Қонуни тиб

Агар табиат хушк бошад ва ба рӯзи дуввум бо ҳуқнаҳои ниҳоят нарм онро равон бигардонанд, созгор хоҳад буд. Андар оғоз ба [истеъмоли] доруҳои ғарғарашаванда шитофтан зиён дорад. Бисёр бошад, ки онҳо [хилти] дур бударо бикашанду [хилти] хоми наздик бударо ҳал кардан натавонанд.
Ҳангоми лақваи ташаннуҷӣ беҳтар он аст, ки бо [доруи] қавӣ истифроғ кунанд, на бо доруи заифе, ки қувваташ то ба пухтани заҳра кифоят накунад. Зуд ба [истеъмоли] доруи тез даст задан яке аз зиёнкортарини чизҳо ва бадтарин муолаҷа бошад, зеро ин моддаро хушку ситабр кунад ва ба асабҳо хушкӣ оварда, таъсири доруро андар онҳо бикоҳад. Бинобар ин, сабр кардан беҳтар аст.
[Лақваро], чунонки медонӣ, бояд бо илоҷҳои фалаҷ ва ё ташаннуҷ ба ҳасби он чи ки муносибаш бошад, муолаҷа кунанд ва ту ҳамаи онро ҳамедонӣ. Чунин [муолаҷа] санҷидашуда аст, ки агар ба каси гирифтори лақва муддати як моҳ пайваста рӯзе ду дирамсанг ёраи Ҳурмус бидиҳанд, таъсири қавӣ бирасонад. [Низ] яке аз чизҳои санҷидашуда он бошад, ки ба [бемор] рӯзе ду бор – пагоҳию бегоҳӣ ба андозаи як ҷавза занҷабилу ваҷро бо ангубин сиришта бидиҳанд. Бояд аз эшон додани оби ангубинро қатъ накунанд.
Бархе аз пизишкони Ҳинд гуфтаанд, ки расотарин доруе, ки бо он лақваро муолаҷа кунанд, бар андоми дардманд ва сар ниҳодани гӯшти ҷӯшонидаи ҷонварони ваҳшист.
Чунин ба назар бирасад, ки созгортарин ҷонварон барои ин кор харгӯш, кафтор, рӯбоҳ, бузи кӯҳӣ, гавазн ва гӯрхар буванд, на оҳу ва дигар ҷонварони бад-он монанде, ки гӯшташон [хосияти] гармиоварӣ надорад.
Агар беморӣ тармизоҷ бошад, бояд (105) он нимаеро, ки саргаҳи иллат аз он ҷост, бар ниҳоди табиӣ бибанданд.
Агар ташаннуҷӣ бошад, нахуст ба нарм кардан бипардоз ва сипас ба ҳал кардан. Туро лозим аст бахши пасини сари [беморро] бо равғанҳои нармкунандаи тарифизое аз қабили равғани бунафша, равғани бодом ва каду арақ оварӣ ва бо равғани бобуна низ [арақ овардан] боке надорад.
[Бемор] бояд ин равғанҳоро шабу рӯз пайдарпай якчанд бор андар бинӣ бикашад ва шароби омехтаро аз ғайри маст шудан биошомад. Агар нишонаи [ғалабаи] хун дарёбӣ, раги зери забонро бизан ва бар муҳраи якум бидуни буридан миҳҷама гузор.
Шубҳае нест, ки моддаи лақва бавуҷудоваранда андар саргаҳҳои асабҳо ва мушакҳои рӯй ҷойгир аст. Бинобар ин, бар муҳраҳои гардан ба кор бурдани доруҳои сурхиоварандаро хуб писандидаанд ва бар манаҳ низ биниҳанд, зеро аз он лифҳои зиёде ба мушакҳои рӯй пайвастаанд.
[Ҳамаи ин ҳангоме бошад, ки [лақва] истирхоӣ бувад.
Агар он ташаннуҷии хушк бошад, зинҳор чизҳои гарме аз қабили андуданиҳо, доруҳои гармибандӣ, равғанҳо ва [доруҳои] хӯрданӣ ба кор набарӣ. Мо касеро дидем, ки ба лақваи ташаннуҷии хушк гирифтор шуда буд ва чун бархе аз пизишкон ӯро бо доруҳои гармибандӣ ва доруҳои ошомидании гарм муолаҷа кард, нимаи [ба лақва гирифтори] рӯяш аз пештара ҳам бадтар гардид, забонаш
ба ҳангоми гуфтугӯ мегирифтагӣ шуд ва бад-ин ҳол муддати дарозе боқӣ бимонд. Вақте ки ман ӯро бо доруҳои мухолифи [аввала] муолаҷа кардам, баъд аз гузаштани марҳалаҳои муолаҷа аз он [беморӣ] шифо ёфт].136 Аммо мушакҳои рӯй137 аз ин ҷумла нестанд ва тадбири он пок кардани бахши пешини мағз бувад. Инчунин бар ин муҳраҳои [гардан] ва зерманаҳ доруҳои гармибандии хушк [биниҳанд. Муҳраҳо] ва сарро низ хусусан ҳангоми гуруснагии сахт молиш диҳанд.
Яке аз чизҳое, ки низ каси ба лақва гирифторро судманд аст, пайваста рӯйро бо сирко молидан бувад. Хусусан агар андар сирко доруҳои латифифизо ҷӯшонида ва ё андар он хардал суда бошанд, [боз хубтар хоҳад буд].
Ин дору ҳангоме аҷиб аст, ки [лақва] истирхоист ва бар хилофи лақваи ташаннуҷӣ бувад. Бар бухори оби ҷӯшидаистодаи дермана, қайсум, испанд, даҳмаст, бобуна ва монанди он худро доштан [низ фоиданок аст]. Андар зери [бемор] газ ва шӯргаз барин доруҳоро бисӯзанд. Агар доруҳо судаш набахшанд, бар раги паси гӯш доғ бояд ниҳод. Агар [лақва] истирхоӣ бошад, аз гармоба парҳез кунанд, вале ба ҳангоми [лақваи] ташаннуҷӣ рӯзе якчанд бор гармоба кунанд. Бояд ба [бемор] фармуд, ки андар ин ҳолат бо доруҳое, ки худ ҳамедонӣ, аз ҳама бештар ғарғара кунад.
[Инчунин] доруҳои хоиданӣ, хусусан ваҷ, гавзи бӯё ва оқирқарҳоро ба кор баранд ва ҳалилаи сиёҳ яке аз доруҳои хоидании эшон бувад. Бояд доруи хоидашавандаро андар нимаи дардманди [даҳон] нигоҳ дошт. [Беморро] андар хонаи торик ҷой диҳанд. [Гуфтаанд, ки агар бемор аз паи корҳои рӯзгораш бигардад, боке нест].138 Андар бинии ӯ заҳраи куланг, ё боша, ё гург ва ё моҳии шаббут, ё фишурдаи шаҳдона, ё марзангӯш ва ё чугундар, ё оби сакбина бо равғани савсан ва ё ба миқдори як наск фурбиюн бо шири зан бирезанд. Сари ӯро бо чизҳои поккунандае муолаҷа кунанд, ки мо онҳоро андар қонуни бемориҳои сар аз ҳар ҷиҳат ёд кардем. Аз доруҳои атсаоварандае, ки барояш санҷида шудаанд, инҳо мебошанд: рита, ки он фундуқи ҳиндист ва хусусан пӯсти болоии он; «гӯши муш»;фишурдаи хиёри даштӣ; ва артанисо. Гоҳе инҳоро бо чизҳое биомезанд, ки мисли сиёҳдона, гунди бедастар ва ғайра гармифизою атсаоваранда буванд. Беҳтарин чизе, ки андар бинӣ афкананд, оби «гӯши муш» аст, ки онро «аноғолис» номанд Агар ду дирамсанги оби онро бо як донг сакбина ва ним дирам равғани зайтун андар бинӣ афкананд, нафақат судманд бошад, балки андар миёни панҷ рӯз шифо бахшад.
Гоҳе [беморонро] нигаристан ба оина фармоянд, то ки пайваста ба ҳамвор кардани рӯйи худ машғул бошанд.
Аз ҳама созгортар барои шифо ёфтани рӯй оинаи каҷнамост, ки он чинӣ бувад.
Агар бачаҳоро андар охири баҳор лақва бизанад, то ҳафт рӯз [ошомидани] итрифали хурд ва хӯрдани оби нахӯд эшонро шифо бахшад.
Фасли ҳафтум андар баёни раъша, нишонаҳои синфҳои он ва муолаҷаи онҳо
Ин бемории афзоириест, ки ба сабаби аз пайваста ҳаракат додани мушакҳо оҷиз омадани қувваи ҳаракатдиҳанда падид ояд, зеро ин [қувва] бо гаронии андар миён афтодае бикӯшад, ки бо ҳаракат додани худ ба ҳаракати иродӣ дахолат кунад ва бар асари он ҳаракатҳои иродӣ бо ҳаракатҳои ғайри иродӣ ва ё оромиҳои иродӣ бо ҳаракатдиҳиҳои ғайрииродӣ биомезанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор