Қонуни тиб

Касони ба раъша гирифтор бояд ғизоҳои зудгувор бихӯранд. Шароб ва инчунин оби сард барояшон зиён дорад.
Беҳтарин ва камзиёнтарини обҳо барои эшон ва барои ҳар гуна бемории асабӣ оби борон аст. [Ғизоҳои бисёр ситабр ва тар]139 ва раг задани зиёд эшонро зиён дорад.
Фасли ҳаштум андар баёни карахтӣ
Лафзи «карахтӣ» андар китобҳо ба маъноҳои гуногун омадааст. Гоҳе «карахтӣ»-ро муродифи лафзи «раъша»
гардонидаанд. Аммо мо ва бисёре аз мардумон онро ба ҳамин маъно ба кор барем.
Карахтӣ иллати афзориест, ки ҳамчун офат андар ҳисси ламсӣ падид ояд. Вай агар камқувват бошад, ҳамчун нуқсони бо раъша ва ё агар устувор гардида бошад, ҳамчун истирхо зоҳир бигардад, зеро чунонки борҳо нишон додем, қувваи ҳиссӣ аз гузаштан танҳо вақте боз мемонад, ки агар қувваи ҳаракатӣ боздошта шавад. Вале гоҳ-гоҳе ба сабаби ихтилофи асаби ҳаракатӣ ва ҳис мумкин аст карахтӣ бидуни душвор гардидани ҳаракат ба амал ояд.
Сабаби карахтӣ ё аз ҷиҳати қувват бад-ин гуна бошад, ки он нотавон бигардад, чунончи ҳангоми табҳои қавии сахте, ки боиси карахтӣ бигарданд ва чунончи ҳангоме, ки касро беҳуш кардан бихоҳанд ва ҳангоми наздик расидани марг чунин бошад ва ё аз ҷиҳати афзор бад-ин гуна бувад, ки сардии сахте мизоҷи онро табаҳ созад ва ин сардии сахт аз ошомидани ягон дору, ё газидани ягон ҷонваре аз қабили каждуми обӣ, ё расидан ба моҳии раъода, ки «норқоъ»140 ном дорад ва ё аз ошомидани доруе чун афюн падид омада бошад. Ҳамаи инҳо андар рӯҳе, ки афзори қувват аст, ситабрию нотавонӣ оварад. Ё [сабаби карахтӣ аз ҷиҳати афзор] бад-ин гуна бошад, ки мизоҷи он ба сабаби гармии сахт табаҳ бигардад, чунонки ҳар гоҳ касеро мор бигазад, ё ба табҳои сӯзон [гирифтор шавад] ва ё гавҳари асабаш ситабр гардида, рӯҳ аз он ба хубӣ гузаштан натавонад, чунин [гармии сахт ба амал хоҳад омад]. Бинобар он ҳисси ламси пой нисбат ба ҳисси ламси даст карахттар дарёфта шавад.
[Инчунин карахтӣ] ба сабаби суддаҳое ба амал ояд, ки аз хилтҳои ситабр, яъне ё аз хун, ё аз балғам ва ё аз савдо ориз гардад ва гоҳе мумкин аст аз сафро низ бошад. Ё аз ғуддаҳое хезад, ки аз сабаби фишор овардани омосе ва ё хуроҷе, ё фишори сахти бастагӣ, ё фишори ҳолати печидагии асаб, ё сахт фишурдани он ва ё ба сабаби чунин ҳолате ориз гарданд, ки ба сӯи андом хун ва ё хилти дигари зиёде рехта, гузаргоҳҳоро бибандад.
Аксар вақт ин аз хун ба амал ояд ва бинобар он агар вазъи [андом] дигар карда шавад, [карахтӣ] биравад, [хуни] ба он ҷой рехташуда пас гардад ва ҳис бозояд. Гоҳе [карахтӣ] аз сабаби хушкии [мизоҷ] ва хушк шудан ориз гардад, зеро гузаргоҳҳо ба иллати фароҳам омадан ва пӯшида шудани лиф баста гарданд. Ин бадтарин [намуди карахтӣ] аст. Бисёр бошад, ки судда ба иллати истирхои аз рутубати мизоҷӣ бархоста ба амал ояд, на аз модда ва аз паси истирхо маҷроҳо пӯшида шаванд.
Сабабҳои карахтӣ мумкин аст андар худи мағз ҷой дошта бошанд ва агар ҳамагонӣ бошанд, [карахтӣ] тамоми танро фаро бигирад. Инчунин [карахтӣ] худи ҳамон рӯз [беморро] бикушад. Гоҳе [сабаб] андар ҳароммағз ҷой дошта, [карахтӣ] мумкин аст аз як муҳра оғоз ёбад ва гоҳе андар шохае аз асаб ҷой дорад.
Агар карахтии сард куҳан бигардад ва дер давом кунад, боиси истирхо хоҳад шуд. Карахтии бештари [танро] фарогирифта аз падид омадани сакта, ё саръ, ё ташаннуҷ, ё кузоз ва ё фалаҷи ҳамагонӣ огоҳӣ диҳад. Карахтии ҳар андоме, ки бошад, агар давом ёфта, шиддат гирад, аз падид омадани фалаҷ ва ё ташаннуҷе огоҳӣ диҳад, ки он [андомро] хоҳад расид. Карахтии рӯй аз лақва огоҳӣ диҳад. Бисёр бошад, ки баъд аз омоси шуш, барсом ва сарсоми сард карахтӣ ба амал ояд.
Бидон, ки ҳар гоҳ карахтӣ андар андоме давом кунад, истифроғ онро бартараф кардан натавонад ва аз паси он гижа ба амал ояд, ин огоҳӣ аз сакта дорад.
Нишонаҳо: Нишонаҳои [карахтӣ] айни сабабҳои ӯст ва ҳамон таврест, ки андар баёни раъша гуфта омад. Аз ҷумла [нишонае], ки бад-он далолат кунад, ин аст, ки (108) карахтӣ бо афзоиши сабаб афзоиш ва бо костани он коҳиш ёбад.
Илоҷи [карахтӣ] айнан ба гунаест, ки андар баёни раъша гуфта омад, вале агар [карахтӣ] аз ғолибияти хун ба амал омада бошад ва агар далелҳое аз қабили пурии рагҳо, дамидагии видоҷҳо, гаронии тан, хоболудагӣ, сурхии рӯю чашм ва ғайра собит гарданд, бояд [бемор] ба андозаи расо раг зада шавад, зеро ин кор аксар вақт ба танҳоӣ ва [ё] баробари дуруст намудани тадбири ғизо ва ғизои хушк додан карахтиро бибарад.
Агар карахтӣ андар ягон андоме ба сабаби пеш вуҷуд дошта ва ё баъд аз берун расидае аз қабили сармо ва ғайра падид ояд, ба саргаҳи асаб хоҳад расид. Бинобар он на бояд фақат ба муолаҷаи маҳалли [карахтӣ] пардохт, балки саргаҳи асаби бад-он ҷой ояндаро низ муолаҷа бояд кард. Яке аз муолаҷаҳои барои карахтӣ судманд варзиш додани он андом ва пайваста ҷунбондани он мебошад. Бидон, ки хасакдонаи андар таркиби ҳуқнаҳо афтода асабро гармӣ физояд.
Фасли нуҳум андар баёни паридани [андом]
«Паридан» ҳаракати мушакиест, ки баробари он пӯсти бад-он [мушак] пайваста низ биҷунбад. Ин аз сабаби боди ситабри дамишоваранда бувад. Далели аз бод буданаш ин аст, ки зуд биравад ва ҷуз андар баданҳои сард, аз сабабҳои сард ва ошомидани чизҳои сард падид наояд ва чизҳои гарм ӯро фурӯ нишонад. Далели ситабрии [бод] ин аст, ки он ҷуз ба ҷунбонидани андом ҳал нашавад. Бар мушакӣ, гӯштӣ ва асабӣ будани он чунин далел аст, ки ҳар чи агар мисли мағз нарм бошад ва ҳамчунин агар мисли устухон сахт бошад, бод андар он ҷамъ ва боздошта нагардад, балки аксар вақт андар чизе [боздошта гардад], ки андар сахтию нармӣ миёна бувад.
Сабабҳои паридан қувваи сардиоваранда ва моддаи тар аст. Аксар вақт паридан мумкин аст аз аразҳои нафсонӣ, хусусан аз хурсандӣ ориз гардад. Инчунин мумкин аст аз андӯҳ, хашм ва дигар чизҳо ба амал ояд, аз баҳри он ки ҳаракати рӯҳ моддаҳоро ҳал намуда, бод бигардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор