Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҷинсе аз омоси сафровии чашм хоришноки хушк буда, ҳангоми он сурхию рими хушк камтар буванд ва на ҳаҷми варами он ва на сайлонаш ба андозае бирасанд, ки қобили эътибор бошад. Ин [омос] аз моддаи ками тез бархезад.
Бар омоси балғамии чашм гаронии зиёд, гармии кам ва сурхии ночизе гувоҳӣ диҳанд. Гузашта аз ин ба ҳангоми ин [омос] сафедӣ фармонравоӣ кунад, ҳангоми хоб рими хушку часпидани пилкҳо ба амал оянд. Ҳамроҳи он бодгирифтагӣ зоҳир шавад ва рӯй андар ранг бо он анбозӣ дошта бошад. Агар саргаҳи ин [омос] меъда бувад, худованди онро маниши гаштан падид ояд. Гоҳе омоси балғамӣ ба ҳадде бирасад, ки бар асари бузургии варам табақаи пайвасткунанда ба сиёҳӣ печад, вале сурхии ниҳоят намоён ба амал наояд ва ҳамроҳи он на обравӣ, балки рими хушк ҷой дошта бошад. Аз омоси савдовии чашм гаронию тирагии ранг, хушкидагӣ, дер давом кардан ва кам ба ҳам часпидани [пилкҳо] гувоҳӣ диҳанд. Аммо ҳангоми омоси бодии чашм танҳо азҳамкашидагӣ аз ғайри гаронию сайлон падид ояд ва гоҳе мумкин аст азҳамкашидагӣ боиси сурхӣ бигардад.
Илоҷи тирагии [чашм]: Ҳангоми [муолаҷаи] тирагӣ ва он гунаҳое аз омоси сабуки чашм, ки ба равиши тирагӣ буванд, мумкин аст қатъ намудани сабаб кифоят кунад. (115) Агар ба сабабе вобаста бошад, ки аз пурии хун ва ё ғайри хун ба амал омада бошад, ба истифроғ бипардоз. Гоҳе аз ҳаракат боз доштани чашм ва чаконидани шир, сафедии хояи мурғ ва ғайра андар он басанда буванд. Агар тирагӣ аз сабаби кӯфтагӣ бошад, андар чашм хуни гарми аз болҳои кабӯтар гирифта, ё хуни ғайри [кабӯтар] ва ё хуни худи [беморро] бичаконанд. Гоҳе мумкин аст бо исфанҷ ва ё пашминаи андар матбух ва ё равғани гул ва ҷӯшонидаи наск оғушта гармибандӣ кардан ва ё андар чашм чаконидани шири гарм аз пистони занон кифоят кунад.
Агар ин кор суд набахшад, он гоҳ ҷӯшонидаи шанбалит ва шиёфи сафед ба кор бибаранд.
Он тирагиеро, ки аз сардӣ ориз шуда, ҳанӯз ба омосу варам табдил наёфта бошад ва ё агар сару тан гирифтори пурӣ набошанд, гармоба судманд хоҳад буд. Аз ин гуна [тирагӣ] бо ҷӯшонидаи бобуна гармибандӣ кардан ва се соат баъд аз таом шароби латиф ошомидан суд дорад. Яке аз муолаҷаҳои судманд аз барои [тирагие], ки ё аз офтоб, ё аз сардӣ ва ё аз дигар чизҳо ба амал омадааст, аз паси ошомидани шароб хоби дароз рафтан бувад.
Ҳангоми он навъ аз омоси чашм, ки ба сабаби гар ориз шуда ва сабук бошад, нахуст бояд гарро бирезонд ва сипас омосро муолаҷа кард. Гоҳе мумкин аст, он баъд аз суда, резондани гар худ ба худ беҳ шавад. Агар ин гуна омоси чашм ба андозае бузург бошад, ки бардошти пардохтан ба тадбири гаррезонӣ надошта бошад, ба оҳистагӣ нарм кардану поксозиро ба кор бибар, то ба ҳоле ояд, ки қобили бардошти иҷрои тадбири гаррезӣ бошад.
Фасли ҳафтум андар баёни муолаҷаи муштараки гунаҳои омоси чашм ва рехтани назлаҳо ба сӯи чашм

Қонуни муштараки тадбири омоси моддии чашм ва
дигар бемориҳои моддии он ин аст, ки ғизоро кам ва сабук кунанд, чизе ихтиёр кунанд, ки хилти сутуда бизояд, аз ҳар чизи бухоровар, аз ҳар гуна чизи бадгувориш, аз ҷимоъу ҳаракат ва равған молидани сар парҳез кунанд, аз чизҳои туруш, шӯр ва тез худдорӣ намоянд, табиатро пайваста нарм бидоранд ва аз қифол хун бигиранд, ки ин барои ҳамаи навъҳои [омоси чашм] созгор бувад. Бояд чашми гирифтори омос бар сафедӣ ва бар равшанӣ наафтад, балки ҳар чи ки барои [бемор] густурда шудааст ва атрофи ӯро иҳота кардааст, бояд сиёҳ ва сабз бошад ва бар рӯяш порчаи сиёҳеро бикашад, ки пеши чашмашро бигирад. Ба ҳоли беморӣ порчаи сиёҳ ва ба ҳоли беҳ шудан порчаи осмонгунӣ [хуб аст]. Бояд хонае, ки андар он [бемор] сукунат дорад, ториктар бошад. Бояд хоби ӯро овард, зеро хоб дармони хубест. Мӯйро нагузошт, ки дароз шавад, зеро ин аз барои омоси чашм сахт зиён дорад, вале агар мӯй аслан ба ҳоли хеш гузошта шавад, ин аз он ҷиҳат судманд бошад, ки рутубатҳоро барои ғизои хеш ба худ кашида хушк созад. Агар хусусан андар марҳалаи ахири омос тан пок бошад ва хилти баамаловарандаи омос андар рагҳо падид омада буда, аз ҷинси хуни ситабр бошад, гармоба кардан аз барои тунук сохтани модда ва ошомидани шароби холис аз барои беҷо сохта, берун овардани [модда] судманд буванд. Гармоба баъд аз истифроғ, хусусан ҳангоме ки дардро бо гармибандӣ ором карда бошанд, барои омоси чашм беҳтарин дармон бувад.
Яке аз чораҳое, ки ба ҳангоми омоси чашм ва дигар бемориҳои моддии чашм бояд андешид, болини баланд гузоштан ва аз паст ниҳодани сар ҳазар кардан аст. Бояд равғанро аз сари ба омоси чашм гирифтор дур дошт, чунки ин барои ӯ сахт зиёновар аст. Чаконидани ҳар гуна равған андар гӯш, агарчи равғани бодом бошад ҳам, зиёни ниҳоят бузург дорад ва мумкин аст омоси чашмро бузург гардонида, боиси фишурда сохтани табақаҳои [чашм] бигардад.
Агар модда аз ягон андоме фиристода шуда бошад, бояд он андом ба кадом роҳе, ки набошад, хоҳ бо раг задан, хоҳ ҳуқна рехтан ва хоҳ ғайри инҳо, истифроғ оварда шуда, моддаро ба сӯи муқобил бикашанд. Гоҳе мумкин аст задани раги қифол кифоят накунад ва эҳтиёҷ ба задани шараёни гижгоҳӣ ва ё гӯш биафтад, то он роҳе, ки аз он модда ҳамеояд, бурида гардад. Ин корро ҳангоме кунанд, ки модда аз шараёнҳои берунӣ ба сӯи чашм ояд. Агар ин шараёнҳоро буридан бихоҳанд, боистӣ сарро тарошида, бингаранд, ки кадом аз он [шараёнҳои] хурд бузургтару ҷаҳандатар ва гармтар бошад, онро бибуранд. Агар он чиро, ки боз мекунанд, аз ҷумлаи [шараёнҳои] хурд, на бузург бошад, бояд онро ҳарчи хубтар аз бех бибуранд. Гоҳе мумкин аст шараёни бар гижгоҳӣ бударо бибуранд. Баъд аз ихтиёр кардан ба гунаи ёдшуда ва бузургтару гармтари шараёнҳои хурд будани шараёни ихтиёргардида бояд онро нахуст бишикофанд ва сипас бибуранд. Бояд пеш аз буридан бахши фурӯтари онро бо риштаи абрешимӣ сахт ва ба муддати дароз бибанданд ва онро ба ҳоли бастагӣ нигоҳ дошта, бахши сипасии бастагиро бибуранд. Чун ин [раги] бурида ба гандидан бигарояд, равост, ки бандро бикушоянд. (116) Ин кор ҳангоме мавриди эҳтиёҷ аст, ки раг аз ҳама бузургтар бошад, вале агар хурд бувад, ба як бор амиқ буридани он кофист, то хуни андар он буда бирезад.

пешина
аз 1215
навбатӣ