Қонуни тиб

Фасли нуҳум
андар ташреҳи мушакҳои сар
Сар дорои ҳаракатҳои хос ва ҳаракатҳои муштарак бо панҷ муҳра аз муҳраҳои гардан аст, ки бо ёрии онҳо майли сару гардан сурати ҳаракати мунтазамро бигирад. Ҳар кадом аз ин ду ҳаракат, яъне хос ва муштарак (43) сарро ё ба пеш, ё ба пас хам кунанд, ё ба рост ва ё ба чап моилаш созанд. Андар миёни ин ду [ҳаракат] гоҳе гардише падид ояд, ки ба ҳайъати даврист.
Мушакҳои танҳо сарро фурудоваранда дутоанд, ки аз ду сӯ оянд, зеро онҳо бо лифи худ аз барсӯ аз паси гӯшҳо ва аз фурӯсӯ аз устухонҳои сари сина бидоранд. Ҳар ду бо ҳам чунон муттасил ба барсӯ бароянд, ки гоҳе як мушак гумон карда шаванд, гоҳе онҳоро ду мушак ва гоҳе дигар се мушак пиндоранд, зеро сари яке аз онҳо пора шуда, ду сар гардидааст. Вақте ки яке аз ду мушак ҳаракат кунад, сарро фуруд оварда, ба сӯи хеш майл диҳад ва агар ҳар ду баробар ҳаракат кунанд, сар ба таври муътадил ба пеш фурӯд ояд.
Аммо мушаки сару гарданро якҷоя ба сӯи пеш афкананда як ҷуфт мушаки андар зери сурхной ҷойгирифта бувад, ки ҳар ду ба сӯи муҳраи якум ва дуввум рафта, бад-онҳо бичаспанд. Ҳар гоҳ ҷузъе аз он, ки аз паси сурхной аст, турунҷида шавад, танҳо сарро ба пеш биафканад ва ҳар гоҳ ҷузъи ба ду муҳра часпида ба кор дарояд, гарданро ба пеш хам кунад.
Мушакҳои танҳо сарро ба пас гардонанда чаҳор ҷуфт буда, андар зери ҷуфтҳое пинҳонанд, ки мо онҳоро ёд кардем ва саргаҳи ин ҷуфтҳо аз забари пайвандгоҳи [сару муҳраи якум] бувад. Бархе аз онҳо ба дандонаҳо бирасад ва саргаҳаш дуртар аз миёнҷои паси [сар] бошад. Баъзеи онҳо ба болҳо расида, саргаҳаш миёнҷои [паси сар] бувад. Аз ҷумлаи [гурӯҳи охир] як ҷуфт ба сӯи ду боли муҳраи якум омада, аз забари ҷуфтест, ки ба дандонаи муҳраи дуввум бирасад. Як ҷуфти [дигарест], ки лифи он аз ду боли [муҳраи] якум баромада, ба дандонаи [муҳраи] дуввум бирасад ва хосияташ [31] ин аст, ки ба сабаби вуреб будани худ майли сарро ҳангоми [ба пас] гаштан ба ҳолати табиӣ нигоҳ дорад. Аз ҷумлаи он ҷуфти чаҳорум аст, ки аз забар сар шуда, аз зери [ҷуфти] севвум ба вуреб ба сӯи берун бигузарад ва ба ду боли муҳраи якум омада бирасад.
Ду ҷуфти аввалӣ сарро бидуни майл ва ё бо майли ниҳоят ночиз ба пас боз кашанд. Ҷуфти севвум майли беш аз ҳама ба вуреб бударо муътадил бигардонад ва ҷуфти чаҳорум сарро ба таври намоён вуреб намуда, ба сӯи пас боз кашад. Агар кадом як аз ду ҷуфти севвум ва чаҳорум ба танҳоӣ майл кунад, сарро ба сӯи хеш майл диҳад ва агар ҳар ду якҷоя турунҷида шаванд, сарро бидуни майл ба пас бигардонанд.
Мушакҳои сарро бо гардан гардонанда се ҷуфти андар мағокӣ фурӯрафта ва як ҷуфти пӯшонандаест, ки ҳар як фарди он ба шакли секунҷа буда, асоси он устухони бахши пасини мағз бошад ва бақияи он ба сӯи гардан фуруд ояд. Аммо се ҷуфте, ки андар зери [ҷуфти чаҳорум] густариш ёфтаанд, чунинанд: як ҷуфт ба ду бари сутунмуҳра фуруд ояд, як ҷуфт ба сӯи болҳо сахт бигарояд ва як ҷуфт миёни ду бари сутунмуҳра ва сарҳои болҳо миёнҷист.
Мушакҳои сарро ба ду бар майлдиҳанда ду ҷуфтанд, ки ба пайвандгоҳи сар ҳамроҳанд. Ҷойгоҳи яке аз он ду андар пеш
аст ва он ҷуфте бувад, ки сар ва муҳраи дуввумро бо ҳам пайваста, як фарди он аз бари рост ва фарди дигари он аз бари чап ҷой гирифтаанд. Ҷойгоҳи ҷуфти дуввум андар паси [сар] буда, муҳраи якумро бо сар бипайвандад ва як фарди он аз рост ва дигарӣ аз чап биистанд. Кадоме аз ин чаҳор мушак турунҷида шавад, сар ба таври вуреб ба сӯи он бигарояд ва агар кадом ҷуфте аз онҳо, ки андар як баранд, кашида шаванд, сар бидуни вуреб гардидан ба сӯи онҳо майл кунад. Агар ду мушаки аз пеш буда ба ҳаракат оянд, андар хам гардидани сар ёрӣ бирасонанд ва агар ду мушаки аз пас буда биҷунбанд, сарро ба сӯи пас хоҳанд гардонд.
Агар ҳар чаҳор якҷоя ба ҳаракат оянд, сар рост биистад.
Ин чаҳор мушак хурдтарини мушакҳоянд, вале ба фазли хубии мавзеъ ва ба фазли пинҳон буданашон андар зери дигар мушакҳо аз чизе бархурдоранд, ки дигар [мушакҳо] онро ба фазли бузургӣ дарёбанд.
Пайвандгоҳи сар ба ду ҳоле ниёзманд аст, ки онҳо [дар навбати худ] ба ду маънии бо ҳам зид эҳтиёҷ доранд: яке аз онҳо мустаҳкамӣ буда, он ба мустаҳкамии пайвандгоҳ ва ба камитоатии он ба ҳаракатҳо алоқаманд аст; дуввум сершумории ҳаракатҳост, ки он ба нарм ва суст будани пайвандгоҳ вобастааст. Бинобар ин, сустии пайвандгоҳ бинобар мустаҳкамие раво дошта шудааст, ки ба тавассути дарҳам печидани мушакҳои пайвандгоҳро иҳотакарда ҳосил шудааст ва дар натиҷа ҳар ду ғараз ба даст омадааст. [Бубин], чӣ гуна бузург аст Худое, ки беҳтарини офардигорон Ӯст!
Фасли даҳум андар ташреҳи мушакҳои ҳанҷара
(44) Ҳанҷара андоми куркуракӣ буда, ҳамчун афзори овоз офарида шудааст ва он аз се куркурак таълиф ёфтааст:
Яке аз онҳо куркуракест, ки онро бо ҳис ва совидан ба наздики ҳалқум андар зери занахдон ҳаметавон дарёфт ва онро «дарақӣ» (говсипарӣ) ва «турсӣ» (сипари фӯлодӣ) гӯянд, зеро вай аз андарун фурӯрафта ва аз берун кӯж буда, ба сипари дарақӣ ва ба бархе аз сипари турсӣ монанд аст. Дуввуми онҳо куркуракест, ки аз паси [якумӣ] ҷойгир буда, ба наздики гардан ва баста ба он аст. Ин [куркурак] ба «бе ном» маъруф аст. Куркураки севвум ду дигариро бипӯшонад. Вай ба оне наздикӣ дорад, ки бе ном бувад ва куркураки сипариро аз ғайри пайвастан дучор ояд. Андар миёни он ва куркураки «бе ном» пайвандгоҳи дучандии дорои ду мағокиест, ки ду фузунии куркураки «бе ном» ба он мағокиҳо ошно буда, бо пайвандҳо ба онҳо баста бошанд.
[Куркураки севвум] «сарпӯшӣ» ва «тарҷаҳолӣ» (косаи обхӯрӣ) ном дорад. Бо ба ҳам омадани куркураки сипарӣ бо куркураки «бе ном» ва бо дур шудани яке аз дигарӣ ҳанҷара фарох ва ё танг бигардад ва бо ҳамроҳ шудани куркураки тарҷаҳолӣ ба куркураки сипарӣ ва ба он наздик шудан ва ё аз он дур шуданаш ҳанҷара кушода ва ё пӯшида шавад.
Ба наздики ҳанҷара ва андар пешгоҳи он устухони секунҷаест, ки «устухони ломӣ» ном дошта, ба ҳарфи ломи юнонӣ монанд аст, зеро шаклаш чунин бувад: λ. Аз офариниши ин устухон чунин суд аст, ки он саргаҳ ва такягоҳ буда, лифи мушакҳои ҳанҷара аз он бармеояд.
Ҳанҷара ба мушакҳое ниёз дорад, ки [бархе аз онҳо] куркураки сипариро ба куркураки «бе ном» ҷафс кунад, бахши дигар куркураки тарҷаҳолиро ҷафс намуда, бипӯшонад ва [бахши севвум] куркураки тарҷаҳолиро аз ду дигарӣ дур созад, то ҳанҷара кушода гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё