Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аз ҷумлаи мушакҳои ҳанҷараро кушоянда [инҳоянд]:
як ҷуфт мушакест, ки аз устухони ломӣ баромада, ба пешгоҳи куркураки сипарӣ бирасад ва бар забари он густариш ёфта, ба он бичаспад. Бинобар он, вай ҳар гоҳ кашида шавад, куркураки сипарӣ ба сӯи пеш ва ба барсӯ баромада, ҳанҷара фарох бигардад; як ҷуфт [мушаки дигарест], ки онро аз ҷумлаи мушакҳои ба фурӯсӯ кашандаи гулӯ шуморанд, вале ба назари мо бояд онро аз ҷумлаи мушакҳои муштараки миёни [ҳанҷараву гулӯ] шуморид.
Саргаҳи ин ду андаруни сари сина буда, ба куркураки сипарӣ омада бирасад ва андар бисёре аз ҳайвонот ин дуро як ҷуфти дигар ҳамроҳӣ кунад; ду ҷуфт мушакест, ки мушакҳои як ҷуфти он аз пас ба сӯи куркураки тарҷаҳолӣ оянд ва бо он часпида гарданд. Агар онҳо турунҷида шаванд, куркураки тарҷаҳолиро бардошта, ба пас бикашанд ва он аз ҷафс шудану зер кардани куркураки сипарӣ боз истода, ҳанҷара кушода шавад. Ҷуфти [дуввумӣ бошад], мушакҳои он ба ду каронаи куркураки тарҷаҳолӣ бирасанд ва агар кашида гарданд, онро аз куркураки сипарӣ ҷудо карда, паҳн созанд [ва бо ҳамин] ба кушода шудани ҳанҷара ёрӣ расонанд.
Аммо аз ҷумлаи мушакҳои ҳанҷараро тангсозанда бошанд, як ҷуфт мушакест, ки аз ноҳияи [устухони] ломӣ омада, ба куркураки сипарӣ бипайвандад. Сипас паҳн гардида, куркураки «бе ном»-ро бипечад ва ду тарафи ҳар ду фарди он андар паси куркураки «бе ном» бо ҳам як шаванд. Агар ин турунҷида шавад, [ҳанҷара] танг хоҳад шуд.
Аз ҷумлаи онҳо чаҳор мушакеанд, ки гоҳе онҳоро ду мушаки дучандӣ пиндоранд. Онҳо ду сари куркураки сипарӣ ва куркураки «бе ном»-ро бо ҳам бипайванданд ва ҳар гоҳ кашида шаванд, бахши фурӯсӯвини ҳанҷара танг бигардад. Гоҳе чунин гумон ба миён ояд, ки як ҷуфти онҳо пинҳон шудаасту як ҷуфти дигараш зоҳир бошад.
Мушакҳои [ҳанҷараро] пӯшанда бошанд, [тарзи] аз ҳама беҳтар ҷойгир шудани онҳо ин аст, ки андаруни ҳанҷара офарида шуда бошанд, то ки агар турунҷида шаванд, куркураки тарҷаҳолиро ба поён кашида, [ҳанҷараро] бипӯшонанд. Бинобар ин, онҳо аз як ҷуфте офарида шудаанд, ки аз бехи куркураки сипарӣ оғоз ёфта, аз дарун аз росту аз чап ба сӯи ду бари куркураки тарҷаҳолӣ ва бехи куркураки «бе ном» бароянд. Ҳар гоҳ онҳо турунҷида шаванд, бандкушоро қавӣ гардонанд ва ҳанҷараро ба тавре бипӯшонанд, ки ба мушакҳои сина ва ҳиҷоб дар кори нигоҳ доштани нафас муқовамат намоянд. Ин ду мушак хурд офарида шудаанд, то ки даруни ҳанҷараро танг насозанд, қавӣ офарида шудаанд, то ки андар заҳмати пӯшонидани ҳанҷара ва нигоҳ доштани нафас шиддатеро бо қуввати хеш таъмин кунанд, ки хурдӣ боиси коҳиши он гаштааст. Роҳи онҳо бо каме яктарафагие, ки ба тавассути он куркураки сипарӣ бо «бе ном» пайваст бигардад, рост ба барсӯ баромадан аст. Гоҳе мумкин аст ду мушаке вуҷуд дошта бошанд, ки андар зери куркураки тарҷаҳолӣ ҷойгир буда, ҷуфти мазкурро ёрӣ бирасонанд.

Фасли ёздаҳум
андар ташреҳи ҳалқум ва гулӯ

Ҷумлаи ҳалқумро ду ҷуфт мушак аст, ки онро ба зер бикашанд. Як ҷуфти онҳо ҳамонест, ки андар боби ҳанҷара ёд кардем ва дигарӣ як ҷуфтест, [32] ки низ аз сари сина раста, ба барсӯ биравад ва нахуст ба устухони ломӣ, сипас ба ҳалқум пайваста, онро ба фурӯсӯ бикашад.
Мушаки гулӯ (45) ду гӯшти буни ком (нағнағатон) буда, онҳо ду мушакеанд, ки ба назди гулӯ ҷойгиранд ва ҳангоми луқма фурӯ бурдан ёрӣ диҳанд.
Фасли дувоздаҳум андар ташреҳи мушакҳои устухони ломӣ

Устухони ломиро мушакҳои хос ва мушакҳои муштарак бо дигар андоманд. Мушакҳои хосси устухони ломӣ се ҷуфтанд. Аз ҷумла яке аз ду бари манаҳ омада, бо хатти рости бар забари ин устухон хобида пайваст бигардад. Ин [ҷуфт] ҳамонест, ки онро ба тарафи манаҳ бикашад; як ҷуфт аз зери занахдон баромада, сипас аз зери забон бигузарад ва ба сӯи барсӯвини ин устухон биравад. Ин ҷуфт низ ин устухонро ба сӯи манаҳ бикашад. Саргаҳи ҷуфти [дигар] аз фузуниҳои тиршаклест, ки ба наздики гӯшҳо ҷойгиранд ва ба сари фурӯсӯвини хатти росте, ки бар забари ин устухон хобидааст, пайваст бигардад. Аммо он бахш [мушакҳое], ки бо ғайри ин [устухон] анбозӣ доранд, [баъзеи] онҳо ёд шуданд ва [баъзеи дигар] ёд хоҳанд шуд.
Фасли сездаҳум андар ташреҳи мушакҳои забон

Мушакҳои забонро ҳаракатдиҳанда нуҳтоанд: дутои онҳо ба паҳноӣ буда, аз ҷониби фузуниҳои тиршакл оянд ва ба ду бари забон бипайванданд; дуто ба дарозо буда, саргаҳи онҳо аз бахши барсӯвини устухони ломист ва ба миёнҷои забон бипайванданд; дуто ба вуреб ҳаракатдиҳанда буда, саргаҳи онҳо аз шохаи пастшудаи устухони ломист ва аз миёни мушакҳои ба дарозо ва ба паҳно хобида гузашта, ба забон нуфуз кунанд; дуто забонро паст намуда, [чапа] гардонанд [ва] ҷои онҳо аз зери ҷойгоҳи мушакҳои [аз ин пеш] ёд шудааст. Лифи ин ду андар зери забон ба паҳноӣ густариш ёфтааст ва ҳар ду ба тамоми устухони манаҳ пайвастанд; гоҳе андар зимни маҷмӯи мушакҳои забон як мушаки танҳоеро ёд кунанд, ки андар миёни забону устухони ломӣ хобидааст ва якеро ба сӯи дигарӣ бикашад. Аз эҳтимол дур нест, мушаке, ки забонро ба дарозо ба сӯи пеш ҳаракат диҳад, барои он чунин ҳаракат диҳад, ки он баробари худ ба худ турунҷида ва кашидашуда ҳаракат кардан низ худ ба худ ба дарозо ҳаракат кунад.
Фасли чаҳордаҳум андар ташреҳи мушакҳои гардан

Мушакҳои танҳо гарданро ҳаракатдиҳанда ду ҷуфтанд
– як ҷуфт аз рост ва як ҷуфт аз чап. Кадом яке аз онҳо кашида шавад, гарданро ба вуреб ба сӯи хеш бикашад ва кадом ҷуфте аз инҳо аз як сӯ кашида шавад, гарданро на ба вуреб, балки рост ба он сӯ хам кунад. Агар ҳар чаҳор баробар амал кунанд, гардан аз ғайри гароиш рост биистад.

пешина
аз 1215
навбатӣ