Қонуни тиб

Инчунин чарб кардани пиҳи гӯрхар, пиҳи гавазн, пиҳи шер, хирс ва кафтор чи танҳо ва чи бо доруҳои [дигар беморони кузозро] судманд бувад. Бо равғани судоб якҷоя бо гунди бедастар ва қантуриюн ҳуқнарезӣ кардан ва ҳар гуна доруҳои ба зер баргирифтание, ки сӯзандаи тез буда, андар таркибашон бура, дилаи ҳанзал ва монанди инҳо бидароянд, низ эшонро судманд бошанд. Агар инҳо ба ифрот бисӯзонанд, баъди он бо шири хар, ё равғани гов ва ё равғани дунба ба танҳоӣ ва ё бо яке аз пиҳҳои ёдшуда ҳуқнарезӣ кунанд.
Нофеътарин чиз барои тамаддуди сард ва тар гунди бедастар аст ва онро бояд мунтазам ба кор бурд.
Ҳар гоҳ худовандони кузозро ғизо бидиҳанд, бояд луқмаҳои хурди борик сохта, ба [даҳонашон] гузоранд ва фишор диҳанд ва ошомҳои тунук ба ҳалқашон бирезанд, зеро фурӯ бурдан барои эшон душвор аст ва [ғизо] аз бинияшон баргашта, музтариб шаванд ва ин боиси авҷ гирифтани иллат бигардад. Мо он доруҳоеро, ки бояд ба эшон бидиҳанд ва ё бар андомҳо ва мақъадҳояшон бимоланд, инчунин чарбҳои барои эшон судмандеро аз қабили равғани ҳино ва ғайра, ки гуфта шуданд, доруҳои андар бинӣ афкандашаванда ва доруҳои атсаоварандаро низ андар Қарободин ёд кардаем. Беҳтарин доруи атсаоваранда барои эшон майъаи мумиёиест, ки бо бархе аз равғанҳо [омехта ба кор баранд]. Табе, ки ба табъи хеш биафтад, беҳтарин илоҷи кузози тар бувад.
Фасли шашум андар баёни лақва
Ин бемории афзориест, ки андар рӯй падид ояд ва ба сабаби он як ними рӯй ба ҷиҳати ғайритабиӣ кашида шуда, ҳайъати табиии он дигаргун шавад ва лабону пилкҳои чашм аз як ним нек ба ҳам наоянд. Сабаби ин ё истирхо ва ё ташаннуҷи мушакҳои пилкҳо ва рӯй бувад. Ту ин [мушакҳо] ва растагоҳҳои онҳоро дониста будӣ.
Лақваи аз истирхо падидомада бад-ин гуна аст, ки ҳар гоҳ як ним ба сӯе майл кунад ва агар қавӣ бошад, ҳамроҳи худ нимаи дуввумро кашида суст кунад ва ҳайъати онро дигаргун созад, вале агар заиф бошад, танҳо истирхо оварад. Ба наздики бархе аз пизишкон, ки яке аз эшон Фулус аст, истирхои паҳлуи дуруст ба сабаби кашиши тарафи каҷшуда бувад, вале ин гуфта мавриди эътимод нест. Ин [лақвае], ки аз истирхост, ба сабабҳои номбаршудаи истирхо вобастагӣ дорад. Аммо [лақвае], ки аз ташаннуҷ хезад ва бештарӣ бувад, аз баҳри он чунин бошад, ки ҳар гоҳ як нима ба ташаннуҷ гирифтор ояд, нимаи дуввумро ба сӯи хеш бикашад. Сабаби ин [лақва] айни сабаби ташаннуҷ ва он чизе бошад, ки андар боби ташаннуҷ гуфта омад. [Он лақвае, ки аз ташаннуҷи] хушк хезад, масалан, [лақвае], ки ҳангоми табҳои сахт ва истифроғҳои аз қабили шикамрав, қаи хунӣ ва ғайра буда ҷой дорад, марговари бад бувад.
Бархе аз пизишкон гуфтаанд, ки бари бемори рӯй ҳангоми лақва он барест, ки солим бинамояд ва (104) сабабаш он бошад, ки бари дуруст бикӯшад, то онро баробар бикашад. Ин гуфта ба аксари ҳолатҳо чандон қатъӣ нест. Илми ташреҳ ва он чи ки аз ҳоли мушакҳои рӯй бидонӣ, фосид будани [чунин пиндорро], ки гӯё ин ба таври умум рӯй медодааст, бароят нишон ҳамедиҳад. Дигар ин бад-ин сабаб [нодуруст] аст, ки ҳар киро аз чунин беморон ҳис бекор шавад, маҳз аз бари ба лақва гирифтор бекор бигардад.
Бисёр касонро андар мушакҳои гардан омос падид омада, аз ҷумлаи хуноқҳо бошад ва ба иллати он эшонро лақва ориз бигардад ва низ мумкин аст фалаҷе ба амал омада, то ба дастон рафта бирасад, аз баҳри он ки асабе, ки гардан аз он қувваи ҳаракатдиҳанда бигирад, низ аз муҳраҳои гардан растааст. Ҳар лақвае, ки шаш моҳ давом кунад, беҳтар он бошад, ки ба дуруст шудани он умед баста нашавад.
Бидон, ки лақва гоҳе аз фалаҷ ва бисёр вақт аз сакта огоҳӣ диҳад. Тааммул кун, ки оё ҳамроҳи он муқаддимаҳои саръу сакта вуҷуд доранд, ё не. Агар чунин бошад, зуд ба истифроғи қавӣ бипардоз. Баъзе аз пизишкон гуфтаанд, ки каси ба лақва гирифтор то чаҳор рӯз бими ногаҳон мурдан дорад ва агар аз чаҳор рӯз гузарад, наҷот хоҳад ёфт. Чунин ба назар бирасид, ки ин ҳол ба сабаби сактаи қавие падид ояд, ки лақва аз ба амал омадани он огоҳӣ додааст.
Нишонаҳо: Дамидану хавий афкандан аз як сӯ ба амал ояд ва аз як бар на бод тавон нигоҳ дошт ва на оби даҳон.
Бисёр бошад, ки ҳамроҳи он ва хусусан ҳангоми лақваи ташаннуҷӣ сардард падид ояд. Шинохтани нимаи осебдида аз ду нима бад-ин гуна бошад, ки ҳар гоҳ онҳо кашида шаванд, яке бо даст дубора ба ислоҳ ояд ва дигарӣ ба табъи хеш ба осонӣ ба шакли пештара баргардад.
Нишонаҳои лақваи истирхоӣ инҳост: ҳаракат суст ва ҳавос тира гарданд; андар пӯст ва мушакҳо нармӣ ҳис карда шавад, вале тамаддуд ҳис карда нашавад; пилки зерин хамида бошад; ва нимаи пардаи болои коме, ки баробари он чашми [осебдида] ҷой дорад, низ суст, тар ва ҷунбон бинамояд. Инро аз тариқи забонро ба зер пахш кардану тааммул намудан ошкор кунанд. Сабаби ин пайвастани ин парда бо пардае бошад, ки аз роҳи забон берун баромада, комро ба дарозӣ бибурад ва бо он анбозӣ кунад. [Баробари ин] пӯст аз ноҳияҳои гардан ба дигар сӯ майл намуда, аз он ҷой дур шавад ва дубора бад-он ҷой баргаштанаш душвор бошад.
Нишонаҳои [лақваи] ташаннуҷӣ инҳост: ҳоссаҳо андар бештари ҳол тира набошанд; пӯсти пешонӣ на ба тавре азҳамкашида бошад, ки чинҳо нест шаванд; мушакҳои рӯй сахт шаванд; тамаддуди он нима ба сӯи гардан бошад; андар бештари ҳол оби даҳону балғам камтар ояд ва майли пӯст ба ноҳияҳои гардан бештар ва аз он ҷой баргаштанаш ба душворӣ бувад.
Аммо нишонаи гунаҳои тару хушки [лақваи] ташаннуҷӣ чунонест, ки ҳамедонӣ.
Яке аз нишонаҳои пайдоиши лақва он аст, ки одам андар устухони рӯй сӯзиш ва андар пӯсти он карахтӣ ва паридани бисёр ҳис кунад.
Илоҷ: Тадбир ин аст, ки [беморро] то рӯзи чаҳорум ва ё ҳафтум аз ҷой наҷунбонанд ва ӯро аз чизҳое ғизо бидиҳанд, ки мисли оби нахӯду [54] равғани зайтун латифӣ бахшанд ва на ба андозаи хушкифизоии ангубину мурғчӯҷа хушкифизой бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор