Қонуни тиб

Агар баъди он бо оби гарм гармоба ва ё гармибандӣ кунанд, ин бештар судманд бошад. Инчунин шиёфҳоеро ба кор бибар, ки аз барои паст сохтани омоси чашм ва ба охир расонидани он андар Қарободин ёд ва тавсиф шудаанд.
Агар модда хунӣ бошад, баъд аз раг задан бояд миҳҷама гузорӣ, дасту пойро пайваста бимолӣ ва онҳоро [ҳангоми ин беморӣ] сахттар аз ҳангоми [дигар бемориҳо] бибандӣ. Андар оғози кор фишурдаҳои ёдшударо ба кор бибар, сипас бо онҳо мағзи нон ҳамроҳ кун ва баъд аз ин нонро андар майпухта тар сохта, бо он омехта кун.
Агар сӯзиш шиддат ёбад, мумкин аст зарурати бо ин каме афюн омехтан ба миён ояд. Агар модда сафровӣ бошад, баъд аз раг задан бояд бо чизҳое истифроғ биоварӣ, ки сафро берун кунанд ва бо оби хуш гармоба карданро ба кор бибар. Гоҳе мумкин аст бар сару чашм рехтани оби сард бештар созгор бошад ва гоҳе рӯйро бо оби сарде бишӯянд, ки каме сирко бо он омехта бошанд ва ин суд хоҳад бахшид. Бояд ба ҳангоми [омоси] сафровии [чашм] андар аввал бояд бештар ба истеъмоли доруҳои гиранда ҷуръат кард, вале на ба ифрот. [Инчунин] шиёфҳои гирандаро андар фишурдаҳо гудохта ба кор бибаранд.
Аммо ба ҳангоми сурхбоде, ки аз ин ҷумла аст, бояд баъд аз истифроғ овардан бо доруҳои исҳоловарандаву ҳуқнаҳо бар вай зимодҳое гузошта шаванд, ки аз пӯсти анори бар болои лахча пухта ва андар майпухта ва ё ангубин судашуда сохта бошанд ва пайваста бо исфанҷи гарм гармибандӣ кунанд. Бо орди говдона ва гандум, ки бо шароби ангубин пухта шудааст ва ё бо бехи ордкардаи савсан зимод ниҳодан [низ] судманд аст. Бояд чашмро пайваста бо шир бишуст ва пайваста сардибандию тарбандӣ намуд, вале танҳо ба як сардиоварандаҳо кифоят кардан кор дер бикашад ва кундӣ оварад. Ҳар гоҳ иллат ҳал шуда, вале сурхӣ боқӣ бимонад, бояд бо зардии хояи бирёнкарда ва бо заъфарону ангубин совида ва ё бо дигар доруҳое зимод биниҳӣ, ки аз барои сурхбод андар Қарободин навишта шудаанд.
Илоҷи омоси сарди чашм: Ҳангоми омоси чашме, ки аз моддаҳои сард бархоста бошад, боистӣ хилти сард истифроғ карда шавад ва гоҳе чи аз тариқи ошомидан бошад, чи хуқна рехтан ва чи ғарғара кардан, (119) мумкин аст эҳтиёҷ ба такрор намудани он биафтад. Бояд оғози муолаҷа ба ёрии доруҳои пасгардонандае бошад, ки мисли мурр ва анзарут начандон сард, вале дорои хусусияти каме латифифизоӣ буванд. Агар шиёфи сунбулро ҳамроҳи бархе аз обҳои муътадил ба кор бибарӣ, созгор аст. Агар андар табақаҳои ҳадақа ягон офате набошад, оберо бар чашм бикаш, ки андар он заъфарон, қалқадис ва ангубин ҷӯшонида бошанд. Андар оғози [омос] ва хусусан агар роҳи модда аз тариқи пардаи берунии [сар] меомада бошад, бояд бар пешонӣ қалқадис молид. Ҳамчунин агар рӯй бо обе шуста шавад, ки андар он қалқадис гудохта бошанд, бад нест. Агар андар оғоз бар пилкҳо тарёк, гӯгирд ва зирних бимоланд, хуб аст ва ошомидани тарёк низ судманд бувад. Андар ин ҳол барги беданҷир ба шакли кӯфта ва сиришта бо замч ва барги хитмӣ ба шакли андар шароб ҷӯшонида санҷидашудаанд. Мо андар Қарободин қурсҳоеро ёд хоҳем кард, ки
аз барои молидани пилкҳо созгоранд. Оби шанбалит ва луоби зағир яке аз он чизҳоеанд, ки ҳангоми омоси сард андар чашм чаконидани онҳо судманд бувад. Баъд аз инҳо [андар манфаат] шиёфи сурхи нарм, шиёфи сурхи бузург, шиёфи ломархиёно,161 анзарути андар фишурдаи барги кабар таркарда ва зимоди танҳо барги кабар биистанд. Барои ҳамаи чунин [беморон] тадбири латиф кардан, ба кор бурдани гармоба ва шароби сафеди холис нофеъанд.
Фасли ҳаштум андар илоҷи вардина
Ҳар омоси чашме, ки вардина гардида бошад, илоҷаш истифроғ, раг задан ва ҳиҷомат кардан бувад. Гоҳе эҳтиёҷ ба берун кашидан ва боз кардани шараён биафтад.
Агар аз омоси гарм падид омада бошад, аз ҳама сӯй истифроғ намуда, аз рагҳои сар хун гирифта бошӣ ва ҳиҷомат карда бошӣ, сипас бояд аз миёни доруҳои пасгардонандаи [модда] мисли шиёфи сафед ва фишурдаҳои нармкунандаи сард барин чизҳоро ба кор бибарӣ. Аммо аз берун зимодҳое аз қабили заъфарон, барги кашниз ва шоҳафсар бо зардии хоя ва нони андар рубби ангур таркарда [ба кор баранд]. Гоҳе мумкин аст эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки бо ин [доруҳо] каме аз доруҳои карахткунанда биомезанд. Тилоҳоро низ аз мисли инҳо ва аз момисо, ҳузаз ва сабр [бисозанд].
Чизе, ки аз барои ин [беморӣ] санҷида шудааст, ин аст, ки зардии хояро бо пиҳи хирс гирифта, аз ҳар ду марҳам бисозанд ва андар порчае ниҳода, бар чашм бигузоранд. Ҳамчунин гулро андар ширинии ангур тар карда, сипас бо зардии хоя бисованд162 ва бар [чашм] биниҳанд.
Агар дард шиддат ёбад, андар чашм чаконидани заъфарони суда бо шир ва фишурдаи кашниз нофеъ аст. Ҳангоми вардина ба кор бурдани илоҷҳои беруна дӯстдошта бувад. Агар ҳолату вақт бардошт кунанд, се рӯз танҳо бо чаконидани шир андар чашм кифоят бояд кард. Пизишкони чашм ҳангоми вардинаи дардноки решшуда бар чашм кашидани анзарут, заъфарон, шиёфи момисо ва афюнро санҷидаанд. Агар вардина баъд аз омоси ситабри сард падид омада бошад, бояд ба зарурат бо ёраҳо истифроғ оварӣ ва луобҳои нармкунандае ба кор бибарӣ, ки аз фишурдаи каранб ва ё пухтаи он сохта шудаанд. Гоҳе чунин зарурат биафтад, ки инҳоро бо оби рӯбоҳразак биомезӣ ва гоҳе эҳтиёҷ бад-он бошад, ки бо мурр ва заъфаронашон биомезӣ.
Илоҷи омоси бодии чашм: Омоси бодии чашмро бо дорурезиҳо, гармибандиҳо ва ба кор бурдани гармоба муолаҷа кунанд. Бо говарс гармибандӣ кардан барои ин [беморӣ] нофеътарини гармибандиҳост. Гоҳе пизишкон роҳи хатарнок пеш гирифта, ҳангоми шиддат ёфтани сӯзиш ба истеъмоли доруҳои карахткунанда иқдом кунанд. Инҳо ҳарчанд дардро дар ҳол ором мекунанд, вале баъд аз як соат онро чунон авҷ бидиҳанд, ки аз пештара ҳам сахттар бошад, зеро [ин гуна муолаҷа] бодро аз ҳал шудан боз дорад. [Зинҳор доруҳои ҳалкунандаи латиф ба кор набарӣ].163.
Сухане чанд андар баёни доруҳои мустаъмали омоси чашм: Аммо шиёфи сафед часпонанда, сардкунанда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор