Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Таркиби устухонҳои бинӣ аз ду устухоне иборат аст, ки мисли ду секунҷа бошанд. Ду кунҷи ин ду секунҷа аз барсӯ ба ҳам бирасанд, ду асоси онҳо ба наздики як кунҷ аз ҳам ҷудо бошанд. Ҳар як аз ин ду устухон бар яке аз ду дарзи паҳлуие савор аст, ки зимни шарҳи устухонҳои рӯй ёд шудаанд. Бар ду каронаи фурӯсӯвини онҳо ду куркураки нарм ҷой доранд ва андар миёни онҳо ба дарозои дарзи васатӣ куркураке ҷой дорад, ки бахши барсӯвини он аз [бахши] фурӯсӯвинаш сахттар бошад. Худи он якҷоя аз ду куркураки дигар дида сахттар аст. Манфиати куркураки миёнгин аз он иборат аст, ки биниро ба ду сӯрох ҷудо кунад, то ки агар аз мағз фазлаи резанда фуруд ояд, бештар ба яке аз ду сӯрох бигарояд ва ҳамаи роҳи нафасро набандад, зеро [аз ин роҳ] ба мағз ҳавое бирасад, ки рӯҳи андар он бударо бод диҳад. Манфиати ду куркураки паҳлуӣ аз се чиз иборат аст: якум манфиатест, ки барои ҳамаи куркуракҳои андар атрофи устухонҳо буда муштарак аст ва мо аз [баёни] он фориғ шудем; дуввум барои он аст, ки ҳангоми эҳтиёҷ ба нафаскашии бештар ва дамидан кушода шуда, фарох бигардад; севвум барои он аст, ки ҳангоми дамидан бо ларзиш хӯрдани онҳо ва молиш додану афшондани онҳо андар кори берун овардани бухори дудӣ ёрӣ расонида шавад.
Устухонҳои бинӣ барои он тунуку сабук офарида шудаанд, ки андар ин ҷо ҳоҷат ба сабукӣ бештар аз ҳоҷат ба мустаҳкамист. Хусусан барои он чунинанд, ки онҳо аз (28) пайвастан бо андомҳои осебпазир барианд ва андар мавриди муроқибаи ҳис қарор гирифтаанд.
Зерманаҳ бошад, сурати устухонҳо ва манфиатҳои он ҳувайдост. Вай аз ду устухон иборат буда, андар зери занахдон, ки он пайвандгоҳи устувор аст, бо ҳам ҷамъ омадаанд.
Андар сари ҳар кадом аз ду тарафи дигари он барҷастагии хамидае растааст ва он бо фузунии мувофиқи хеш, ки аз устухони андар ҳамон ҷо поёнёфта баромадааст, пайваста гардида, бо пайвандҳо болоиҳам баста шудаанд.
Фасли панҷум андар ташреҳи дандонҳо

Дандонҳо сиву дутоанд. Гоҳе андар бархе аз мардумон дандонҳои хирад набошад, ки онҳо чаҳор дандони вопасинанд. Андар ин ҳолат шумораи дандонҳо бисту ҳашт хоҳад буд. Аз ҷумла ду дандони пеш ва ду рубоӣ аз забар ва ҳамин қадар аз зер барои пора кардан, ду неш аз забар ва ду неш аз зер барои шикастан ва курсиҳо аз ҳар як тарафи забарин ва зерин, ки чор ё панҷтоанд, барои орд кардан бошанд. Маҷмӯи онҳо 32 ва ё 28 дандон аст. Дандонҳои хирад, одатан, андар миёни синни болиш бирӯянд, ки он баъд аз балоғат то синни бозистодан аз болишро фаро бигирад.
Азбаски [синни] аз болиш бозистодан ба сисолагӣ наздик аст, бинобар он онҳоро «дандонҳои хирад» номанд.
Дандонҳо дорои решаҳо ва шохаҳои тез буда, андар мағокиҳои устухонҳои ҳар ду манаҳ, ки ҳомили дандонҳоянд, устувор гардидаанд. Андар канори ҳар мағокие як фузунии гирд ва бар фарози он як устухони хурдест, ки дандонро фаро гирад ва маҳкам нигоҳ дорад. Андар ин ҷой пайвандҳои

