Қонуни тиб

Сарчашмаи лифи чаҳорум аз дандонаҳои [муҳраҳои] гардан сар шуда, аз назди гӯшҳо бигузарад ва ба ҷузъҳои рухсора пайваст гашта, рухсораро ҳаракати ба чашм намоёне диҳад, ки лаб аз паси он ба ҳаракат ояд. Гоҳе андар баъзе одамон [ин лиф] ба бехи гӯш ниҳоят наздик буда, бад-он бипайвандад ва гӯши эшонро биҷунбонад.
Фасли шашум андар ташреҳи мушакҳои лаб
Андар баёни лаб мо гуфтем, ки яке аз мушакҳои он барои вай ва ҳар ду рухсора муштарак аст. Он мушакҳое, ки хосси вайанд, чаҳорто буда, як ҷуфт аз онҳо аз забари самти рухсораҳо ва як ҷуфт аз фурӯсӯ омада, ба наздики ду гӯшаи лаб пайваст бигарданд. Ин чаҳор [мушак] як худашон андар ҳаракат додани лаб кифоятанд, зеро ҳар яке аз онҳо агар ба алоҳидагӣ ҳаракат кунанд, лабҳоро ба сӯи он тараф ҳаракат диҳанд, агар дутояшон аз ду сӯ ҳаракат кунанд, лаб ба ду сӯ кушода шавад ва бо ҳамин онро ҳаракат кардан ба чаҳор сӯ пурра ба амал ояд. Онро ғайри ин [чаҳор] дигар ҳаракате нест ва ҳамин чаҳор [мушак] ӯро кифоят аст.
Ин чаҳор мушак ва гӯшаҳои мушакҳои муштарак бо ҷирми лаб чунон омехта гаштаанд, ки ҳис онҳоро аз гавҳари хосси лаб фарқ кардан натавонад, чунки лаб андоми нарми гӯштӣ буда, устухон надорад.
Фасли ҳафтум андар ташреҳи мушакҳои бинӣ
Ба каронаҳои ҳар ду бинӣ ду мушаки хурд ва қавӣ пайвастаанд. Хурдии онҳо барои он аст, ки то ба дигар мушакҳое, ки ҳоҷат бад-онҳо бештар аст, тангӣ наоваранд. Зеро ҳаракатҳои андомҳои рухсора ва лаб сершумор, такроршаванда ва давомнок буда, ҳоҷат ба онҳо аз ҳоҷат ба ҳаракати [30] каронаи параи бинӣ заруртар аст. Он ду [мушак] барои он боқувват офарида шудаанд, ки бо нерӯи худ ҷои камбуди ба набудани устухон вобастаро бигиранд.
Баромадгоҳи ҳар ду аз назди ду рухсора буда, ба оғоз бо лифи рухсора омехта бошанд. Аз назди ду рухсора баромадани онҳо барои он аст, ки то ҳаракат додани онҳо ба сӯи рухсора бошад.
Фасли ҳаштум андар ташреҳи мушакҳои зерманаҳ
Аз барои чанд манфиат маҳз зерманаҳро, на манаҳи барсӯвинро, ҳаракат хос аст: якум, ҳаракат додани чизи сабук хубтар аст; дуввум ин, ки ҳаракат додани чизе, ки андомҳои шарифро камтар фаро гирифтааст ва ҳаракат андар вай камосеб аст, авлотар ва бехатартар бувад; дигар манфиат ин аст, ки манаҳи барсӯвин агар ба тавре мебуд, ки ҳаракат карданаш осон мебуд, [вале] пайвандгоҳи он ва пайвандгоҳи сар мавриди сахт эҳтиёт кардан қарор гирифта наметавонист; баъд, андар ҳаракатҳои зерманаҳ беш аз се ҳаракат мавриди эҳтиёҷ нест: ҳаракати боз кардани даҳон, ҳаракати пӯшидан ва ҳаракати хоида хурд кардан.
Ҳаракати боз кардан зерманаҳро ба зер бурда, бихамонад, [ҳаракати] пӯшонидан онро бардорад ва ҳаракати хоидан онро давр занонда, ба ду бар майл диҳад. Пайдост, ки ҳаракати пӯшидашавӣ боистӣ ба мушаки аз забар фурудояндае, ки ба сӯи барсӯ кашида шавад, [ҳаракати] боз кардан баръакс ва
ҳаракати хурд кардан бо [мушаки] вуреб падид оянд. Пас, барои пӯшидан ду мушаке офарида шудаанд, ки бо «мушакҳои гиҷгоҳӣ» маъруфанд [ва «сарнагун» ном доранд]. Андозаи онҳо андар инсон хурд аст, зеро андоми бо ёрии онҳо ҷунбанда андар инсон миқдоран хурд буда, нарми сабук бувад ва табиист, ки ҳаракатҳои андар ин андом рӯйдиҳандаи аз ду мушак содиршаванда [низ] нисбатан сабуканд. Аммо андар дигар ҳайвонот зерманаҳ аз [зерманаҳи] инсон бузургтару вазнинтар аст ва ҳаракат бо ёрии он ду [мушак] ҳангоми хоидан, буридан, газидан ва кандан сахттар аст.
Ин ду мушак ба сабаби наздик будани худ ба мабдае, ки он мағз буда, ҷирми ниҳоят нарм аст, нарм буванд. Андар миёни онҳо ва мағз ба ҷуз як устухон чизе нест. Бинобар ҳамин ва бинобар он ки бими анбозии мағз бо мушакҳо андар осебҳое ҷой дошт, ки мумкин аст ориз шаванд ва ҳангоми бемориҳое бими анбозӣ буд, ки агар ба амал оянд, андоми гирифторшударо ба сарсом ва дигар бемориҳо кашонанд, Офаридгори бузург он ду [мушакро] ба наздики ҷойгоҳи баромад ва сарзадан аз мағз андар ду устухони «ҷуфт» ном пинҳон кард ва онҳоро аз зери даҳлезе гузаронд, ки гунбадшакл буда, аз ду устухони «ҷуфт» фароҳам омадааст ва аз печухамиҳои сӯрохие, ки гӯшаҳояш онҳоро пӯшонидаанд, гузашта, масофаеро [тай кунанд], ки барои аз «ҷуфт» баромадан созгор аст. Ин барои он аст, ки то гавҳари онҳо кам-кам сахт шуда, тадриҷан аз баромадгоҳашон дур бигарданд. Ҳар як аз ин ду мушакро ватари бузурге падид ояд, ки шерозаи зерманаҳро фаро гирифтааст ва чун кашида шавад, зерманаҳро бикашад. Ин ду мушак бо ду мушаки [дигаре] ёрӣ дода шудааст, ки ба андаруни даҳон даромада, андар ду мағокии зерманаҳ фурӯ раванд, чунки бардоштани чизи гарон аз ҷумлаи корҳоест, ки тадбири таъмин намудани қувваи изофиро тақозо ҳамекунад. Ватаре, ки аз ин ду мушак растааст, аз барои мустаҳкамӣ аз миёнҷои онҳо барояд, на аз як каронаи онҳо.
Аммо лифҳои мушакҳои боз кардани даҳон ва фаровардани манаҳ бошанд, аз фузуниҳои сӯзаншакле, ки андар паси гӯшанд, сар зада, фуроянд ва андар як мушак муттаҳид шаванд, ки онро «мушаки устуворхилқат» хонанд. Сипас онҳо ба ватарҳо ҷудо шаванд, то бештар мустаҳкам бошанд ва баъд бори дигар ғоз-ғоз шуда, бо гӯшт оганда гарданд ва барои он ки ба сабаби дарозӣ ба офатҳо гирифтор наоянд, ба мушаке табдил ёбанд, ки «мушаки [дучандӣ]» ном дорад.
Сипас ба хамгашти манаҳ – ба сӯи занах омада бирасанд.
[Ин ду мушак] агар турунҷида шаванд, манаҳро ба пас бикашанд ва он ночор паст фурояд. Азбаски вазни табиӣ ба паст фуромадан ёрӣ расонад, ҳар ду [мушак ва вазни табиӣ андар ин кор] кифоятанд ва ба ёридиҳанда ниёзманд нестанд.
Мушакҳои хоидан аз ду мушак иборатанд – андар ҳар тарафе як мушаки секунҷашакл. Агар аз гӯшаҳои он гӯшаеро теғаи [секунҷа] ҳисоб карда шавад, ки андар рухсора ҷой дорад, аз он ду соқе тӯл кашидаанд, ки яке ба сӯи зерманаҳ фуруд ояд ва дигарӣ ба сӯи «ҷуфт» баромада биравад. Миёни ин дуро асоси ростхаттае бо ҳам пайвастааст ва ҳар як кунҷ ба чизе дошта гирифтааст, ки аз паси он ояд, то ки мушак ҳангоми кашида шудан дорои тарафҳои гуногун буда, ҳаракаташ якхела набошад, балки вай боистӣ майлҳои ҳархела намуда, бад-ин восита хурд кардану хоидан ба амал ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё