Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Чунонки пеш аз ин гуфтем, рими хушкро бояд чунон бо эҳтиёт пок кард, ки чашм ранҷ набинад, зеро поксозии рими хушк дардро сабук кунад, чашмро бизудояд ва барои кора кардани доруҳо имконият фароҳам оварад.
Гоҳе шиддат ёфтани дард ба истеъмоли доруҳои карахткунандае аз қабили фишурдаи луффоҳ, коҳу, хашхош ва андаке аз тутум маҷбур кунад, вале чандон ки битавонӣ, инҳоро ба кор набар. Агар чизе аз инҳоро ба зарурат ба кор бурданӣ шудӣ, бо эҳтиёт ба кор бар. Агар битавонӣ, ки сафедии хояи мурғро андар оби хашхош ҷӯшонида, омехта ба кор бибарӣ, чунин кореро бикун.
Мумкин аст туро чунин лозим ояд, ки бо он шанбалит ҳамроҳ кунӣ, то ки он аз тариқи таҳлил овардан дардро оромтар кунад ва инчунин офати доруҳои карахткунандаро ҳал намуда, аз байн бибарад.
Агар модда тунуки хӯранда бошад, ба ақидаи ман ба кор бурдани афюн ва дигар доруҳои карахткунанда боке надорад, зеро ин кор шифо бахшад ва баъд аз худ дарде ба ҷой нагузорад. Бо вуҷуди ин бояд муътақид буд, ки истеъмоли онҳо аз ҷиҳати зиён доштан ба чашм макрӯҳ аст. Вале [истеъмоли] афюн ба ҳангоми он гуна дардҳое, ки аз моддаи хӯранда, на аз моддаи азҳамкашанда бархостаанд, зуд шифо бахшад.
Илоҷи сӯзиш часпоиш, сардӣ ва латифӣ овардан аст ва илоҷи азҳамкашидагӣ бо доруҳое, ки ҳар кадомро андар ҷои хеш ёд хоҳем кард, таҳлил овардан ва моддаро ба дигар ҷой гузаронидан бувад.
Ҳар гоҳ иллат доманадор бигардад, аз ду гӯшаи дарунии чашм хун бигир ва шараёни паси гӯшро бизан. Чунонки борҳо гуфтем, худовандони омоси чашм ва худовандони назлаҳои ба сӯи чашм оянда боистӣ аз равған кардани сар ва чаконидани равған андар гӯш парҳез кунанд.
Ҷумлаи муолаҷаи омоси чашм мисли дигар омосҳо нахуст аз пас гардонидани модда ва дуввум аз ҳал сохтани [он] иборат аст, вале аз барои худи андом шуда андар ин кор эҳтиёти бештаре тақозо карда мешавад. Яъне доруе, ки моддаро мағлуб карда, пас бигардонад ва ё доруе, ки ҳал намуда, зудоиш биоварад, бояд сахтрасанда, дардоваранда ва падидоварандаи дуруштӣ набошад. Ин мурод танҳо вақте ҳосил мешавад, ки гирандагии доруе, ки пасгардонандаи [модда] аст, муътадил ва газандагии он чи ки ҳалкунанда аст, сабуктар буванд, балки беҳтар он аст, ки андар он хушккунандагии бегазандагӣ бошад. Бояд таъсири сахти он бо омехта кардани мисли сафедии хоя ва шири зан шикаста шавад ва ширро ҳангоми молидани шиёфи ба чашм кашидашаванда бар вай бидӯшанд.
Агар модда ба истифроғ берун карда шуда бошад ва дардҳо андар ғояти сахтӣ набошанд, шиёфи ба «якрӯзӣ»
маъруфро бо зардии хоя барин чизҳо омехта, ба кор бибар ва шубҳае нест, ки бемор худи ҳамон рӯз шифо хоҳад ёфт ва бегоҳаш метавонад ба гармоба биравад. Он чи ки аз модда боқӣ мондааст, бо мисли шиёфи сунбулӣ онро ҳал кунанд.
Гоҳе вақт чунин тақозо кунад, ки аз шиёфи истифтиқон рӯзи якум миқдори каме ва рӯзи дуввум бештар аз он бибӯёнанд ва бо ҳамин [бемор] шифо ёбад. Агар модда ҳангоми омоси пешомадаи чашм аз таҳлил рӯй битобад, мумкин аст, ки [ба истеъмоли] фишурдаи хиёри даштӣ барин доруҳо эҳтиёҷ пайдо кунӣ.
Илоҷи омоси сафровию хунии чашм ва сурхбод: Тадбири муштараки омоси чашме, ки сабабаш моддаи сафровӣ (118) ва ё хунист, раг задан ва истифроғ кардан бувад, зеро агар хун хуни гарми сафровӣ ва ё сабаб танҳо худи сафро бошад, баробари раг задан бо ҷӯшонидаи ҳалила истифроғ овардан суд дорад ва гоҳе андар он турбид биафкананд. Агар андар он ситабрие ҷой дошта бошад ва бидонӣ, ки модда андар пардаҳои мағз ҷабида шудааст, [мағзро] бояд бо ёраи фиқро қавӣ бигардонӣ. Гоҳе андар ин гуна ҳолат бар [истеъмоли] оби таркардаи сабр кифоят кунанд. Агар андар ин ҳол гармӣ ҷой дошта бошад, обе, ки андар он [сабрро] тар кунанд, бояд оби коснӣ ва ё оби борон бувад.
Андар ҳамаи ин ҳолатҳо бояд бо фишурдаҳои сардиоварандае аз қабили фишурдаи «забони барра», фишурдаи барги бед ва луобҳо чашмро зимод кунанд ва ё ин [фишурдаҳоро] андар он бичаконанд. Сипас бояд сафедии хояро бо шири хар ва ё танҳо [ба кор бибаранд].
Баъд аз он шиёфи сафед ва дигар шиёфҳоеро [ба кор баранд], ки андар [зимни доруҳои] пасгардонандаи [модда] ёд хоҳем кард. [61] Вале ин корро ба андозае нарасон, ки боиси зич шудани табақаҳои чашм, дар мондани модда ва шиддат ёфтани дард бигарданд.
Ҳар гоҳ аз тариқи истифроғ кашидан ва пас гардондан моддаро боз доштӣ, пас, ба тадриҷ доруҳои пазонандаро ба кор бар. Бояд онҳоро нахуст бо доруҳои боздорандаи модда омехта ва сипас холис ба кор бурд. Бояд нахуст тунук карда шуда ва бо ягон чизе аз қабили гулоб омехта бошанд. Ширҳо дорои қувваи пазонандаанд ва андар луоби тухми аспғул ба изофаи боздорандагӣ як андоза пазонандагӣ низ ҳаст, вале луоби донаи биҳӣ беш аз он пазонанда бувад. Оби шанбалит пазонандаи хуб ва фурӯнишонандаи дард бувад ва он аз миёни доруҳои пазонанда нахустин доруест, ки бояд [муолаҷа] аз он оғоз карда шавад. Вайро хосияти кашидан нест.
Агар эҳтиёҷ ба ситабр гардонидани кадоме аз инҳо пайдо шавад, бояд бо луобҳо [ситабр гардонида] шавад ва ё агар ба сардгардонидан эҳтиёҷ афтад, бояд онро бо фишурдаҳо [сард гардонид]. Ба ҳангоми оғози омоси гарми чашм ва интиҳои он фишурдаи дарахтеро санҷидаанд, ки ба юнонӣ «итото» ва ба форсӣ «ушак» номанд160 ва он ба иллати ба хосият таъсири қавӣ доштан созгор будааст. Гоҳе ин фишурдаҳоро бигузоранд, то баста бигарданд ва [бо ҳамин намуд] онҳоро нигоҳ доранд. Сипас аз амсоли ин гуна доруҳо гузашта, ба истеъмоли ҷӯшонидаи шоҳафсаре бипардозанд, ки андар он анзарути сафед ва хусусан бо шири зан ва ё хар парваридаи онро афканда бошанд. Ҳар гоҳ [беморӣ] ба паст шудан рӯй оварад, ҳангоми ба кор бурдани доруҳои ҳалкунанда чизҳои қавитареро ба он изофа кунанд. Масалан, анзарутро андар оби шанбалит ва бодиён карда, [ба кор баранд] ва бо обе гармибандӣ кунанд, ки андар он заъфарон ва мурро ҷӯшонида бошанд.
Агар бидонӣ, ки мағз пок шудааст, гармоба ба кор бибар ва якчанд соат баъд аз таоми кам ба [бемор] ба миқдори андаке аз шароби холиси қавии куҳан бидеҳ.

пешина
аз 1215
навбатӣ