Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гоҳе хилти омосангез андар худи чашм зода шавад ва гоҳе ҳамчун назла аз мағз аз роҳи пардаи берунии устухони сарро пӯшида ва ё аз роҳи пардаи андарунӣ ба сӯи чашм ояд ва хулоса аз мағз ва ноҳияҳои он [бад-ин ҷой бирасад], чунки ҳар гоҳ андар мағз моддаҳои бисёре фароҳам оянду он ҷойро пур кунанд, чашмро агар [ниҳоят] қавӣ набошад, ҷабран ба омосидан бикашанд. Гоҳе агар андар шараёнҳои чи дарунӣ ва чи берунӣ фазлаҳо зиёд гарданд, маҳз онҳо фазлаҳои хешро ба сӯи [чашм] бифиристанд.
Гоҳе мумкин аст модда на аз ягон ноҳияи мағз ва сар [ба сӯи чашм] ояд, балки мумкин аст аз андомҳои дигаре бадон сӯй бирасад. Ин хусусан ҳангоме бошад, ки агар чашмон ба бадмизоҷӣ гирифтор шуда, аз он нотавон ва пазирои офатҳо гардида бошанд. Андар ин ҳолат маҳз худи [чашм сабабгори] ба сӯяш рехтани фазлаҳо бувад.
Гунае аз омоси чашм ба ҳасби давраи рехтани модда ва вақти зода шудани он дорои давраҳову навбатҳо аст.
Шиддат ёфтани дард ҳангоми омоси чашм ё ба иллати хилти газандаест, ки табақаҳои [чашмро] бихӯрад, ё ба иллати хилти зиёдест, ки тамаддуд оварад ва ё ба иллати бухори ситабр бувад. Ба ҳасби дигаргунии инҳо дард ҳам дигаргун бигардад. Моддаи [сабабгори омос], чунонки медонӣ, ё аз тан, ё аз худи сар ва ё аз рагҳое ояд, ки моддаи бади гарм ва ё сардро ба сӯи чашм бирасонанд. Гоҳе ин [модда] аз худи чашм бошад. Бад-ин гуна, ки ба ёрии хилти андар табақаҳои чашм бандгардида ва ё омоси дер боз андар онҳо вуҷуддошта табақаҳои чашм ба фасодии мизоҷ гирифтор оянд ва ин [фасодӣ] ҳамаи ғизои ба сӯи [чашм] ояндаро ба фасод бикашад.
Ҳар киро чашмаш барҷаста бошад, ба сабаби рутубати чашм ва фарохии масомҳои он бештар пазирои омоси бузургу қавӣ бувад Ҳангоми бархе аз синфҳои омоси чашм ба иллати набудани гувориш ашки сард фаровон ояд. Бисёр бошад, ки омоси чашм ба сабаби дарунрави табиӣ кушода шавад.
Бидон, ки бекорагии омоси чашм ба ҳасби чигунагии модда ва бузургияш ба ҳасби камияти он бувад. Бидон, ки андар кишварҳои ҷанубӣ омоси чашм бисёр бошад, вале зуд биравад. Аммо бисёр падид омаданаш андар [мардумони он ҷой] ба иллати сайлони моддаҳо ва фузунии бухорҳои [тани] эшон буда, зуд шифо ёфтанаш ба сабаби сӯрох-сӯрох будани масомҳои андомҳои эшон ва кушодагии табиаташон аст. Ҳар гоҳ [мардумонро] сармои ногаҳоние бирасад, ба сабаби якбора падид омадани монеа ва қабзкунандаи ҳаракати ҷараёни хилти башӯромада омоси чашм мушкилтар бигардад. Андар кишварҳо ва фаслҳои сард омоси чашм кам ба амал ояд, вале ба душворӣ гузарад. Камияш андар он ҷойҳо ба ором будани хилтҳо (114) ва фишурдагии онҳо вобаста аст ва ба душворӣ гузаштанаш аз барои он аст, ки ҳар гоҳ [хилтҳои омосовар] андар ягон андоме ҳосил гардад, ба сабаби фишурдагии маҷроҳо зуд ҳал нахоҳад шуд ва бинобар ин, онҳо азҳамкашидагии чандон сахте ба амал оваранд, ки пардаи чашм шикофта шавад. Ҳар гоҳ зимистони шимолӣ гузараду аз пасаш баҳори ҷанубии серборон ва тобистони тӯлонӣ ояд, омоси чашм зиёд бигардад. Агар зимистон гарми ҷанубӣ буда, танро аз хилтҳо пур кунад ва аз пасаш баҳори шимолӣ омада, хилтҳоро банд бигардонад, низ чунин бувад. Тобистони шимолиро, хусусан агар баъди зимистони ҷанубӣ ояд, омоси чашм бисёр бошад. Гоҳе [омоси чашм] андар тобистоне бисёр бигардад, ки баҳораш ҷанубии хушк ва зимистонаш шимолӣ бошад. Танҳои сахтро ба кишварҳои шимолӣ ва танҳои нарми ковокро ба кишварҳои ҷанубӣ қиёс кун. Чунонки кишварҳои гарм боиси омоси чашм бигарданд, гармобаи ниҳоят гарм низ ҳамчунин буда, агар одам андар он бидарояд, мумкин аст, ки ба омоси чашм гирифтор шавад.
Бидон, ки ҳар гоҳ омоси чашм ва дигаргунии ҳоли чашм бо вуҷуди муолаҷаи хуб ва поксозии расо боқӣ бимонанд, сабаби ин моддаи баде бувад, ки андар чашм банд гардида, ғизоро табаҳ ҳамесозад ва ё назлаҳое бошад, ки чунонки собиқан баён кардем, аз мағз ва сар фуруд оянд.
Нишонаҳо: Бидон, ки бархе аз дардҳои андар чашм падидоянда хӯрандаи газанда ва бархе азҳамкашандаанд. Дардҳои газанда бар табоҳии кайфияти модда ва тезии он ва азҳамкашанда бар бисёрии модда ва ё бар бод далолат кунанд. Омоси чашми аз ҳама зуд ба охиррасанда омосест, ки беш аз ҳама ашковаранда ва газандагияш аз ҳама сахттар бошад. Аз ҳама дергузарандаи он аз ҳама хушктари он бувад. Рими хушки чашм бар пухтагӣ ва ё бар ситабрии модда далолат кунад. Он риме, ки баробари сабук будани ҳамаи аразҳо, ба ҷуз гаронии чашм, зуд ҳамеояд, далели ситабрии модда аст ва он риме, ки ҳамзамон бо пухтагӣ ояд, баробари он андар ибтидо чашмро андаке сабукӣ ҳосил шавад ва зуд ба таҳлил биравад, сутуда аст. Оне, ки донаҳои хурд дорад,бар некӣ камтар далолат кунад, зеро хурдии донаҳои [рим] далел бар оҳистагии пазиш бувад. Ҳар гоҳ пилкҳо ба часпидан оғоз кунанд, [далели он бошад], ки вақти пазиш расидааст, чунонки то даме сайлони обӣ ҷой дорад, далели [давомнокии марҳалаи] ибтидоии [омос] бувад.
Баъди ин бигӯем: Тирагии чашмро аз тариқи сабукии он, сабаби он ва набудани [59] омоси беруна бишиносанд. Ба он қисм аз омоси чашм, ки ба анбозии сар падид ояд, сардард ва саргаронӣ далолат кунанд. Агар роҳи назла аз мағз то чашм аз пардаи берунаи сарро пӯшонида гузарад, пешонӣ азҳамкашида ва рагҳои беруна дамида гардида, дамидагӣ ба сӯи пилкҳо бишитобад ва андар пешонӣ сурхиву тапиш ба амал ояд, вале агар [назла] аз пардаи андарунӣ гузашта ояд, чунин нишонаҳо падид наоянд, балки атса ва хоридани кому бинӣ зоҳир бигардад. Агар [омоси чашм] бо анбозии меъда ба амал ояд, маниши гаштан ва тоса ӯро ҳамроҳӣ кунанд ва нишонааш хилти андар меъда будааст.
Бар омоси хунии чашм ранги чашм, пурии рагҳо, дил задани гижгоҳиҳо ва дигар нишонаҳои хун андар ноҳияҳои мағз далолат кунанд. Бисёр ашк наояд, балки чашм рими хушк гирифта, ба ҳангоми хоб пилкҳо бо ҳам бичаспанд. Бар [омоси] сафровии чашм халидани сахт, дарди сӯзандаю афрӯзандаи қавӣ, сурхии кам ва рафтани ашки тунуки тез гувоҳӣ диҳанд. Гоҳе мумкнн аст реш падид ояд ва ё мисли омоси хунӣ бе ашк буда, вале пилкҳо ба ҳангоми хоб бо ҳам начаспанд. Бад-ин ҷинс сурхбоде бидарояд, ки чашмро гирифтор ояд ва он яке аз хуроҷҳои палид159 бувад. Гоҳе ин мумкин аст чашмро бисӯзонад ва реши хазандае андар он падид оварад.

пешина
аз 1215
навбатӣ