қавие ҷой доранд. Ҳар як дандон, ба ғайр аз курсиҳо, як шоха дорад. Курсиҳои андар манаҳи зерин устуворбуда ҳадди ақал ду шоха доранд ва гоҳе, хусусан ҳар як аз ду дандони хирад, дорои се шохаанд. Аммо курсиҳои андар манаҳи забарин устуворбуда [ҳар як] ҳадди ақал се шоха доранд ва гоҳе, хусусан ҳар як аз дандонҳои хирад, дорои чаҳор шохаанд. Беш будани шохаҳои курсиҳо ба сабаби бузургӣ ва серкории онҳост. Шохаҳои курсиҳои забарин барои он зиёданд, ки онҳо овезон буда, гаронӣ майли онҳоро бар хилофи ҷиҳати шохаҳои онҳо равон кунад. Аммо поёниҳо бошанд, вазнашон бар хилофи марказашон нест.
Албатта, ҳеҷ як устухон ба ҷуз дандонҳо соҳиби ҳис нест.
Бинобар ин, Ҷолинус гуфтааст ва таҷриба ҳам шаҳодат диҳад, ки онҳо дорои ҳис буда, ба ин восита бо қуввае онҳо қувватнок карда шудаанд, ки аз мағз бад-онҳо бирасад, то чизи гармро аз хунук фарқ кардан битавонанд.
Фасли шашум андар манфиати сутунмуҳра

Сутунмуҳра барои чаҳор фоида офарида шудааст. Якум барои он ки роҳи ҳароммағзе бошад, ки бақои ҳайвон ба сабаби манфиати доштааш, – мо онро дар ҷои худ шарҳ хоҳем дод, – бад-он ниёзманд аст. Аммо мо андар ин ҷо оид ба он ба таври умум таваққуф кунем. Яъне агар ҳамаи асабҳо аз мағз мерӯиданд, он гоҳ эҳтиёҷ ба он меафтод, ки сар бояд аз будаш хеле бузург бошад ва бардоштани он барои тан гарон меомад. Ба изофаи ин асабро лозим меомад, ки барои расидан ба нуқтаҳои дуртарини каронаҳо масофаи дурро тай кунад ва андар ин ҳолат ба осебҳо ва қатъ шудан дучор меомад ва дарозии масофа андар кашидани андомҳои гарон ба сӯи сарчашмаҳояшон боиси камқувватии он мегашт. Бинобар ин, Худои гиромию бузург бо баровардани ҷузъе аз мағз, ки он ҳароммағз аст, ҳамчун ҷӯй аз чашма ва [равон кардани он] ба фурӯсӯви тан неъмат ба мо арзонӣ дошт, то ки ба ҳасби баробарӣ ва кӯндалангии он нисбат ба андомҳо аз он ба ду паҳлу ва охири [тан] асаб тақсим гардад. Сипас сутунмуҳраро роҳи боэътимоде барои он гардонид.
Манфиати дуввум ин аст, ки сутунмуҳра паноҳгоҳ ва сипари андомҳои шарифест, ки онҳо андар пешгоҳи он ҷойгир шудаанд. Бинобар он, барои вай хорҳову дандонаҳо офарида шудаанд.
Манфиати севвум ин аст, ки сутунмуҳра барои он офарида шудааст, ки то бунёди тамоми устухонҳои тан бошад ва он мисли чӯбест, ки ҳангоми сохтмони киштӣ аз ҳама пеш омода созанд ва сипас дигар чӯбҳоро андар он устувор карда, бо он бибанданд. Бинобар ҳамин сутунмуҳра сахт офарида шудааст.
Манфиати чаҳорум ин аст, ки то сохти тани инсон озодонаю рост бошад ва имконият дошта бошад, ки ба ҳама сӯ ҳаракат кунад. Бад-ин сабаб сутунмуҳра ба шакли муҳраҳои андар як силк кашидашуда офарида шудааст, на ба шакли як қитъа устухон ва на ба шакли устухонҳои миқдоран зиёд. Пайвандгоҳҳои миёни муҳраҳо на он қадар нарм гардонида шудаанд, ки боиси сустии қивом бошанд ва на он қадар устувор, ки монеи хаму рост шудан.

пешина
аз 1215
навбатӣ