл кардан ба тарафи баромадгоҳи асабҳо боиси нотавонӣ ва беқувватии онҳо мегашт. Бар рӯи ин фузуниҳое, ки барои муҳофизатанд, гоҳе пайвандҳо ва пайҳо хобида, ҳамвору нарм гардидаанд, то ки гӯшт ба сабаби совидан бо [онҳо] озурда нагардад.
Кори фузуниҳои бандкушоӣ низ ҳамин тавр аст. Онҳо аз тамоми тарафҳо пай дар пай ва бо пайванд ба якдигар сахт баста шудаанд, вале пай дар пай бастанашон аз пеш сахттар ва аз пас нармтар бошад, зеро ба тарафи пеш хаму рост шудан заруртар аз хаму рост шудан ба сӯи пушт аст. Азбаски
пайвандҳои пушт нарманд, фазои ночор андар он ҷой падидомада каму беш бо тариҳои часпак пур карда шудааст.
Муҳраҳои пушт бо он ки аз як ҷиҳат бо ҳам бениҳоят сахт баста шудаанд, мисли як устухони яклухтеанд, ки барои суботу оромӣ офарида шуда бошад ва бо он ки аз ҷиҳати дигар нарм баста шудаанд, мисли устухонҳои бисёреанд, ки барои ҳаракат офарида шуда бошанд.
Фасли ҳаштум андар манфиати гардан ва ташреҳи устухонҳои он
Гардан барои нои шуш ва нои шуш аз барои он манфиатҳои офаринишие офарида шудаанд, ки онҳоро ба ҷои худ ёд хоҳем кард. Азбаски муҳраҳои гардан ва умуман [муҳраҳои] бахши барсӯвин бар бахши фурӯсӯвини сутунмуҳра истодаанд, воҷиб аст, ки онҳо хурдтар бошанд. Зеро агар мурод ба амал овардани ҳаракатҳо бар низоми ҳакимонаи табиӣ бошад, бояд боршуда сабуктар аз бардоранда бошад. Азбаски аввали ҳароммағзро воҷиб аст, чун аввали рӯд ситабртару бузургтар бошад, зеро он бандҳои асаб, ки ба бахши барсӯвин хосанд, бештар аз он бандҳоеанд, ки ба бахши фурӯсӯвин хос бошанд, воҷиб омад, ки сӯрохиҳои муҳраи гардан фарохтар буванд. (30) Азбаски хурдии он ва фарохии дохили вай боиси тунукии ҷирми он мегардад, воҷиб омад, ки андар он ҷо аз роҳи чорабинӣ кардани сустии аз ду амри мазкур пайдошуда як навъ устуворӣ ба амал оварда шавад. Бинобар он воҷиб омад, ки онҳо ҳамчун сахттарини муҳраҳо офарида шаванд. Азбаски ҷирми ҳар як мағокии онҳо тунук аст, дандонаҳои онҳо хурд офарида шудаанд. Агар дандонаҳо бузург офарида мешуданд, ба ҳангоми бархӯрдани ашёи сахт ба онҳо муҳраро ба шикастан омода ва ба осебҳо гирифтор менамуданд. Азбаски дандонаҳои онҳо хурданд, болҳои онҳо бузург ва дусара буванд. Азбаски ниёзмандии онҳо ба ҳаракат беш аз ниёзмандӣ ба оромист, чунки устухонҳои бисёрро бардоштани онҳо мисли бардоштани [муҳраҳои] андар зери онҳо буда нест, бинобар он низ пайвандгоҳҳои муҳраҳои [гардан] нисбат ба пайвандгоҳҳои муҳраҳои зери онҳо нармтаранд. Аз ин сабаб он миқдор аз устуворӣ, ки ба сабаби нармӣ аз байн биравад, ин миқдор [устуворӣ] ва ё бештар аз он бо ёрии он асабҳо, мушакҳо ва рагҳое баргардонда шавад, ки онҳоро иҳота карда, пӯшонидаанд ва аз заҳмати мустаҳкам намудани пайвандгоҳҳо бениёз гардонидаанд. Азбаски ниёзмандӣ ба мустаҳкам намудани пайвандгоҳҳо коҳиш ёфта, як миқдори зарурӣ аз он бо ёрии чорабинии дидашуда ба амал омадааст, фузуниҳои бандкушоии ба барсӯву фурӯсӯ нигарон мисли онҳое, ки андар зери гардананд, бузургу бисёр паҳн офарида нашудаанд. Балки пойгоҳҳои онҳо дарозтар ва пайвандҳояшон нармтар гардонида шудаанд. Маҳалли баромади асабҳо андар онҳо, чунонки ёд кардем, муштарак гардонда шудааст, зеро ҳеҷ як муҳраи он ба сабаби тунукӣ, хурдӣ ва фарохии гузаргоҳи андар он будаи ҳароммағз, ба ҷуз он муҳраҳое, ки мо онҳоро истисно намуда, ҳоли онҳоро [алоҳида] баён хоҳем кард, қобили таҳаммули сӯрохии хос нест.
Акнун бигӯем: шумораи муҳраҳои гардан ҳафтоанд. Ин миқдор андар шумора ва андар дарозӣ муътадил ба шумор биравад. Ҳар як аз онҳо, ба ҷуз якумӣ, дорои тамоми ёздаҳ фузунии ёдшуда аст: як дандона, ду бол, чаҳор фузунии бандкушоии рӯ ба барсӯ ва чаҳор фузунии бандкушоии рӯ ба фурӯсӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё