Қонуни тиб

Яъне [раъша] осебе андар қувваи ҳаракатдиҳанда бошад, чунонки карахтӣ осебе андар қувваи ҳассос аст. Ин сабаб ё андар қувват, ё андар афзор ва ё андар ҳар ду якҷоя ҷой дорад.
(106) Ҳар гоҳ ба иллати рӯй додани тарс, ба иллати расидани чизи даҳшатноке аз қабили нигаристан аз ҷои баланд, бар сари девор роҳ рафтан, ё муроҷаат кардан ба каси бошукӯҳу ҳайбатнок ва ё дигар чизҳое, ки қувваҳои нафсонӣ аз онҳо дарҳам кашида шаванд ва ё [ба иллати расидани] ғаму андӯҳ ва ё шодие, ки андар низоми ҳаракатҳои қувват парешонӣ оварад, чун қувват заиф бигардад, раъша падид ояд. Гоҳе хашм низ боиси он шавад, зеро хашм андар ҳаракати рӯҳ ноҳамворӣ ба амал орад. Яке аз сабабҳои он ки аз тариқи бемадор кардани қувват бошад, бо шиками пур ва сер ҷимоъ кардан аст.
[Раъшае], ки аз афзор хезад, бад-ин гуна падид ояд, ки асабҳо то андозае ба истирхо гирифтор шаванд, вале он то ба дараҷаи фалаҷ нарасад ва бинобар он [афзор] ҳангоми ҳаракат додан худро нигоҳ доштан натавонад, чунонки ҳангоми бисёр ошомидани [шароб], думодум маст шудан, бисёр ошомидани оби сард ва ё бемаҳал ошомидани он чунин бувад. Гоҳе чунин бошад, ки андар асабҳо ба иллати пурии зиёд, ки сабабҳои он маълуманд, яъне ба хом мондани таом ва варзиш накардан вобаста аст, судда падид ояд ва бинобар он қувват ба таври пурра [ба сӯи андом] гузаштан натавонад. Моддаи суддаоваранда ё чизи аз [девораҳои] маҷроҳо кандашудаест, ки андар онҳо ҳаракат карда истода, гоҳе ба гузаштани қувва роҳ диҳад ва гоҳе нагузорад ва ё чизест, ки албатта, кандашуда нест. Гоҳе [раъша] аз он бошад, ки афзор бихушкад ва аз хаму рост шудан ба таври озодона сар бипечад.
Аммо [осеби] муштарак ба афзор зиёне оварад, ки он боиси зиён дидани қувват гардад, чунонки [афзорро] аз сардии сахти беруна, ё аз газидани ҷонваре, ки аз ягон хилте ва ё аз гармии сахте, масалан, ба ҳангоми сӯзиш ва ғайра осебе бирасад ва баробари он қувват [ҳам] ба осеб гирифтор ояд. Ё қувватро ба алоҳидагӣ осеби хосси он ва андомро ба алоҳидагӣ осеби хоссаш буда ориз бигардад ва ҳар ду зиён ба ҳам созанд.
Раъша гоҳе андар ҳамаи андомхо, гоҳе андар дастҳо, гоҳе танҳо андар сар ба ҳасби расидани офат ба ин ё он мушак падид ояд.
Гоҳе раъша аз баҳри он танҳо андар дастҳо падид ояд, на андар пойҳо, ки сабаб на андар буни ҳароммағз, балки андар он шохаҳои асабе ҷой дорад, ки ба сӯи дастҳо омада расидаанд ва ё ин ки сабаб на андар буни ҳароммағз ҷой дошта, лекин [ҳароммағз] онро ба маҳалли наздиктар ва ба бари аз ҳама наздик биронад. Табиат ҳароммағзро намегузорад, ки он сабаб андар вай гузашта, то дуртарин ҷои он бирасад. Ё аз баҳри он чунин бошад, ки рӯҳи ҳаракатдиҳанда андар бахши фурӯсӯи тан қавитар ва шадидтар бувад, чаро ки ин андомҳо ба чунин [рӯҳ] эҳтиёҷ доранд. Бинобар он ин [рӯҳ] аз сабабҳое,
ки чандон қавӣ нестанд, сахт мутаассир нагардад ва агар афзор мутаассир бигардад, онро фурӯ нишондан битавонад. Аммо даст чунин нест.
Сабаби ғолиб андар падид овардани раъшаи хушк ё сардиест, ки асабу рӯҳро якҷоя заиф созад ва ё рутубатест андар афзор, ки сустӣ оварад, вале ин на ба андозаи сустиоварии рутубате бирасад, ки бавуҷудоварандаи фалаҷ аст. Буқрот гуфтааст: «Ҳар киро ҳангоми таби сӯзон раъша падид ояд, парешонақлӣ онро бартараф хоҳад кард».
Ҷолинус ба ин ҳукм розӣ нест, вале ин на аз ҷумлаи чизҳои беасос бувад.
Бидон, ки мушкилтарин раъша онест, ки зимистон аз паҳлуи чап хезад. Раъшаи пирон бо муолаҷа бартараф намегардад.
Нишонаҳо: [Нишонаҳои раъша] худи сабабҳои ёдшуда буванд, ки онҳо маълуманд.
Илоҷҳо: Он корҳоеро кунанд, ки андар дигар бобҳо гуфта омаданд, масалан: судда бикшоянд; истирхо бартараф кунанд; истифроғ оваранд; асабҳоро тақвият диҳанд; агар ба тарифизоӣ эҳтиёҷ бошад, тарифизоӣ кунанд; инчунин агар [раъша] ба нотавонии аз ягон беморӣ баамаломада вобаста бошад, қувватро ҷоннок кунанд; агар ба сабаби сардии ногаҳонӣ ва ё [сардии] ошомидание ба амал омада бошад, гармифизоӣ кунанд; агар лозим бошад, фишурдан, молидан ва афшондан ба кор баранд. Ба дастуре, ки андар «Қонун» баён ёфтааст, бо обҳои гармчашмаҳо [55], масалан, бо оби натрунӣ, оби зирнихӣ, оби мумиёӣ ва оби гӯгирд [беморро] оббозӣ доронанд.
Оби дарё низ судманд аст.
Агар сабаби [раъша] оби сард бошад, бо натрун ва хардал гармибандӣ кунанд ва равғани қуст бимоланд. Агар сабабаш хамри бисёр ошомидан бошад, истифроғ оваранд, равғани хиёри даштӣ ва ҳар чизи ба равиши он бударо ба кор баранд ва пайваста равғани беда бимоланд. Равғани девсипист андар ин бобат хосияти аҷибе дорад. Агар як худи бедаи тарро зимод кунанд, низ [судманд бошад]. Агар [раъша] аз хилтҳои нуфузкунанда ва ё ситабр ба амал омада бошад ва ё агар иллат устувор гардида бошад, бояд ба гузоштани миҳҷама бар муҳраи якум пардохт ва бояд [бемор] андар обзани равғани гармкарда ва пухтакови ҷонвароне, кн андар боби фалаҷ, ташаннуҷ ва кузоз ёд шудааст, нишинад. Ниҳоят (107) ба [бемор] гунди бедастар бо шароби ангубинӣ ва ёраҳои бузург бидиҳанд.
[Низ] ҳаббе бояд ошомонид, ки аз судоб ва усқулуфандариюн сохта шудааст. [Чунин беморонро] мағзи харгӯш сахт судманд аст ва бояд онро бирён карда бихӯранд. Яке аз чизҳои барои каси ба раъша гирифтор судманд ин аст, ки ба ӯ шароби ангубин бо обе дода шавад, ки андар он донаи хитмӣ ва ним уқия барги домомун (даҳдору) ҷӯшонида бошанд. Инчунин ба [чунин беморон] фишурдаи алафи гулӯдардро бо об бидиҳанд ва айни илоҷҳои истирхоро ба кор баранд.
Агар раъша ба таври махсус андар сар бошад, барои [ин гуна касон] чунин илоҷ санҷидашуда аст: як ё ду дирам устухудусро ё танҳо ва ё бо ёраи фиқро ба шакли ҳабб ва ё андар шароби ангубин ниҳода, ба кор баранд. Низ барои эшон дар ҳар даҳ рӯз як бор аз як то якуним дирам ҳабби қуқиё ошомидан санҷидашуда аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор